logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ ҲАМБАСТАГӢ ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ АСТ

Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3 - 4 - уми май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, барои иттиҳоду ҳамбастагии тамоми кишварҳои олам ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар амри мубориза бо ин вабои аср саҳифаи наверо боз хоҳад кард.

Ин нукта хулосаи аксар коршиносону намояндагони воломақоми кишвару созмонҳое буд, ки зарфи ду рӯз дар ҷаласаҳои тахассусӣ ва чорабиниҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳонро дар баробари таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ, таҳияи роҳу усулҳои муборизаи самаранок алайҳи ин масъалаи доғи ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи конфронс аз умдатарин нукоти қобили таваҷҷуҳ дар ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ буд. Сарвари давлат дар нутқи пурмуҳтавои худ ба таври амиқ ва ҳамаҷониба вазъи кунунии минтақаву ҷаҳон ва тамоюлоти ҷорӣ дар соҳаи амниятро мавриди арзёбӣ қарор дода, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳо ба хотири ҳифз ва тақвияти сулҳу субот даъват ба амал оварданд: «Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ. Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад».
Пешвои миллат дар ҳузури беш аз 400 намоянда аз 48 кишвар ва 31 созмони байналмилаливу минтақавӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ - тадқиқотӣ бори дигар тавзеҳ доданд, ки «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад».
Воқеан, имрӯз ҷомеаи ҷаҳон ба нақши Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ баҳои баланд дода, мавқеи устувор, талошҳои судманду қотеонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт дастгирӣ менамоянд. Ҳузури меҳмонони зиёди воломақом бо шумули муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Томас Гремингер ва дигар созмонҳои бонуфуз дар ҳамоиш ва изҳори назари онҳо бори дигар ба ин воқеият рӯшанӣ андохт. Аз ҷумла, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков бо истиқбол аз ташаббуси Тоҷикистон дар созмон додани чунин Конфронси байналмилалӣ, ки тамоми дидгоҳҳоро ба сӯи худ ҷалб намуд, ба Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ арзи сипос намуд. Меҳмони олимақом изҳори итминон кард, ки ин ҳамоиш дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобила оид ба масоили муайян ва пешгирии амалиёти террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо дар муқовимати дастаҷамъона бо терроризм ва ҷиноятҳои кибернетикӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
- Ман ба Ҷаноби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаббусҳои нек ва мизбонии чунин як конфронси дорои аҳамияти муҳими башарӣ миннатдорӣ баён менамоям, - изҳор дошт Томас Гремингер, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, зимни суханрониаш.
Ба таъкиди ӯ, терроризм ва ифротгароии хушунатомез, танҳо мушкили як кишвар ё минтақа нест, балки он ҳама марзҳоро убур карда, феълан ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил шудааст.
- Ман дар гуфтугӯҳои алоҳида бо намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дарёфтам, ки онҳо бо назардошти вазъи минтақа ба тақвияти мубориза бо терроризм аҳамияти хос медиҳанд. Аз ин рӯ, конфронси имрӯза барои таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаи омӯхташуда нақши муҳим хоҳад дошт. Ин нишаст ба мо имкон медиҳад, ки дар татбиқи стратегияву барномаҳои ҳамоҳангшуда роҳу усулҳои навро пайдо намоем, - изҳор дошт Томас Гремингер.
Мубашар Ҷовид Акбар, вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки дар лаҳзаҳои фориғ аз кори конфронс бо хабарнигорон суҳбат мекард, ба нақши калидии Пешвои миллат дар роҳи пешгирии терроризм ва мавқеи сулҳҷӯёна дар ҷаҳон баҳои баланд дод. – Ҷумҳурии Ҳиндустон ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди худ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, таҳкими амният дар минтақа ва сарнагун кардани терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳон эҳтиром мегузорад.
Мубашар Ҷовид Акбар дар суҳбати вижа бо «Ҷумҳурият» ба ҳаводиси солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора кард ва гуфт, Тоҷикистон оқибатҳои фоҷиабори терроризму ифротгароиро таҷриба карда, ҳоло дар набард бо ин зуҳуроти нангин иқдомоти фаромарзиро рӯи даст гирифтааст. «Мо эътироф мекунем, ки таҷрибаи нодири Президент ва давлати Тоҷикистон дар фурӯ нишондани даргириҳо на фақат таъмини субот дар кишвар, балки наҷоти Осиёи Марказӣ аз ҳузури террористон ва пешгирии тавсеаи ифротгароӣ дар минтақа буд».
Қобили зикр аст, ки вобаста ба натиҷаҳои конфронс, ки дар доираи амалӣ намудани иқдомоти байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор шуд, санади ниҳоӣ – Эъломияи Душанбе қабул гардид, ки ба бовари иштирокдорон фасли наве дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ хоҳад буд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2018    №: 91    Мутолиа карданд: 234

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед