иҷтимоиёт
ҶБВ. ҚИССАИ ЯК ШИНОВАР
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба бисёре аз шиноварон муяссар гардидааст, ки рекордҳои намоён ва корномаҳои бузурги ҳарбӣ нишон диҳанд.
Яке аз беҳтарин шиноварони Иттиҳоди Шӯравӣ дар намуди шиноварии ҳарбӣ бо либосу аслиҳа Борис Озеров амали қаҳрамонона анҷом дод.
Боре, ҳангоми муҳориба байни қароргоҳ (штаб) ва батареяи артиллерӣ иртибот қатъ шуд. Барои фавран барқарор намудани алоқа дарёи тезоби паҳнро бо ғалтаки вазнини сим шино кардан лозим буд. Борис дарёро убур карда, баъд аз чанд дақиқа алоқаро барқарор намуд.
Ҳамин гуна шуҷоатро шиновар Юрий Курилои балтиягӣ низ нишон дод. Ӯ ҷоизаҳои чемпиониро надошт, ҳатто Устоди варзиш ҳам набуд, вале дар марафонҳои шиноварӣ ширкат менамуд. Ҷанг старшинаи калонро дар ҷазираи на он қадар бузург, воқеъ дар 20 километрии Кронштад дарёб кард. Гарнизони ин ҷазираи хурд муваззаф гардида буд, ки гузаргоҳҳои ба самти Ленинград меомадаро ҳифз намояд. Дар лаҳзаи ниҳоят масъултарин, ки мебоист иттилои муҳимро бидиҳанд, радиостансияи ҷазира вайрон шуд. Юрий мутмаин буд, ки дар ин кор ба отряд ёрӣ расонда метавонад ва худ ихтиёран барои интиқоли маълумот ба штаб ҳозир шуд. Ба ӯ лозим омад, ки субҳидам дар оби хунуки баҳр ва тӯфони чаҳорбалла шино кунад.
«Акнун ҳама чиз марбут буд ба ҳунари шиновар, иродаи ӯ, мушакҳои вай. Касе ба ёрии ӯ омада наметавонист. Тавону қувват нарасад – яъне, вай мемурад ва дӯстони ӯ низ ҳалок мегарданд. Мушакҳо тоб наоваранд – баҳр бераҳмона ӯро фурӯ мебарад»- навишта буд рӯзномаи ленинградӣ дар бораи шуҷоату диловарии Курило.
Иҷрои ин кор барои ӯ воқеан осон набуд. Пас аз панҷ - шаш соат шино Юриро рагкашӣ фаро гирифт, сараш чарх зад. Ӯ шиноро қатъ карда, каме дам гирифт, мушакҳоро дар зери об масҳ мекард, ба пушт хоб мерафт, боз ва боз ҳолати баданашро тағйир медод, аммо дард раҳоаш намекард. Курило акнун бо як пой ҳаракатро идома дода, ба паҳлу баргашта, ором - ором шино мекард, аммо соҳил, соҳили наҷотдиҳанда ҳеҷ набуд, ки намудор гардад.
«Наход ин охирин лаҳзаи умр бошад?.. Наход, ки бимирам?» аз худ суол менамуд Курило ва бо дард, баҳр, об сахт мубориза мебурд. Ӯ маъруфтарин, беҳтарин шиноварони дунё ва рекордҳои онҳоро ба ёд меовард.
Билохира, зарфи ҳашт соат Курило қариб 20 километрро дар баҳри Балтик пушти сар гузошта, ба соҳил расид ва қувваи иловагиро даъват карду рафиқонашро наҷот дод.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.05.2018 №: 90 Мутолиа карданд: 555