logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 «Дар бораи энергетика» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 11, мод. 504; с. 2005, № 12, мод. 633; с. 2007, № 6 мод. 436; № 7, мод. 672) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати дуюми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«комплекси сӯзишворию энергетикӣ- маҷмӯи бо ҳам алоқаманди соҳаҳои иқтисодиёт, ки дар системаҳои гидроэнергия ва гармиистеҳсолкунанда, ангишт, нафт, газистихроҷ, интиқол ва коркардкунанда барқтаъминкунанда  ва барқистифодабаранда, инчунин зерсистемаҳои минтақавӣ ва дигар объектҳои энергетикӣ, ки сарфи назар аз шакли моликият фаъолият менамоянд;».
2. Моддаи 8 хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 14:
– дар номи модда ва матни он калимаҳои «сармоягузории хориҷӣ» ба калимаҳои «сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ» иваз карда шаванд;
- ба қисми якум ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Захираҳои энергетикӣ ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ба истифодаи мӯҳлатнок, тибқи шартномаҳои тарафайн дода мешаванд.».
4. Дар моддаи 15:
-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, ҳангоми азхудкунӣ ва истифодабарии захираҳои электроэнергетикӣ, харидории электроэнергияи зиёдатӣ, мақомоти ваколатдор оид ба танзими фаъолияти субъэктҳои монополияҳои табиӣ метавонад нархҳо ва тарифҳои дигарро муқаррар намояд.»;
-қисми сеюм хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 октябри соли 2009, № 556

Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
энергетика»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2009, № 1409

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
энергетика»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 октябри соли 2009, № 684


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 658

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед