иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Солҳои пешазҷангиву давраи ҷангӣ сахту сангин буданд. Мардум гуруснагӣ мекашид. Зиндагӣ ба сари Муҳиддини наврас низ имтиҳонҳои ҷиддиеро пеш овард. Падарашро бармаҳал аз даст дод. Дар овони наврасӣ маҷбур шуд радифи калонсолон ба кори колхоз дарояд, вале аз таҳсил бознамонд.
«Соли 1947, вақте ҳамагӣ 15 сол доштам, бори аввал дӯсти падарам – комиссари назорати давлатӣ Пӯлод Абдуллоевро дидам. Ӯ ба Узоқбойи тағоям, ки дар деҳа одами басе муътабар буд, пешниҳод намуд, ки маро ба Сталинобод (Душанбеи ҳозира) барои хондан фиристад. Бигзор хонад, итминон дорам, ки ӯ дар оянда як одами хуб мешавад», - мегӯяд Муҳиддин Зоиров.
Ба пойтахт омада, М. Зоиров ба Мактаби давлатии тайёркунандаи кадрҳои роҳбарикунандаи колхозҳои назди Комиссариати халқии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуд. Соли 1949 онро хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишкадаи аграрии Тоҷикистон қабул гашт. Ӯро баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси сарагрономи стансияи механикӣ – тракторӣ ба Шаҳринав фиристоданд. Баъдтар муовини раиси комиҷроия, котиби дуюми ҳизби коммунисти ноҳия шуда кор кард.
Солҳои 1959-61 дар Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС таҳсил намуд. Пас аз анҷоми таҳсил ба ҳайси котиби ташкилоти ҳизби коммунистӣ дар раёсати ҳудудӣ-истеҳсолии колхозиву совхозии Данғара (Совет, Ёвон) ва комиҷроияи ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ифои вазифа намуд.
Дертар Муҳиддин Зоировро ба вазифаи боз ҳам баландтар – мудири шуъбаи кишоварзии КМ ПК Тоҷикистон таъйин намуданд. Масъулиятшиносии вай акнун на танҳо дар доираи як ноҳия, балки тамоми мамлакат доман густурд. Баъдтар қариб даҳ сол ба ҳайси вазири кишоварзии Тоҷикистон ифои вазифа намуд. Дар ин давра боғпарварӣ, ангурпарварӣ, истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ, чорводорӣ, азхудкунии заминҳои нав, сохтмони стансияҳои обёрикунанда тараққӣ карда, сатҳи зисту зиндагонии заҳматкашон беҳ гашт. Дар давраи роҳбари Вазорати кишоварзӣ будани Зоиров мамлакат як миллион тонна пахта ҷамъ овард, ки ин рекорди таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Соли 1982 Муҳиддин Зоировро котиби якуми Ҳизби коммунисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин намуданд. Боз вазифаи нав, масъулияти нав, одамони нав мунтазири ӯ буданд. Дар ин ҷо низ садоқатмандона хизмат намуда, дар ободонии ин гӯшаи диёрамон саҳм гирифт.
Давлат хизматҳои пурсамарашро баҳои баланду муносиб дода, ӯро бо орденҳои Револютсияи Октябр, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» мукофотонидааст.
Тошмат ТЕМИРОВ, журналист
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.05.2018 №: 90 Мутолиа карданд: 643