иҷтимоиёт
ҲУШДОР. ФАРЗАНДОНРО ДАР МАВСИМИ ШИНОВАРӢ ЗЕРИ НАЗОРАТИ ҚАТЪӢ ГИРЕД!
Ҳарчанд мавсими шиноварӣ дар кӯлу дарёҳои мамлакат оғоз наёфтааст, мутаассифона, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 6 нафар бо сабабҳои гуногун ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.
Умеда Юсуфӣ, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки аз ин шумора 2 нафар ҳангоми моҳидорӣ, 2 нафар бо мақсади худкушӣ, 1 нафар бо бемории рӯҳӣ ва 1 нафар бо сабаби номаълум ғарқ ва ҳалок шудаанд. Шумораи ғарқшудагон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як нафар зиёд мебошад.
- Қатъи назар аз он ки аз ҷониби кормандони кумита дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба таври доимӣ гузаронда мешаванд, мутаассифона, ҳамоно ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон ба мушоҳида мерасад. Соли сипаришуда 170 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар кӯлу дарёҳо бо сабабҳои гуногун ғарқ шудаанд, ки 58 нафарро шаҳрвандони то синни 17- сола ташкил медиҳанд. Дар ин давра бо риоя накардани қоидаҳои оббозӣ 42 нафар, садамаи нақлиётӣ 43 нафар, беэҳтиётӣ 24 нафар, беназоратии волидайн 13 нафар, худкушӣ 9 нафар, ҳангоми моҳидорӣ 5 нафар, дар ҳолати мастӣ 4 нафар ва дигар сабабҳо 30 нафар ғарқ шудаанд, - илова кард Умеда Юсуфӣ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ падару модаронро ҳушдор медиҳад, ки фарзандонро дар мавсими шиноварӣ аз ҳарвақта бештар зери назорат гиранд. Дар истироҳатгоҳҳои кӯдакона, ки мактаббачагон вақти таътил ба фароғат фаро гирифта мешаванд, бояд назорат қатъӣ ва доимӣ бошад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.05.2018 №: 90 Мутолиа карданд: 598