logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ СИНО. ҲОЛАТҲОИ ҚОНУНШИКАНӢ КОҲИШ ЁФТААСТ

Бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино комиссияи доимоамалкунанда таъсис дода, дар асоси  муқаррароти  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми семоҳаи аввал   баргузории  459 ҷашни  арӯсию  домодӣ ва  маъракаи азодории сокинонро  назорат намуданд.
Аз ин миқдор  ҷашну маъракаҳо    433 – то  ҷашни арӯсию  домодӣ, 11 – то  маросими чил ва 15 - то   маросими сол мебошад. Хароҷоти умумии маъракаҳо ба ҳисоби миёна 1 21 2 400   сомониро ташкил дод. Сокинон  ба  моҳияти  иҷрои талаботи  қонуни танзим   сарфаҳм рафта, амалҳои эҳсонкорӣ  ба ҳукми анъана даромад.  Аз ин ҷост, ки  соҳибкорони маҳаллӣ  дар арафаи ҷашни Наврӯз   тӯйи  хатнасури хайривии 50 кӯдаки оилаҳои камбизоат ва бепарас-торро   баргузор  намуданд. 
Бино ба иттилои  Муҳаррам  Маҳмуродзода, муовини раиси ноҳия, комиссияи доимоамалкунандаи ноҳиявӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ  86 рейди муштарак гузаронда, дар натиҷа 2 қонуншиканиро ба қайд гирифтанд. Парвандаҳо оид ба қонуншикании  сокинон  барои баррасӣ ба мақомоти судӣ пешниҳод гардиданд.
Ҳамчунин, масъулони шуъбаҳои  кор бо занон ва оила,  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва бахшҳои кор бо ҷавонон  ва варзиш, фарҳанги мақомот  дар якҷоягӣ бо намояндагони  ШВКД – 1 ва 2  ва  шуъбаи дар ноҳия будаи КДАМ – и кишвар бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо, марказҳои саломатӣ ва кӯчаву бозорҳо суҳбату вохӯриҳо  гузаронданд.  1 1 65 нафар зан аз маслиҳату машварати гурӯҳи таблиғотӣ  бобати  пешгирии занон    аз   тамоюлҳои   хурофотпарастию бегонапарастӣ   баҳравар гардиданд.     
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2018    №: 96    Мутолиа карданд: 199

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед