logo

иҷтимоиёт

МАТИНИРОДА. АЗ КАШШОФӢ ДАР ҶАНГ ТО ОРДЕНИ БАЪД АЗ МАРГ

Баъд аз 50 соли Ғалаба дар ҶБВ ба номи Насрулло Ниёзов, сокини деҳаи Ремони ноҳияи Айнӣ ордени “Ситораи Сурх” омад, ки бояд ҳанӯз дар солҳои ҷанг тақдим мешуд. Орден замоне ба унвонии ин ҷанговари шуҷоъ  ва меҳнатдӯст расид, ки ӯ дар қайди ҳаёт набуд, ҳанӯз соли 1991 зиндагиро падруд гуфта буд.

Насрулло Ниёзов тирамоҳи соли 1942 бо чанд тан аз ҳамдеҳагон ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия омада, барои ба фронт рафтан изҳори омодагӣ кард. Наваскаронро пойи пиёда аз ноҳияи Айнӣ ба шаҳри Истаравшан оварда, аз онҷо ба ноҳияи Спитамен бурданд. Зеро он солҳо дар масири Айнӣ - Истаравшан роҳи нақлиётгард мавҷуд набуд. То расидани қаторҳо ба ноҳияи Спитамен (пешина ноҳияи Нов) аскарбачаҳо шаш рӯз интизорӣ кашиданд. Вале бекор наистода, барои ҷамъоварии ҳосили пахта, канори деҳқонон рафтанд ва шаш рӯз пахта чиданд...
Насруллои навхат баробари шомил шудан ба Артиши шӯравӣ курси семоҳаи кашшофӣ (разведкачӣ) – ро хатм намуда, ба фронти Сталинград равон шуд. Ӯ дар бисёр муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуда, барои рахна кардани хати ишғолкардаи душман ҷонбозиҳо кардааст. Фармондеҳон ба зудӣ ӯро ҳамчун разведкачии ғаюр шинохта барои корнамоиҳои бебоконааш бо аввалин медалҳо қадршиносӣ мекунанд. Чун дар хати пеши кашшофӣ буд, аз зарбаҳои душман эмин намонд. Соли 1943 ду маротиба маҷрӯҳ гашта, хушбахтона ҷон ба саломат бурд ва баъд аз табобат дигарбора ба майдони ҷанг баргашт. Вале захми бори савум бардоштааш имкон надод, ки то рӯзи Ғалаба бо неруҳои фашистӣ дар набард бошад. Ӯро аз идомаи ҷанг озод намуда, ба зодгоҳаш рухсат доданд...
- Падарам инсони хоксору заминӣ  буданд. Бо ёде аз рӯзҳои даҳшатноки ҷанг фарзандону пайвандонро ба меҳанпарастиву худшиносӣ даъват мекарданд. Дар рӯзҳои Ҷашни Ғалаба аҷаб ҳолу ҳавое доштанд. Либоси озода ба бар карда, мисли кӯдак шодмонӣ мекарданд, сари синаашонро ордену медалҳои зиёд оро мебахшид, - мегӯяд Муҳаммадносири Насрулло фарзанди ин ҷанговари шуҷоъ.
Ф. ҶУМЪАЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 186

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед