logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба ифтихори ҷашни 110–солагии зодрӯзи Шириншо Шотемур, 20 октябри соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо бо шумо - намояндагони аҳли зиё, шахсони барӯманди мамлакат ва меҳмонони арҷманд ба муносибати таҷлили 110 – умин солгарди яке аз муборизони ҷонфидо ва поягузорони давлати миллии тоҷикон, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ҷамъ омадаем. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик мегӯям.
Воқеан, Шириншо Шотемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки дар ибтидои асри ХХ рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он дарк намуда, тамоми қуввату дониш ва нерӯи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. ӯ аз рӯзгори пуртазоду пурихтилоф сабақ андӯхта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш, сиёсатмадори барҷаставу ташкилотчии моҳир ба камол расидааст.
Баррасии аснод ва маъхазҳои мавҷуда нишон медиҳад, ки дар он марҳалаи басо тақдирсози таърихӣ зимомдорони давр ва як зумра шахсони ғаразнок бо ҳамдастии баъзе афроди ноогоҳ ва шахсиятҳои бегонапараст адолати таърихиро поймол намуда, мехостанд дар масоили шинохти миллият ва шумораи аҳолӣ манфиатҳои миллӣ ва иҷтимоиву иқтисодии тоҷиконро пушти по зананд.
Ҳадафи ин сиёсати шовинистӣ аслан тахрибу маҳвсозии асолати миллӣ, инкори ҳастии миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон буд.  Вале як қатор фарзандони огоҳу бедордили миллат, аз қабили Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев, инчунин сарварони сиёсии равшанфикру ватандӯст – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Нисор Муҳаммад ва дигарон дар чунин даврони печидаву сангин ба пуштибонии миллат ва ҳифзи манфиатҳои он бархостанд.Ин шахсони ватандӯсту дурандеш, ки зимоми роҳбариро дар он замон бар дӯш доштанд, бар зидди ҳама гуна равияҳои зиёновари миллатгароиву ҷудоиандозӣ мардонавор мубориза мебурданд ва силсилаи иқдомоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро барои таҳкими арзишҳои милливу суннатии тоҷикон ва бунёди давлату давлатдории мардуми худ амалӣ мекарданд.
Дар байни чунин мардони мубориз Шириншо Шотемур низ дар он даврони ниҳоят ҳассосу пурихтилоф ба хотири ташкили зиндагии нави халқи тоҷик фидокорона заҳмат мекашид ва яке аз фаъолони дигаргунсозии ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба шумор мерафт.
Барпо намудани сохти нави иҷтимоӣ дар он солҳо дар Осиёи Марказӣ бо душворӣ сурат мегирифт. Зеро аз як тараф муҳорибаҳои шадид дар байни қувваҳои гуногун ба рушди ҳаёти нав монеаи ҷиддӣ эҷод карда, аз сӯи дигар қаҳтиву гуруснагӣ ва ҳисси нобоварӣ нисбат ба сохти нави иҷтимоӣ торафт қувват мегирифт.Таҳти таъсири ҷараёнҳои тундрави замона на танҳо пешбарандагони ғояҳои шовинистӣ, балки баъзе намояндагону зиёиёни бегонапарасти халқи тоҷик низ фаъолият мебурданд ва мехостанд мавҷудияти миллати қадимтарини хешро зери шубҳа гузоранд.
Дар чунин даврони душвору пуртазод ва муборизаҳои шадиду хатарноки сиёсӣ Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Нисор Муҳаммад ва ҳамфикрони онҳо ба хотири дифоъ аз манфиатҳои мардуми тоҷик  як силсила иқдомоти ҷавонмардонаро амалӣ карданд. Бузургии ин мардони майдони сиёсат аз он иборат буд, ки онҳо бо ҷасорат тавонистанд дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аз имкониятҳои марҳалаи аввали таҳкими давлати Шӯравӣ ба фоидаи миллати худ истифода баранд.
Дар ин росто бояд гуфт, ки муборизаи тоҷикон барои эҳёи давлату давлатдории худ дар он айём моҳиятан набарди адолатхоҳонаи сиёсӣ буд. Ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки дар он замон муқовимат кардан бо роҳбарони манфиатпарасту гурӯҳҳои миллатгаро хеле душвор буд. Шириншо Шотемур ва ҳамсафони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯтоҳашон тавонистанд заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд.
Дар ин давра як раванди пуршиддати тоҷикбадбинӣ шурӯъ гардида, доираҳои муайян ба ҳар васила мехостанд фаъолияти мактабу таълимгоҳҳоро ба забони тоҷикӣ маҳдуд созанд, нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои дарсиро бо ин забон боздоранд.
Дар чунин вазъи душвору ногувори ҳаёти мардуми тоҷик Шириншо Шотемур бо номаи муфассали худ таҳти унвони «Дар бораи аҳволи маданӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон» ба унвони роҳбарияти ҳамонвақтаи Шӯравӣ муроҷиат менамояд. Ҳарчанд ки ин иқдоми ватанхоҳона дар оғоз беҷавоб монд,  баъдан аз ҷониби Бюрои Осиёимиёнагии ҳизби болшевикон фикру андешаҳои асосноки дар мактуби Шириншо Шотемур баёншуда маъқул дониста шуданд.
Дар он замони мураккабу душвор, ки ҷараёнҳои мухталифи сиёсии миллатгаро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт қувват гирифта буданд, ба таври ошкоро ва боҷуръатона барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик садо баланд кардан аз ҷониби Шириншо Шотемур худ қаҳрамонӣ буд. ӯ ҳамчун роҳбари дурандеш асли инкишофи самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва муносибати байни қавму миллатҳоро дар арҷгузорӣ ва эҳтироми фарҳангу анъана ва урфу одати  халқҳои маскуни минтақа, инчунин таҳкими дӯстии байни онҳо меҳисобид.
Баъди таъин гардиданаш ба вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ Шириншо Шотемур ғояи дӯстии халқҳо ва ҳамаҷониба мустаҳкам намудани онро асоси фаъолияти роҳбарии худ қарор дод. Ин шахсияти далеру равшанзамир ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ дар кадом сатҳе, ки фаъолият мебурд, ба кадом вазифае таъин ё интихоб мешуд, бо ҷиддияти том барои ҳалли масоили мавҷудаи ҳаётӣ ва ташкили давлати мустақили тоҷикон ҳамаҷониба кӯшиш менамуд.
Маҳорати баланди ташкилотчигии ӯ ҳангоми адои вазифаҳои душвор дар ҷорӣ намудани арзишҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ, барҳам додани  бесаводии омма, наҷот додани аҳолӣ аз гуруснагӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, рушди заминаҳои фарҳанги миллӣ, таҳкими мақому манзалати зан дар ҷомеа, бунёди сохторҳои маориф, рушди хизматрасонии тиббӣ ва монанди инҳо баръало зоҳир мегардид.
Фаъолияти фидокоронаи Шириншо Шотемур ва ҳамсафонаш бо эълон гардидани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон вусъати тоза ёфта, барои ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон равона гардида буд. Дар он солҳои душвор барои дар Душанбе ҷойгир сохтани муассисаҳои давлатӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Танҳо бо талошу заҳматҳои халқи меҳнатқарини тоҷик ва фарзандони фидокору фарзонаи миллат пойтахти навини Тоҷикистон шаҳри Душанбе марҳала ба марҳала обод гардид.
Шириншо Шотемур ҳамчун арбоби сиёсӣ хуб дарк менамуд, ки бе пуштибониву дастгирии аҳли зиё ва нерӯҳои маънавию зеҳнӣ, ҳамчунин бе интишори рӯзномаву маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ маънӣ ва моҳияти сохти нави иҷтимоиро ба мардуми тоҷик пурра фаҳмонидан аз имкон берун аст. ӯ дар баробари поягузорони матбуоти тоҷик - устод Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев, Нисор Муҳаммад ва дигарон дар масъалаи таъсис ва нашри рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Деҳқони камбағал», «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Шӯълаи инқилоб», инчунин дар нашри китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» саҳми арзанда гузоштааст.
Фаъолияти пурсамари ӯ дар ин самт баъди таъин гардиданаш ба мансаби Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон дучанд меафзояд. Шириншо Шотемур дар ҳалли  мушкилоти умдаи ҳаёти мардуми  мамлакат ва баланд бардоштани обрӯю эътибори ҷумҳурӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ медод.
Фарҳанги баланди сиёсӣ, донишу таҷрибаи хуби кордонӣ ва муносибати самимонаи инсонии ӯ барои ҳамкасбону ҳаммаслаконаш намунаи ибрат буд. ӯ ҳамчун роҳбари покзамиру ватанпарвар ба хубӣ дарк мекард, ки рушди босуботу ҳамаҷонибаи мамлакатро бе тарбияи кадрҳои болаёқату босаводи миллӣ тасаввур кардан амри маҳол аст.
Бо сарварии ӯ нақшаҳои муҳими интихоб ва тарбияи кадрҳои миллӣ таҳия шуда, барои амалӣ гардидани онҳо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир мегардид.
Дар солҳои 1931 – 1932 барои тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд донишгоҳҳои муаллимтайёркунӣ ва баъдан Донишгоҳи кишоварзӣ таъсис ёфтанд, ки то имрӯз фаъолият доранд. Саҳми Шириншо Шотемур дар гиромидошт ва тарғибу ташвиқи ному мероси нобиғаҳои дурахшони фарҳанги мардуми мо – шоирону олимони забардасти миллат низ сазовори ёдоварист. Бо вуҷуди маҳдудияту мушкилоти замон ӯ дар паҳлуи Садриддин Айнӣ ва Лоҳутӣ истода, соли 1934 ҷашни 1000 - солагии шоири бузурги оламшумули тоҷику форс Абулқосими Фирдавсиро баргузор менамояд.  Ҳадафи асосии ин ҷашн, пеш аз ҳама, тарғиби ғояҳои волои худшиносиву ҳувияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва қаҳрамониҳои бемислу монанди ниёгони сарбаланди мо дар масири таърихи чандҳазорсолаашон буд, ки дар он рӯзҳо ҳамчун мактаби бузурги қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба миллати фарҳангии тоҷик хизмат намуд.
Шириншо Шотемур ба ҳайси раиси комиссияи таҳия ва қабули Конститутсия ва Нишони давлатӣ дар саргаҳи ташаккули қонунгузории ҷумҳурӣ қарор дошта, дар эҷоди Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои муҳими дигар фаъолияти пурсамар бурдааст. ӯ ба хотири риояи талаботи қонун  ва ҷорӣ гардидани қонуният дар ҳаёти ҷомеа кӯшишҳо ба харҷ дода, барои решакан кардани ҳама гуна амалҳои номатлуб ва қонуншиканиҳо мубориза мебурд. Маҳз эҳсоси масъулияту ҷуръати беандозааш буд, ки ӯ моҳи марти соли 1937 аз минбарҳои баланд ба муқобили вайронкунии қонуният, поймолкунии ҳуқуқи инсон ошкоро сухан ронда, беасос маҳбас шудани як қатор ходимони ҳизбиву давлатиро  сахт маҳкум менамояд.  Чунин иқдоми ҷасурона, албатта, беҷавоб намонд ва дере нагузашта, худи Шириншо Шотемур, ки қалби ҷавонаш саршор аз меҳру муҳаббати самимӣ ба халқу Ватанаш буд, қурбони дасисабозиҳои сиёсии замон гардид. Вале ӯ дар тӯли умри кӯтоҳу ибратомӯзаш тавонист, ки дар китоби зиндагиномаи миллат саҳифаҳои дурахшонеро сабт намояд.
Дӯстони азиз!
Шириншо Шотемур барҳақ фарзанди ҷонфидои миллат ва меҳани худ маҳсуб мешавад.  Ин марди муборизу қавиирода аз танқиду фишори бегонапарастон ва душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик наҳаросида, ҷасурона манфиатҳои халқу миллаташро ҳимоя мекард.
ӯ аз тоҷик будани худ  ифтихор дошт ва аз рушду нумӯи Ватанаш  меболид. Агар тақдир ба ин шахсияти фидоиву нотакрор тараҳҳум мекард ва ӯ дар айни камолоти умр қурбони ғаразу тӯҳмати даврони сиёсати шахспарастӣ намешуд, боз корҳои зиёдеро ба нафъи халқу Ватанаш анҷом медод.
Зиндагии ибратомӯз ва фаъолияти бунёдкоронаи ӯ бо тамғаи тӯҳматомези «душмани халқ» зери шубҳа монда, солиёни дароз ном ва кору пайкори қаҳрамононаш ба забон гирифта намешуд.
Номи мубораки ин марди фидоӣ баъди нуздаҳ соли маргаш сафед карда шуда, кору пайкори ватанхоҳона, симои сиёсӣ, маданияти роҳбарӣ ва тафаккури давлатдории ӯ аз нав зинда гардид. 
Дуруст гуфтаанд, ки ҳарчанд қаҳрамонони миллат бар асари беадолатиҳои замон муддате ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд, вале боз чун офтоби зиёбахш тулӯъ хоҳанд кард.
Имрӯз дар замони истиқлолияти Тоҷикистони азизамон орзую омол ва ормонҳои наҷиби Шириншо Шотемур ва ҳамсангарону ҳамнабардонаш мақому манзалати хоса пайдо карда, барои наслҳои имрӯзаву оянда чун тимсоли олии  фидокорӣ ва мактаби ибратомӯзи ватанпарварию миллатдӯстӣ хизмат менамояд.
Дар даврони истиқлолияти милливу давлатӣ таърихи халқи тоҷик аз назари тоза мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, корнамоиҳои фарзандони барӯманду ҷонфидои миллат, ки дар радифи устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров қарор доштанд, бо мукофотҳои олии Ватан сазовор гардиданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми августи соли 1999 Шириншо Шотемур барои фаъолияти фидокоронааш дар бунёдгузорӣ, таҳким ва рушди давлатдории тоҷикон бо ордени «Дӯстӣ» шарафёб гардида, баъдан аз 27- уми июни соли 2006 ба фарзандони фидокор ва содиқи Ватан Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум барои хизматҳои бузургашон дар поягузории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии  Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Мардуми сарбаланди тоҷик дар қатори фарзандони бузурги худ бояд номи Шириншо Шотемурро бо сипос ба забон гиранд ва кору пайкор ва заҳматҳои кашидаи ӯро ба хотири Ватан ва халқ фаромӯш насозанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар даҳсолаи охири асри ХХ ба сари халқу Ватани мо ҳодисаҳои мудҳишу фоҷиабор таҳмил гардида, барои саркӯбсозии миллати тоҷик ва мисли ҳангомаҳои даврони Шириншо Шотемур кӯшишҳои баршикастани давлату давлатдории миллии тоҷикон дар либоси дигар ба ҷилва омад.
Аммо таҷрибаи талхи таърихӣ ва ақлу заковати фитрии халқи мо имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пирӯз гардида, кулли сокинони мамлакат ба эъмори давлати соҳибистиқлоли навин ва ба тақозои замони муосир ҷавобгӯ шурӯъ намоянд.
Имрӯз халқи мо аз он ифтихор дорад, ки соҳиби давлати озоду соҳибистиқлол аст ва барои рушду нумӯи кишвар ва амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлат дар бобати таъмини истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва беҳтар гаштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон ҳамаҷониба заҳмат кашида истодааст.
Дар ин раванд ҳамаи мову шумо бояд сабақҳои ибратомӯзи таърихи дуру наздики миллатро ҳамеша дар хотир дошта бошем, зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надиҳем, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, амнияту оромии ҷомеа ва умуман дастовардҳои истиқлолияти давлатамонро, ки онҳоро бо баҳои бисёр гарон ҳосил кардаем, ҳамчун асоси ҳастии миллат ва рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ дастгирӣ ва пуштибонӣ намоем.
Дар шароити пуртазоду душвори бӯҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳони муосир маҳз он халқу миллатҳое пеш мераванд, ки мақоми таърихиву ҳадафҳои имрӯзаи созандагии хешро пурра дарк карда, дар татбиқи нақшаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, истифодаи дастовардҳои навини илму техника ва технологияи замонавӣ мунтазам ва аҳлона заҳмат мекашанд.
Мо дар шахсияти мардони фарзонаи миллатамон, ба мисли Шириншо Шотемур ва ҳамсафони ӯ фарзандони фидоӣ, муборизони ҳақиқии Ватан, озодӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи сарзамини бостониамонро мебинем ва қадршиносӣ мекунем.
Имрӯз дар Ватани азизамон орзуву ниятҳои неки Шириншо Шотемур ва даҳҳо родмардони миллатдӯсту меҳанпараст, аз қабили ормону ҳадафҳои наҷиби давлатдории миллӣ - соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва рамзҳои давлатӣ, бузургдошти фарҳанги миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни ҷаҳонӣ амалӣ шуданд ва шуда истодаанд.
Ва итминони комил дорем, ки кору пойкор ва меҳри фарзандони сарсупурдаи миллат, ки мисли Шириншо Шотемур ҳастии хешро барои сарсабзии миллат ва пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бахшидаанд, асрҳои аср дар дили халқ боқӣ мемонад.
Ба ҳамаатон саломативу сарбаландӣ мехоҳам.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 766

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед