logo

иҷтимоиёт

ЧӮБТАРОШӢ. МАҲСУЛИ ЯК ДАСТ

Дар ноҳияи Рӯшон Давлатназар Лайлиевро чун устои чирадасти  чӯбтарош ҳама мешиносанд. Бо ташаббуси ӯ чанде пеш дар ноҳия   гурӯҳи ташаббускоре бо номи «Эҳё» таъсис дода шуд, ки ба сохтану тарғиби асбоби рӯзгор ва созҳои мусиқии қадимӣ машғул мебошад.

Усто Давлатназар солҳои пеш муҳандиси идораи сохтмону таъмири роҳҳои мошингарди ноҳияи Рӯшон шуда кор мекард, вале дар вақтҳои фориғ аз кор ба касби бобоӣ – чӯбтарошӣ машғул мешуд. Соле пеш ба нафақа баромад ва  тамоми саъю неруяшро ба ривоҷи ин ҳунари мардумӣ бахшид.
Ӯ бо маҳсули ҳунараш дар намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияву вилоят пайваста ширкат меварзад. Соли гузашта дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри бостонии Хуҷанд рубоб, сетор, ғижак, тамбӯр, дутор, най, чумчаҳои чӯбин, табақ ва армуғонҳои Давлатназар ба намоиш гузошта шуда,  писанди тамошобинон гардид. Бисёре аз маҳсулоти тайёркардаашро сокинони вилояти Суғду меҳмонони шаҳр бо  камоли майл харидорӣ намуданд. Ин ҳолат шавқу рағбаташро ба  касби созтарошӣ афзуд.
Усто Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо хушнудӣ пазируфта, айни ҳол дар равнақу ривоҷи ҳунари худ кӯшиши бештар ба харҷ медиҳад. Ӯ, ҳамзамон, тариқи бахши агентии шуғли аҳолии ноҳияи Рӯшон дар курси семоҳаи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаъолият бурда, ҳунарашро ба насли ҷавон меомӯзад.
Раҳмони  ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2018    №: 95    Мутолиа карданд: 194

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед