logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. ШИКАСТИ ХУРОФОТ БАРАКАТ ОВАРД

Соли пурошӯби 1994. Рӯзи аз шаҳр ба зодгоҳ рафтанам, фарзандони яке аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маъракаи ҳафти қиблагоҳашонро медоданд. Бо вуҷуди сардии зимистони  қаҳратун  ҳавлии падарии онҳо аз меҳмонони хондаю нохонда лабрез буд. Ҳатто қисме аз меҳмонон даста-даста дар кӯча навбат мепоиданд, то вориди хона шаванд. Аҷиб, аз даробарои одамон ва ҳам аз чеҳраҳои онҳо пай бурдан мушкил буд, ки ин ҷо маросими азодорист ё тӯю хурсандӣ, яъне аксаран парвои азодории аҳли ин хонаро надоштанд ва танҳо барои қонеъ кардани нафс ба қавле бо як пой рост меистоданд…..

Вақте дохили ҳавлӣ шудам, муллосуратеро дидам, ки баробари хестани гурӯҳе аз одамон даст аз табақ бардошта, оят мехонд ва зуд омин карда, дубора ба дастархон чашм медӯхт. Дар кунҷи ҳавлӣ се деги ош  қатор меистод. Аз яке ош мебардоштанд, ба дуи дигар дам партофта буданд. Гуфтанд, ки илова ба ин барои занон  боз ду дег ош омода мешавад. Садои мулло ба гӯш мерасид: «Хӯред, ош намонад, бо иштиҳо бошед, ки арвоҳ хурсанд шавад». Вале касе парво надошт, ки азодорон дар ин тангии рӯзгор харҷи маъракаро чӣ гуна мепӯшонанд? Магар садақа дар ҳаққи гузаштагон  бо қарз ва аз ҳисоби ризқи фарзандон шоистаи марҳамати иллоҳист? Аммо ҳайҳот.
Воқеан, дар он айём чунин маъракаҳои миёншикан дар байни аҳолии мамлакат  нав ба ҳукми анъана даромада буд. Солҳои минбаъда бо фароҳам омадани фазои орому осоиштаи зиндагӣ дороии мардум афзунтар гардид. Аммо ба ҷойи ислоҳи камбудиҳо, таассубу хурофот дар маросимҳои тӯю азодорӣ  амиқтар  реша давонд ва сабқат дар харҷу дабдабаи маъракаҳо шиддат гирифт. Аксари соҳибони тӯю маросимҳо аз тарси маломати мардум, харҷи барзиёд намуданд ва ба қарз ғӯтавар гаштанд. Бахусус, фарзандони азодор ба Одина- қаҳрамони асари устод Айнӣ табдил мешуданд. Чунончи ӯ барои худоии падараш аз Арбобкамол якумра қарздор монда буд.
Хушбахтона, танзими ҷашну маросими сокинони кишвар аз назари неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонд. Дар асоси қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2007 амалҳои исрофкорона дар баргузории маъракаҳои мардум аз байн рафт.
Пешвои миллат  24 майи соли 2007  қонуни номбурда ба мардуми ҷумҳурӣ муаррифӣ намуда, чунин иброз доштанд:
«Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».
Шаҳрвандон аҳамияти санади мазкурро дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ  амиқ дарк намуданд. Қонун бар асоси ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум амал намуда, ба шаҳрвандон ба ҷойи исрофкорӣ фарҳанги сарфакориро талқин менамояд. Хурду бузурги кишвар  хуб сарфаҳм рафтанд, ки баракати  зиндагӣ дар танзими ҷашну маросимҳост, на исрофкорию хурофотпарастӣ. Сарфа гардидани харҷи расму анъанаҳо ва аз ин ҳисоб зиёд гардидани маблағи пасандоз барои бархе оилаҳо имконият дод, ки  фарзандони онҳо касбу ҳунари замони хешро омӯхта, дар роҳи ободию шукуфоии Ватан саҳм гузоранд. Ба як меъёри муайян даровардани  расму оин ва маъракаҳо шаҳодат медиҳад, ки сокинон ба ин васила аз банди таассубу хурофот раҳо ёфта, акнун файзу баракоти зиндагиро дарёфтанд.   
Моҳи августи соли гузашта қонуни номбурда бо овози якдилонаи шаҳрвандон дар таҳрири нав қабул гардид. Тайи муддати кӯтоҳ харҷи беҳудаи маъракаҳо ва расму оинҳои миллӣ камтар ва дасти саховатмандон дар корҳои ободонию созандагӣ дарозтар шуд. Дар маҷмӯъ қонуни мазкур тавонист дар як муддати кӯтоҳ барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, ки аз ҳадафҳои меҳварии давлату Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад, заминаи мусоид фароҳам созад.
Олуфтабону АСКАРЗОДА,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2018    №: 96    Мутолиа карданд: 158

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед