logo

фарҳанг

БУЗУРГДОШТИ УСТОД АЙНӢ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Чанде пеш бо ибтикор ва дастгирии Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии тоҷикии ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодкан нишаст доир гардид, ки дар он  аз устод Садриддин Айнӣ ва хидматҳои сазовору мондагораш барои тоҷикон ва, умуман,  мардумони минтақаи Осиёи Миёна  ёдоварӣ шуд.
Бояд зикр кард, ки беш аз 60 сол боз мактаб номи ин абармарди  таърихро ба худ гирифтааст.
Нахуст меҳмонони  ҳамоиш дар маросими кушодашавии осорхонаи устод Айнӣ ширкат намуданд. Ба иттилои Қумрихон Абдураззоқова, мудири ин даргоҳи илму дониш, барои омодасозии осорхона тамоми омӯзгорону хонандагон саҳм гузоштанд, аз ин рӯ, дар як муддати кӯтоҳ он муҷаҳҳаз ва муайян гардид.
Равшанбек Собиров, раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, ба кори ҳамоиш оғоз бахшида, изҳор дошт, ки  ҷашни 140 - солагии Садриддин Айнӣ ба ҳамаи тоҷикони дунё рабт  дорад. Аз ин хотир, фаъолони созмон роҳандозии чунин ҷамъомадро вазифаи миллӣ ва ватандӯстии худ  шумурда, баҳри шоиставу сазовор баргузор шуданаш саъю кӯшиш намуданд.
Бахтовар Муродӣ, намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон, изҳор дошт, ки дар арафаи ин ҷашн дар шаҳри Душанбе бунёди боғ ва пайкараи нависандаи бузург бо ҳузури бевоситаи Роҳбари давлати тоҷикон худ баёнгари қадрдонии миллат аз ин фарзанди барӯмандаш мебошад.
Қодиршои Мурувват, сар-муҳаррири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала - Тоо», дар бораи ҷойгоҳи устод Садриддин Айнӣ дар адабиёти навини қирғиз изҳори андеша намуда, таъкид кард, ки тайи солҳои гуногун қариб тамоми асарҳои нависандаи тоҷик ба забони қирғизӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Ҳанӯз соли 1968 Чингиз Айтматов, нависандаи машҳури қирғиз ва ҷаҳон, устод Айниро «пири хирадманди Шарқ» хонда  буд.
Дар нишаст, ҳамчунин,  кормандони масъули ноҳияи Қадамҷо  ва вилояти Бодкан, омӯзгорони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон роҷеъ ба шахсият ва осори гаронбаҳои нависанда андешаҳои худро баён намуданд. Қироати ашъори устод Айнӣ ва намоиши порчаҳои саҳнавӣ аз рӯи асарҳои муаллиф тавассути муаллимону хонандагони мактабҳои тоҷикии Учқӯрғон ба ин нишаст ҳусну таровати бештар бахшид.
Бояд зикр кард, ки дар Қирғизистон ба ҷойгоҳи илмиву адабӣ ва ҷамъиятии Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи вижаро қоиланд. Яке аз хиёбонҳои бузурги шаҳри Бишкек номи устод Айниро дорад. Фаъолони Созмони ба номи устод Рӯдакӣ соли - 2011 дар саргаҳи ин хиёбон Лавҳаи ёдгор аз санги мармарро насб намуданд, ки симои нуронии устодро ба сокинони пойтахти Қирғизистон намоиш медиҳад. Шаҳрдории Бишкек бо қарори махсуси худ  ин Лавҳаро ҷузъи ёдгориҳои таърихӣ эълон кард ва акнун он аз ҷониби мақомоти расмӣ ҳифз мегардад.
Қодир МУРУВВАТОВ,
Ҷумҳурии Қирғизистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2018    №: 96    Мутолиа карданд: 190

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед