logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. БАРНОМАИ РУШД АМАЛӢ МЕШАВАД

Ҷиҳати татбиқи босамари барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2018 - 2020, ки ба рушди устувори ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, ободу зебо намудани ноҳия ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат мекунад, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, амалисозии барнома вусъат меёбад. Тибқи иттилои раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо,  маблағи барнома 117,6 миллион сомониро ташкил дода, дар маҷмӯъ 182 лоиҳаро дар бар мегирад. Он бо мақсади расидан ба рушди устувор дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020, таҳия шудааст. То имрӯз се лоиҳа ба маблағи 680000 сомонӣ пурра амалӣ шуда, татбиқи 8 лоиҳа, ки маблағи умумиашон 802000 сомонӣ мебошад, идома дорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ талош намуда, мақсад гузоштааст, ки амалисозии лоиҳаҳо бо ҷалби соҳибкорон ва шарикони рушд дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шавад. То охири соли 2018 татбиқи 7 лоиҳа аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ  дар назар аст. Ин иқдом барои бо ҷои корӣ таъмин намудани сокинони маҳал мусоидат хоҳад кард.
Имрӯзҳо таҳиясозии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамоатҳои деҳот низ шурӯъ гардида истодаанд. Соли гузашта бо дастгирии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ ҷамоати деҳоти ноҳия бо USB - модемҳо таъмин ва ба шабакаи интернет пайваст гардиданд. Айни ҳол муросилоти ҳуҷҷатҳо ва мукотибот тавассути почтаҳои электронӣ мунтазам ба роҳ монда, барои кор дар доираи Барномаи ягонаи автоматикунонидашудаи феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам оварда шудааст.
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2018    №: 96    Мутолиа карданд: 141

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед