logo

фарҳанг

ҚУРОҚДӮЗӢ. АЗ ДӮХТИ "ВАРАҚӢ" ТО "ҚУӢ"

Эълон гардидани 2018  ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба эҳё ва ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзию гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошию бофандагӣ ва заргарӣ, такони ҷиддӣ бахшид.

Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, дар Осиёи Марказӣ қуроқдӯзӣ суннати хоси худро дошта, аз давраҳои қадим ба мо омада расидааст. Дар қадим аз қуроқ ҷома ё яктаки дарвешу қаландарҳоро медӯхтанд, ки бо номҳои "мураққаъ” ё "хирқаъ” маъруф буд.  Аслан, қуроқҳо аз матоъҳои сурх, сафед, сабз, сиёҳ, кабуду зард ва бунафш дӯхта мешаванд.
Чуноне аз маълумотҳо бармеоянд, миёни мардуми тоҷик навъҳои  қуроқдӯзии «варақӣ», «турна», «чашмӣ», «осиёбӣ», «шакли омезиш» ва «қуӣ» машҳур буданд. Аз ҷумла, ходими илмии шуъбаи таърих ва назарияи фарҳангшиносии ПИТФИ С. Мирзоева доир ба қуроқи навъи «чашмӣ» чунин нигоштааст: «Дар рӯзи ҳафтуми таваллуди тифл пирони кордида барои чашм нарасидан порчаҳои хурди матоъро ҷамъоварӣ намуда, бо нияти нек аз онҳо барои кӯдак пироҳани хурд медӯхтаанд. Инчунин, онҳое, ки тифли дардманд доштанд, гаҳворапӯшро аз қуроқ медӯхтанд ва умед мекарданд, ки ӯро бо ин роҳ аз дард наҷот медиҳанд».
Боиси тазаккур аст, ки дар маснуоти қуроқӣ на фақат ҷиҳати эстетикии он, балки хусусиятҳои хоси маҳаллӣ низ зоҳир мегардад. Ба василаи қуроқдӯзӣ нақшҳои қадимӣ, рамзу нишонаҳое, ки дар эҷодиёти мардумӣ тасвир шудаанд, зинда мегарданд.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2018    №: 91    Мутолиа карданд: 221

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед