logo

фарҳанг

НОМАШ ДАР САҲИФАИ ДИЛҲОСТ

Он рӯзҳои мудҳиш, ки барои мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  фоҷиаи даҳшатбору даҳшантангез ва басо вазнину  пур аз ҳаводиси  гӯшношунид буд, ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо зудуда ва захмаш аз дилҳо нарафтааст.
Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд,
Ҷанги хунину бераҳмона буд.

Оре, сухан дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ меравад. Ин ҷанг ҷони миллионҳо нафар ҷавонмардони  далеру шуҷоъро ба коми худ кашид, садҳо шаҳру деҳотро хароб, ҳазорон оиларо бесаробон, садҳо ҳазор кӯдакро  бепарастору бехонаю ҷой кард. Ин амали бераҳмонаи  фашистони хунхор бе ҷавоб намонд. Садҳо ҳазор нафар барои  ҳимояи Ватан бархостанд.
Ҷавонони бонангу номуси тоҷик низ дар муҳорибаҳои шадид ҷон ба каф гирифта,  корнамоиҳои  бемислу монанд  нишон доданд. Барои  озодӣ ва наҷоти  халқҳои  гуногун аз асорати фашизм мубориза  бурданд.
Муқим Набиев аз зумраи чунин  шахсони  баору номус буд. Ӯ соли 1920 дар деҳаи Порвоғи вилояти Ғарм (ҳозира ноҳияи Рашт) ба дунё омадааст. Таҳсилро низ дар ҳамин деҳа  гирифт. Ҳушёру зирак ва кунҷкоб буд. Ҳамеша ба дарсҳо бо тайёрӣ меомад. Ин буд, ки баъди хатми муассиса ӯро чун хонандаи болаёқат барои идомаи таҳсил ба Институти  муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд фиристоданд. Таҳсилро бомуваффақият ба анҷом расонд, аммо ба зодгоҳ барнагашт, балки ба фронт рафт. Дар задухӯрдҳои шадиди шаҳри Сталинград иштирок карда, роҳи  ҷангиашро то Берлин идома дод. Хизматҳои ҷангиаш бо орденҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи I, Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи II, «Нишони фахрӣ» қадр шудаанд.
Муқим Набиев дар майдони ҷанг ҳам омӯзгор буд. Ба ҳамяроқон дарси  мардонагию далерӣ меомӯхт. Изҳор медошт, ки мо баҳри ҳифзи нангу номус ва хоки Ватан  бархостем ва бешак, моро ғалаба интизор мебошад.
Дар яке аз задухӯрдҳои шадид, ки аз зарби тиру тӯп замину осмон меларзид ва ҳама ҷоро алангаи оташ фаро гирифта буд, ӯ тир хӯрда, зери хок мемонад. Аз зери хок оғӯштаи хун, беҳушу беёд ба госпитал мебарандаш. Захму ҷароҳатҳояш хеле вазнин буданд. Бо марг даст ба гиребон мешуд. Нерую ирода ва қувваю матонати ин ҷавони деҳотӣ ғалаба мекунаду бо ёрии табибон ба  по мехезад.
Дар ин муддат ба хонаашон аз қисми ҳарбие, ки ӯ хизмат мекард, «хати сиёҳ» мерасад. Оҳу фиғон ва нолаю шевани ин хонадон ба  осмон дакка мезанад…
Ӯ баъди сиҳат ёфтан боз роҳи ҷангиашро идома  медиҳад. Боз задухӯрдҳо, боз муборизаю ҷонбозиҳо…
Рӯзи Ғалабаро дар Германия, дар пойтахти он Берлин таҷлил карду бо сари баланд ба зодгоҳаш баргашт. Баробари ба деҳа ворид шуданаш ҳама  ҷоро пардаи сиёҳи торикӣ фаро гирифта буд. Хомӯширо аккоси сагон ва чир-чири малахҳо халалдор  мекард. Ба назди ҳавлии падар расиду дарро зад. Онро апааш Туғбибӣ ба рӯяш кушод. Дар равшании чароғи дастӣ чун  чашмаш ба бародари дар ҷанг «шаҳидгаштааш» афтод, якбора  тарсу воҳима вуҷудашро ларзонду аз ҳуш рафт. Қариб як моҳ аз худ бехуд буду ҳазён мегуфт. Падару модари дар фироқи  фарзанд бо сад дарду доғ аз олам рафтаашро ба хонаашон мехонд. Чун ба худ омад, бародари қаҳрамонашро ба оғӯш гирифту гирист, ҳам ба ҷойи падар ҳам ба ҷойи модар…
Оҷархон АТОЕВА,
омӯзгори  муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 60 -и  ноҳияи Рашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 402

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед