logo

фарҳанг

ЁДНОМАИ ФАРЗАНДОНИ ДИЛОВАРИ ТОҶИК

(Дар ҳошияи китоби Умари Шерхон. Пурдил. – Душанбе: Шарқи озод, 2015. – 448 с.)
Умари Шерхон рӯзгор ва диловарии ҷавонмардони тоҷикро, ки дар размгоҳҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 баҳри дифои Ватан аз фашизми Олмон ҷон дар каф мубориза бурдаанд, мавриди омӯзиш қарор дода, ҳосили онро дар шакли китоб ба табъ расонд.
Ин китоб «Пурдил» ном дошта, аз ду фасл: «Хотира берун аз иродати ҳақ аст» ва «Аз изтироб то нӯшбод» иборат мебошад. Унвони китоб ба мундариҷаи нигоштаҳо ва хислату рафтори қаҳрамонони он басо мувофиқ омадааст. Воқеан, тамоми қаҳрамонони асар ҷасуру далер ва дар роҳи ҳифзи ватан ва ободии он ҷоннисоранд. Инҳо собиқадорони ҷангу меҳнат Неъмат Қарабоев, Исмат Шарифов, Сафар Амиршоев, Ҳаким Мирисматов, Ҳасан Тағоев, Бозори Нағзибек,  Ғаюр Сафаров, Ашӯр Акобиров, Одина Салим ва дигарон мебошанд, ки имрӯз аксарашон дар қайди ҳаёт нестанд. Зумрае дар муборизаҳои зидди душман шаҳид шудаанду зумраи дигар баъд аз ҷанг ба ҳаёти осоишта баргашта, бо меҳнати созандаи худ дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ низ ҷонбозиҳо намудаанд.
Қаҳрамонҳои асар аз деҳоти гуногуни Тоҷикистонанд. Муаллиф дар шинохти онҳо хеле талош кардааст, бо баъзеашон ҳамсуҳбатӣ насибаш гардида, баъзе лаҳзаҳои ҳаёташонро бевосита мушоҳида намуда, дар бораашон маводи зиёди таърихиву ҳуҷҷатӣ ҷамъ овардааст. Бо истифодаи ҳамаи ин имкон нигоштаҳои ӯ ҷанбаи воқеӣ, ҳақиқати ҳол, маълумоти тарҷумаиҳолӣ, факту далелҳои рақамӣ ва оҳанги иҷтимоӣ афзалият пайдо мекунад ва чеҳраи аслии фарзандони шуҷоатманди ватан ҷилвагар мешавад. Дар баробари ин, нигоранда барои ҷолибияти сухан ва муассирии гуфтор аз тасвирҳои публитсистӣ ва мисраъҳои шеърии гуногун истифода мебарад, ки дар хонданбоб гардидани асарҳо бе таъсир намондааст. Ба ибораи дигар, ҳамбастагии воқеияти ҳақиқӣ, асноди таърихӣ ва маърифату тахайюли муаллиф боис гардида, ки ин корнамоиҳо дар шакли образҳои мукаммали публитсистӣ зуҳур ёбанд.
Фасли дуюми асар хусусияти қомусӣ дорад. Дар он доир ба фарзандони диловари тоҷик қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Фатҳулло Аҳмадов, Урунбек Ёқубов, Ҳодӣ Кенҷаев, Неъмат Қарабоев, Ҳайдар Қосимов ва дигарон маълумот дода шудааст. Китоб ба омӯзгорони ҷавон, ки тарбияи насли наврасро ба дӯш доранд, дар роҳи тарбияи ҳисси ватандӯстиву арҷгузорӣ ба меҳнат ҳамчун манбаи пурғановат метавонад хидмат кунад.
«Пурдил» на танҳо аз корнамоиҳо ва ҷоннисориҳои фарзандони диловари тоҷик нақл мекунад, балки баъзе мақолоти он ҷанбаи таҳқиқӣ низ доранд. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки дар баробари ба маълумоти маъмул иктифо намудан иттилооти навро ҷустуҷӯ намояд. Аз ҷумла, мутолиаи китоб нишон медиҳад, ки «Дар ҷанги зидди фашистони гитлерӣ аз Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ҷавонмардон баҳри дифои давлати хеш бархостаанд. Баъди ҷанг наздики 100 ҳазор нафар ба зодбуми хеш барнагаштанд, 66 нафар Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шудаанд, 22 нафар ба се дараҷаи ордени «Шараф» қадр гардидаанд.
Ин асар хусусияти хос дорад, дар он на танҳо бо корнамоиҳои ҷанговарони тоҷик ва комёбиҳои меҳнатии ҷанговарони собиқ шинос мешавем, балки доир ба вазъияти солҳои ҷанг, омодагии ҳарбии артиши шӯравӣ, мафҳумҳои марбут ба артиш, таъсиси мукофотҳои ҷангӣ, тантанаҳои ғалаба, сухани табрикии  пешвоёни артиш ва амсоли ин маълумоти фаровонеро метавон пайдо кард.
«Пурдил»-ро китоби ҷангнома метавон номид, ҷангномае, ки аз шарафу номуси ватандории гузаштагон нақл мекунад, ба корнамоиҳои эшон эҳтиром мегузорад, далериву шуҷоатмандӣ ва бошарафию ҳимматбаландиро талқин месозад, шукргузорӣ ба зиндагии осоиштаро ҳушдор медиҳад.
Мурод МУРОДӢ,
Профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2018    №: 89    Мутолиа карданд: 277

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед