logo

иҷтимоиёт

ФАРХОР. 77 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ ҲАВАСМАНДИИ ТАБИБОН

Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳа дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барномаҳои гуногун амалӣ мегарданд. 
Дар ин замина, аз ҷумла дар ноҳияи Фархор солҳои охир шароити кору хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии самти ёрии аввалия беҳтар шуда, аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ биноҳои марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ аз таъмир бароварда шудаанд. 
- Дару тирезаҳои ҳуҷраҳои корию хизматрасонӣ иваз шуда, қисмати берунаю дохилии маркази саломатӣ рангубор ва тамоми кормандон бо сарулибоси ягонаи корӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, таъмин гаштанд, - гуфт Гадохӯҷа Муҳиддинов, сардухтури маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Ғайрат.
Тавре ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, дар доираи лоиҳа муассисаҳои тандурустии КАТС 5 ноҳияи интихобии вилояти Хатлон, имрӯз аз ҳисоби буҷети мақомоти маҳаллӣ ва лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ бо маблағҳои иловагӣ таъмин гардида, бо назардошти сифату натиҷаи кори ҳаррӯзаи табибону ҳамшираҳои шафқат, маблағҳои гуногунҳаҷмро баъди ҷамъбасти ҳар семоҳа тавассути  кортҳои пластикии алоҳидаи кормандон ҷудо мекунанд. Албатта, ба роҳ мондани чунин роҳу усули нави ҳавасмандгардонӣ масъулияти кормандони соҳаро зиёдтар намуда, аз ин ҳисоб бақайдгирии беморон бештар ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ баланд бардошта хоҳад шуд.  
Хонзода Наимова, ҳамшираи шафқати маркази саломатии деҳаи Куҳандиёри ноҳия, иброз дошт, ки «имрӯз таваҷҷуҳи хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои тиббии ҷумҳурӣ, барои кор дар муассисаҳои тиббии деҳот бештар гаштааст. Метавон гуфт, ки маблағи моҳонаи мо нисбат ба кормандони беморхонаи марказии ноҳия зиёд аст. Тағйир ёфтани маблағи маоши мо аз сифату натиҷаи корамон вобастагӣ дорад, яъне ҳар нафарро бо назардошти натиҷаи фаъолияташ ҳавасманд мекунанд».
Бино ба гуфтаи масъулон, баъди роҳандозии лоиҳаи мазкур, шароити кору хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии самти ёрии аввалияи ноҳияҳои таҷрибавӣ беҳтар гардида, аз ҳисоби маблағҳои 30 - фоиза роҳбарони бунгоҳу марказҳои саломатии деҳот дар баробари таъмиру тармими дафтарҳои корӣ, ҳамзамон, мизу курсӣ, ҷевон, рахтҳо барои ташхису табобати беморон, тарозуҳои хурду калон ва дигар намуди дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббиро харидорӣ намудаанд. Ҷудо гардидани маблағҳо барои беҳсозии шароити кору хизматрасонии тиббӣ аз шумораи аҳолии ҳамон маҳал ва натиҷаи корҳои иҷрошудаи аҳли кормандон вобастагӣ дорад. Масалан, духтурону ҳамшираҳои шафқати маркази саломатии деҳаи Шӯрқӯли ноҳияи Фархор дар 3 моҳи охири соли 2017 тавонистанд маблағи зиёда аз 77 ҳазор сомониро ба ғайр аз маблағҳои буҷетӣ азхуд намоянд. 
Ба роҳ мондани чунин роҳу усулҳои нави маблағгузорӣ метавонад барои марҳила ба марҳила бартараф сохтани мушкилиҳои мавҷуда ва ҳавасмандии табибон ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ мусоидат кунад.
Кароматулло РАҲМАТОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2018    №: 91    Мутолиа карданд: 267

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед