logo

иҷтимоиёт

ҚАҲРАМОНИ АБАДЗИНДА

Сайидаҳмад Каримов ин қаҳрамонписари тоҷик дар набардҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо аспи афсонавии Гули Бодомаш дар баробари корнамоиҳои зиёд, дар озод намудани бисёр зиндониён, аз ҷумла аз зиндони Бранденбург Гердени Олмон соли 1945, ки бештар аз 9 ҳазор асир онҷо дар ҳолати марг буданд, корнамоиҳои бемисл нишон дода, ба гирифтани Ордени Суворов (дараҷаи 3) ноил гаштааст.
Гарчанде солҳои дароз бо Сайидаҳмад Каримов дар деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг ҳаёт ба сар бурда, дар борааш зиёд навишта бошам ҳам, оид ба фармондеҳи озодкунандагони урдугоҳи Овеснтсими Лаҳистон будани ӯ маълумоте надоштам. Танҳо ҳаминаш барои мо аён гардид, ки корнамоиҳои Сайидаҳмад Каримов дар дигар давлатҳои фарогири Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ низ бемисл буд. Ӯ бар ивази ҷонбозиҳои зиёд бо аспи Гули Бодомаш дар озодкунии Лаҳистон, бахусус пойтахти он шаҳри Варшава аз 13 январи соли 1945, бо медал қадрдонӣ шудааст.
Ҷустуҷӯи маълумот нишон дод, ки дар раҳоии асирони конслагер ё урдугоҳи фашистии Освентсим дар Лаҳистон, ки 70 сол қабл сурат гирифтааст, дар баробари намояндагони дигар миллатҳо 14 афсар ва 178 сарбози тоҷик ширкат варзидаанд.
Тавре маълум аст урдугоҳи Освентсим яке аз калонтарин лагерҳои консентратсионӣ буда, дар он қариб 4 миллион нафар гирифтори шиканҷаву марг гашта буд. То солҳои наздик озодкунии лагери консентратсионии фашистони Освентсим аз тарафи Вазорати мудофиаи Русия ба таври махфӣ нигоҳ дошта мешуд. Кунун ин ҳодисаи таърих ошкору оммавӣ гашт ва маълум шуд, ки фарзанди ҷасури миллати тоҷик Сайидаҳмад Каримов фармондеҳии ҷанговарони Артиши Сурхи шӯравиро барои озод кардани ин зиндон бар дӯш доштааст.
Феълан рӯзи раҳоии асирон аз урдугоҳи Освентсим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи байналмилалии поси хотири қурбониёни Ҳолокост эълон шудааст.
Дар маҷмӯъ, Сайидаҳмад Каримов бо орденҳои Суворов, Байрақи Сурхи Ҷангӣ, Ҷанги Ватанӣ дараҷаҳои 1 ва 2, аввалин медал барои озодкунии Варшава ва бештар аз 20 ордену медалҳои дигар, раҳматномаҳо ва мукофотҳо қадр шудааст, ки ҳамчун қаҳрамони абадзинда дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд
Амир Сайиди МУНКӢ,
ноҳияи Ховалинг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 576
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед