logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕАИ КИШВАР

12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот карданд.

Сарвари давлат иштирокчиёни мулоқот ва кулли мардуми кишварро бо фарорасии айёми раҳмату мағфират шодбош гуфта, дар бораи фазилатҳои накуи моҳи шарифи Рамазон андеша ронданд. Таъкид гардид, ки моҳи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва мадад намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад.
Дар ҷараёни мулоқот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон диққати иштирокчиёнро ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе кишварҳои олам, ҳолати дастрасии аҳолии сайёра ба неъматҳои моддию сарватҳои табиӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва низоъҳои солҳои охир ба ташаккули дунёи маънавии инсоният, инчунин, дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҷалб карданд.
Аз ҷумла, оид ба талошҳову тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ сухан ронда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “ҳар сол танҳо бо сабаби норасоии оби тозаи ошомиданӣ як миллиону 400 ҳазор кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сироятии вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад. Ҳамасола аз шумораи умумии аҳолии сайёра бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар вафот карда, 31 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Ғайр аз ин, қариб 800 миллион нафар аҳолии сайёра аз норасоии ғизо азият кашида, як миллиард нафар кӯдак дар шароити қашшоқӣ зиндагӣ ва бо ҳамин иллат ҳар сол 22 ҳазор нафари он вафот мекунад».
Вобаста ба вазъи ноороми сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзадаи олам Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон - истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем.
Дар ҷамъомад бо масъулони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин Пешвои миллат бори дигар оид ба зарурати қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
Баъди суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф оид ба таъмини волоияти қонун, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон дар бораи вазъи пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов оид ба таъмини амнияти давлату миллат, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим оид ба ҳифзи солимии ҷомеа гузориш доданд.
Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки барои иҷрои супоришҳои дар мулоқот зикргардида, баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, боло гузоштани манфиати давлат, дуруст ба роҳ мондани ташхису табобат, таъмиру бунёди муассисаҳои тандурустӣ, махсусан марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баранд ва тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешанд.
Супоришҳои дигар ба масъулони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар як ҷамоату деҳоти кишвар, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дода шуданд.
Дар мулоқот чанд тан аз олимон, зиёиён, ходимони дин, соҳибкорон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Дашанбе ва  ноҳияи Рашт, аз ҷумла Усмоналӣ Нуров - сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Ҳоҷиҳусайн Мӯсозода - сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Садрӣ Файзиев - соҳибкори ноҳияи Деваштич, Сурайё Уроқова - директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гурӯҳи самимии сохтмон”, Наргис Шерматова - директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шерматова Наргис”, Абдусамад Саидов - соҳибкори шаҳри Истаравшан, Абдулаҳад Муминов - роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элегант”-и шаҳри Бӯстон, Шафоат Ватаншоева - соҳибкори шаҳри Хоруғ, Бахтиёр Ибодуллозода - директори  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои ман”-и шаҳри Душанбе ва дигарон баромад карда, нисбат ба ҳадафҳои арзишманди роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ, дастгирии Ҳукумати кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат, иҷрои ҳатмии қонуну қарорҳои давлатӣ, инчунин, дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ карданд.
Зимни баромади худ соҳибкорони ватандӯсти ҷумҳурӣ асосан ташаббус пеш гирифтанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиё-сати неку ояндадори роҳбарияти давлату Ҳукумат дар корҳои созандагию бунёдкорӣ тавассути таъмиру тармим ва сохтмони роҳҳо, мактабҳо, марказҳои тандурустӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти зарурӣ, фаъолона иштирок мекунанд.
Баъди муҳокимаи пурраи масъалаҳои мулоқот  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеаи кишвар даъват ба амал оварданд, ки бо риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ, иҷрои тадбирҳои хайру савоб, дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар, хоҳару бародарони хеш, таваҷҷуҳи махсус диҳанд.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи Ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош хоҳад кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2018    №: 93-94    Мутолиа карданд: 751

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед