logo

иқтисод

ИХТИРОЪКОРӢ. САРМОЯИ ПУРАРЗИШИ ТОҶИКИСТОН

Ҳоло дар арсаи  ҷаҳон иқтидори давлатҳо аз рӯи истифодаи моликияти зеҳнӣ ва технологияҳои навини иттилоотӣ баҳогузорӣ мешавад. Бо истифода аз неруи зеҳнӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба қатори давлатҳои пешрафта дохил гардидан воқеияти замон аст. Аз рӯи таҳқиқот шумораи зиёди ихтирооти муфидтарини ҷаҳон бештар ба сокинони Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Австралия, Шведсия, Чин,  Ҷопон, Британияи Кабир, Олмон   ва Амрико мансубанд.
Тибқи пурсиши сотсиологии маҷаллаи “Time” бошад, дар даҳсолаҳои оянда  дар кишварҳои Африқои Ҷанубӣ 80, Кения 82, Федератсияи Русия 84, Сингапур 84, Корея 85, Ҷумҳурии Мардумии Чин  92 ва  Индонезия 99 дарсади ихтироъкорону навоваронро ҷавонон ташкил хоҳанд дод.
Аҷдодони сарбаланду тамаддунэҷоди мо бо ихтироот ва навовариҳо, бавижа дар бахшҳои фарҳанг, алгебра, геометрия, тиб, дар таърихи тамаддуни башарият мавқеи сазовор доранд. Ҳамин ишора басанда аст, ки “Ал – Қонун” – и Абуалӣ ибни Сино беш  аз 500 сол китоби рӯимизӣ ва дастурамали табибони Аврупо буд.
Дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо барои рушди ихтироъкорию навоварӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба рушди моликияти зеҳнӣ ҳамчун яке аз омилҳои муҳими иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи хосса дода, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд. Татбиқи афзалиятҳои сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ба зиммаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» - и Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ба дӯши Вазорати фарҳанг ва навъҳои нави рустаниҳо ба зиммаи  «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» - и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Самараи талошҳои якҷоя аст, ки солҳои охир ихтироъкорию навоварӣ дар мамлакат рушд намуда, барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ 21 ихтироъкори Тоҷикистон бо медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 11 нафар бо медали тиллои Идораи патентии авруосиёӣ ва 16 нафар бо “Нишони фахрӣ”- и Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.  Ҳамчунин, дар Намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкори ҷаҳон», ки ҳамасола дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад,  26  бонуи тоҷик ба гирифтани   медалҳои  тилло, нуқра ва биринҷӣ шарафёб шудаанд.
Мусаллам аст, ки зеҳни инсон  аз замонҳои қадим ба офаридану сохтани асбоб ё таҷҳизот мувофиқи талаботи рӯзгор қодир аст.  Маҳз ба ин васила андешаҳои нави одамӣ истифода гардида,  ба  нафъи мардум ва пешрафти ҷомеа аз чарх то ба IPad (таҷҳизоти электронӣ) ва технологияҳои рақамиву иттилоотӣ падид омаданд ва мушкилоти одамонро осон кардаанд ва ин раванд беохир идома меёбад.
Боймурод БОЙЗОДА,
муовини директори Муассисаи  
давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2018    №: 96    Мутолиа карданд: 322

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед