logo

сиёсат

БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ БЕЛАРУС

Нимаи дуюми рӯзи 15-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар намоишгоҳ наздики 150 корхонаю ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Беларус номгӯи зиёди молу маҳсулот, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, мебел ва коркарди чӯб, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маишӣ, илм ва технология, саноати мошинсозӣ, техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро ба маъраз гузоштаанд. Ҳамзамон, дар ин намоишгоҳ имкониятҳои сайёҳии ин кишвар муаррифӣ карда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Беларус ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.
Сарони давлатҳо баргузории чунин намоишгоҳҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки сатҳи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус тамоюли мунтазами болоравиро дорад ва асосан дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис дода шудааст, баррасӣ мегардад.
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷиҳати ташкили таъминкунӣ бо ашёи хом, молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва, инчунин, инкишофи муносибатҳои байни субъектҳои минтақавӣ ва хоҷагидории ду давлат равона карда шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз Беларус ба Тоҷикистон асосан нақлиёти боркаши калони сохтмонӣ ва техникаи кӯҳкорӣ, маҳсулоти соҳаи бофандагӣ ва мебел, таҷҳизоти электрикӣ ва техникаи маишӣ, чӯб ва маҳсулоти коркарди он, чорвои зотӣ, маҳсулоти химияи ғайриорганикӣ ва дорусозӣ ворид мегарданд. Аз Тоҷикистон ба Беларус нахи пахта, пашм, мева, алюминий ва тухмиҳои равғандор содирот мешаванд.
Инчунин, ҷиҳати ба Тоҷикистон интиқол додани маҳсулоти корхонаҳои “БелАЗ”, “МАЗ” ва “МТЗ” ва пешниҳод ба дигар бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Дар солҳои охир аз Беларус ба Тоҷикистон барои сохтмони иншооти энергетикӣ тақрибан 1000 мошини боркаши калони сохтмонӣ ва таҷҳизоти истихроҷи маъдан ворид карда шудааст.
Ҳамзамон дар чорчӯбаи табодули таҷриба байни муассисаҳои ду давлат корҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи парвариши моли зотии калон ва селексия ҷараён дорад. Байни субъектҳои хоҷагидор шартномаҳо оид ба истеҳсол ва таъмини якдигар бо тухмиҳои баландсифат ба тасвиб расидаанд. Ҳамкории байниҳамдигарии вилоятҳо ва минтақаҳои савдои озоди ду давлат низ босуръат тақвият меёбад.
 Тибқи иттилои масъулон, ин калонтарин Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус мебошад, ки дар панҷ соли охир дар хориҷи кишвар баргузор мегардад.
Намоиши молу маҳсулоти Беларус дар шаҳри Душанбе то 23 майи соли равон идома меёбад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2018    №: 96    Мутолиа карданд: 187

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед