logo

илм

Миннат то ба чанду миннатбардорӣ то ба кай?

Мулоҳизаҳо дар атрофи як ҳангомаи академӣ
 
Қалам бифкан, ки дастат раъшадор аст,
Варақ бардар, ки фикрат ҳарзакор аст!
 
                                            Абдураҳмони Ҷомӣ
 
 
1
Соли гузашта дар Душанбе ва Москва ҷашни садсолагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Дар ҳар ду маърака олимони маъруфи шарқшинос иштирок доштанд. Мутаассифона, гуфта ва навиштаҳои ҷашнӣ ва пасоҷашнии баъзе аз онҳо ба ҳам рост намеоянд. Чунончи, ба қарибӣ академики АИ Тоҷикистон Борис Литвинскӣ хотираҳояшро интишор дода, зимнан дар ҳақи устод Ғафуров ва махсусан таърихи иншои китоби «Тоҷикон» ҳарфҳое зад нобоиста ва ношоиста. Вале Академияи илмҳо хомӯширо ихтиёр намуд. Ва ҳол он ки гуфтору рафтори узви пайвастааш на фақат ба торҳои нозуки асаби миллии мо нохун мезанад, балки аз чорчӯби одоби суннатии илму олимӣ ҳам берун мебарояд. 
Дар таърихи Шӯравӣ ва ба хусус Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро чунон мавқеъ ва мақоме насиб шудааст, ки ҳеҷ кас лофи баробарӣ зада наметавонад. Китоби «Тоҷикон», ки ба яқини комил гули сари сабади дастовардҳои илмии устод Ғафуров буд, низ дар рӯйхати таърихномаҳои машҳури гузаштаву ҳозира номнавис шудааст. Аз ин рӯ барои ҳимояи нангу номуси илмӣ ва нақши барҷастаи иҷтимоию сиёсии академик Бобоҷон Ғафуров сина сипар кардан ҳоҷат нест. Ва агар бо вуҷуди ин, банда аз гапҳои пурғарази Литвинскӣ, ки ҷумлатан ва сириштан ботиланду бас, назар напарҳезида бошам, вокунишам се сабаб дорад.
1. Бобоҷон Ғафуровро шахсан мешинохтам ва дар тақвиму тақдири илмии китобашон низ иштирок доштам. Ҳамзамон аз ҳамгинони академии Б. А. Литвинскӣ ҳастам. (Мо ҳар ду аъзои як шӯъбаи илмии Академия мебошем, албатта, агар маро аз рӯйхати узвҳои вобаста набароварда бошанд!)
2. Масъалаҳои бунёдӣ ва куллитар низ ҳастанд, ки аз ҷиҳати миқёсу аҳамият аз доираи муносибатҳои шахсии Ғафуров ва Литвинскӣ берун мебароянд. Ин масъалаҳо, ки поёнтар таснифу таъбир хоҳам кард, ба худвижагиҳои таърихию фарҳангии тоҷикон доир мебошанд. Ба хусус имрӯз, вақте ки дар шарқшиносии пасошӯравӣ ақидаҳои эроншинохтии даврони шӯравӣ мавриди боздиди интиқодӣ қарор гирифтаанд, масъалаҳои мазкур ба мадди назар мебароянд. Дар партави ин тамоюл, ки зоҳиран илмӣ буда, ботинан идеологист, гуфта ва пардохтаи Литвинскӣ рангу тобишҳое пайдо мекунанд, ки чашмандози худогоҳии таърихӣ ва худшиносии фарҳангии моро хира мекунанд.
3. Даъвои Литвинскӣ ба ҳарифони таърихиамон, ки то ин вақт дандон ба дандон монда хомӯш мегаштанд,қуввату қудрати нав бахшид. Аҷаб нест, ки дар ташкил кардани маъракаи нави “фошкуниҳо” ба дасти Литвинскӣ ҳамон нирӯҳои берунмарзӣ ва баъзе ҳасудони дарунмарзӣ ҳам ширкат варзида бошанд. Лекин инаш масъалаи илмӣ ҳам несту муҳим ҳам, бинобар ин аз хурдагириҳои шахсӣ, айбҷӯйиҳои гурӯҳӣ ва бегонаситезиҳои байналмилалӣ худдорӣ мекунам. Дигар андешаҳои ҷиддитар ва муҳимтар ҳастанд, ки бояд мавриди тааммули илмию иҷтимоӣ қарор гиранд.
Чунон ки аз солномаҳои қадиму ҷадид бармеояд, дигаргунии инқилобӣ, яъне ҷаҳида гузаштани ҷомеа аз як зинаи таърихӣ ба зинаи дигар, басе ба воқеае ҳамроҳ бувад, ки метавон куллан ва маҷозан ҳайкалшиканӣ унвон кард. Рангу раванди ин падидаи моҳиятан харобкунанда аз инкори куллии на фақат бунёди ҳаёти иқтисодӣ ва сохторҳои сиёсии ҷомеаи дирӯза, балки манзумаи арзишу суннатҳои маънавии рӯзгори гузашта, қонуну қоидаҳои маъмули ахлоқу одоби ҳаёти насли пешин ва ҳатто меъёру идеалҳои фарҳангу тамаддуни суннатӣ иборат аст. Ва ин ҳама фақат натиҷаи хурӯшу хурӯҷи издиҳоми “бехабар аз кори ҷаҳон” набуда, амру амали ғаразнокест, ки аз партави назарияҳои фалсафимаоб мунаввар шуда. Чашмрастарини онҳо ниҳилизм мебошад, ки инкори мутлақи гузаштаро ба як ҳисоб ҳақ мебарорад. Беҳуда нест, ки ин мақулаи номаъқул (ниҳилизм) ба радифи ақидаҳои фалсафии Урупо баъд аз Инқилоби Бузурги Фаронса ворид шудаст.
Инқилоби ӯктабр ҳам аз вокунишҳои ниҳилистона оғоз ёфт: болшевикон таърихи тоинқилобии Русияро тамоман рад карданд. Гардиши кунунии фалак бошад, зуҳури як навъ ришханди таърих аст. Зеро ки ниҳилизми пасошӯравӣ худро ба дигар ҳадди ифрот зад: рӯзгори шӯравиро комилан инкор мекунад! Аз ин мавқеи назар худнамоии Литвинскӣ аз минбари киберфазои чор тарафаш беҳудуд (аз ҷиҳати одоби баҳс низ) намоиши ҷузвии ҳамон падидаи хоси пасошӯравист, ки ҳайкалшиканӣ унвон кардам. Гап болои ин аст, ки Бобоҷон Ғафуров на фақат ҳамчун олим ва созмондеҳи илми академӣ, балки ба унвони арбоби олирутбаи ҳизбию сиёсии даврони Шӯравӣ низ маъруфанд. Фаъолияти илмӣ ва иҷтимоии эшон як қисми таркибӣ ва рамзии таърихи СССР буд; дар қаламрави худи ҳамон давлати бузурге ҷараён дошт, ки абнои садаи бистум ҳамчун яке аз ду Абарқудрати Ҷаҳон эътибору эътироф мекарду акнун ба туфайли саъю кӯшиши харобиовари каждумҳои таги бӯрёаш ба як воқеияти оҷизи таърихӣ табдил ёфтааст – чунон оҷизе, ки ҳар касу нокас зери по карда метавонад.
Литвинскӣ, гӯё дар омади гап бошад, маънидорона мегӯяд, ки дар Кумитаи Марказии ВКП(б) Ғафуров пушту паноҳе дошт. Манзураш Михаил Суслов аст, ки Ғафуровро ҳурмат мекард. («А. Суслов любил Гафурова»). Суслов худаш кӣ буд? Дар таъбири муғризонаи бозсӯзони ношуди горбачёвимаоб як идеологи аҳкомпарасту иртиҷоӣ буд. Пас, пурсидан равост, ки сарчашмаи «муҳаббат»-и чунин як одами «паст» худаш чӣ буда бошад? Дар ин бора Литвинскӣ чизе намегӯяд. Лекин гуфтание дорад, ки онро аз мантиқи афкораш берун кашидан мумкин аст.
Аввал ба назар гиред, ки Суслов ва Ғафуров кадрҳои баргузидаи Исталин буданд, ки ба талқини хурушчёвиёни чаласавод, ба болои зулму ситамаш олимтарошӣ ҳам мекард. Сонӣ ба ёд оваред, ки ба дасти қалби ҳамон хурушчёвиёни худком на фақат Исталин, балки ҳадди аксари аъзои номенклатураи олии камунистӣ, аз он ҷумла Сусловро, ба сифати одамони ҷоҳилу ҷаббор ниҳоят дараҷа бадном карданд. Ва агар дар охир ин ду факти таърихиро андаруни мақоли русии «ба ман бигӯ: дӯстат кӣ, ба ту гӯям: худат чӣ» андеша кунед, мефаҳмед, ки ҷони гап ё нимкосаи таги косаи Литвинскӣ куҷо будаст.
Иллати асосии таваҷҷӯҳи Суслов ба Ғафуров – ҳамсириштию ҳамфикрии идеологӣ-дия!! Дар масхараи Суслов ва бад-ин тариқ паст задании Ғафуров академики «ҳақгӯю» ҳақношинос мефармояд: вақте донистем, ки ба «Тоҷикон» тақризи манфӣ ташкил карданду дар маҷаллаи «Вопросы истории» дарҷ мешавад, Суслов ба ҳимояи Ғафуров бархост. Гузашта аз ин, собиқ Котиби аввали КМ ПК Тоҷикистон Ғафуров ҳатто дар соҳаи идеология ҳам чандон донишу малака надоштаанд! Вагарна ҳангоми гуфтугӯ бо Суслов чиҳо гуфтанро ба эшон ҷаноби Литвинскӣ ёд намедоданд!! («Ну, мы с ним перед этим прорепетировали».)
Ишораву пиндоштҳои Литвинскиро қаҳрамонҳои сохтаноми ҷанги пасошӯравии зиндагон бо мурдагон нағз фаҳмидаанд. Ман заҳрханди яке аз онҳоро мисол меоварам, ки аз афташ ба иллати шахси дипломдор ё мансабдор буданаш худашро “м-р Смит” гуфта муаррифӣ кардаст. Дар ифшономае (компромат), ки ӯ дар ҳошияи ёддоштҳои академик Литвинскӣ навиштааст, чунин омада: “Ана, боз як ҳубоб мавсум ба Бобоҷон Ғафуров, ки ӯро ахтари бузурги илм мехонданд, кафида рафт. Тоҷикон аз ҳамватани машҳурашон, ки дар танаффуси ҷумҳуридорӣ ҳамон китоби маъруфро навишта будаст, он қадр меболиданд, ки акнун ба ҳолашон раҳмам меояд. Охир, маълум мешавад, ки “Таърихи тоҷикон”-ро на ин ки вай, балки як ҷуфт яҳудиҳо – Литвинскӣ ва занаш навишта будаанд! Акнун ба тоҷикони аз ҳад ватандӯст ҳамин мемонад, ки худро ба нодонӣ зада, вонамуд намоянд, ки Литвинскӣ ҳеҷ чизе нагуфтааст; мусоҳибаи ӯро куллан сарфи назар кунанд ва онро тамоман аз ёд бароварда, таърифу тавсифи Ғафурови ҷудо ҳам бузургашонро давом диҳанд!”.
Чунон ки ҳувайдост, “м-р Смит” на фақат Ғафуровро ғайбат карда, балки нисбат ба Литвинскӣ ҳам беҳурматӣ намудааст. Муродам аз овардани суханони як бадгумону бадхоҳ ин аст, ки зимнан мехоҳам сабаби асосии ба таҳлилу тааммули гуфтору навиштори Литвинскӣ пардохтанамро гуфта гузарам: ман ба даъвати майдонталабонаи ҳарифи гумном маҳз аз номи тоҷикон ҷавоб доданиам, ҳарчанд ки аз ҷумлаи ватандӯстони смитҳо мегуфтагӣ (ура-патриот) нестам.
 
2
Абдулқодирхоҷаи Савдо гуфтаст, ки «аҳли фитрат пахтаро ҳаргиз намегӯянд пашм». Шоири шири хомхӯрда-дия! Чаро? Ҷояш ояд, мегӯяд!
Бесабаб нест, ки ахлоқи ҷамеи оламиён дурӯягиро манфуртарин хислати одамӣ мехонад. Чунончи, дар осори гузаштагон -- аз “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ сар карда то рисолаҳои сиёсии Аҳмади Дониш ва аз “Қуръон” гирифта то “Маснавии маънавӣ” -- пеш аз ҳама ва беш аз ҳама мунофиқонро ҳадафи мазаммату накӯҳиши ахлоқӣ қарор додаанд. Ҷиҳати рафтор фарқи хосу ом басе ҷуз он нест, ки зишткориҳои хосон одатан дар паси пардаи риё пинҳон бувад, ки ба зоҳир аз лутфу навозиш иборат аст, - мисоли ҳамон суханороии тумтароқе, ки дар забони ҳозираи форсӣ таоруф гӯянд. Ба забони омиёнаи тоҷикӣ гӯем, аз рӯ шонаву аз таг фона!
Илм аз осмон нозил нашудааст, кашфиёти одами хокист. Олими хокӣ бошад, аз зоти фариштаи беҷисму беҳис нест, холӣ аз ҳирс. ӯ бад-ин сифат аз ҳама ҳусну қубҳи фарзандони Одам баҳравар аст; аз ҷумла хислатҳое, ки ба рангу раванди пиндору гуфтору кирдораш асар доранд. Ва агар одамизода, ба қавли Хайём, “сириштае аз гили ғам ҳам буд”, худи он ғам басе ғами дигарон нест, оганда аз озу ниёзе бувад, ки аз ҳисоби бародарони ҳамтанаш қонеъ кардан мехоҳад. Пас, чӣ ҷойи ҳасрату ҳайронист, ки ин вақтҳо таърихнигорон росту дурӯғро рӯйирост ба ҳам омехта (ба ҳарому ҳалол чӣ расад!), ба таъбири Низомии Арӯзии Самарқандӣ гӯям, “накӯро дар хилъати зишт ва зиштро дар сурати некӯ ҷилва медиҳанд”! Ба яқини комил ин ҳама бедодгарии ақлонӣ маҳсули олими зархарид аст ё олимтароши беинсоф. Пас, чӣ вокунише метавон кард? Охир, як ибораи муассири шарикдарси донишгоҳиам Абулхайр Усмоновро (раҳматӣ устоди спорти СССР дар шамшерзанӣ буд) андак тағйир дода гӯям, инсоф сабзӣ набошад, ки бар даҳони дурӯғгӯ бизанӣ!
Лекин масъала чунон ҷиддист, ки бо ҳазлу писханд қаноат кардан нашояд. Падидаи мазкура табиатан фарозамонист. Бинобар ин ба шарҳи фалсафӣ пардохта зимнан як нуктаи куллии методологиро низ илова мекунам: дар илми ҷомеашиносӣ ихтилофи қавлҳо аз тазодди кунҷи назарҳо сар мезанад, ки на ҳамеша сирф илмӣ бувад. Ба раванду натиҷаи тафаккур ҳатто ҳиссиёти шахсӣ, хусусан таваҷҷӯҳ (симпатия) ва танаффур (антипатия), ҳавас (ба қавли русӣ, белая зависть) ва ҳасад (черная зависть) таъсир мекунанд, ки нуфузашон таҳтуззеҳнӣ ё ғайрииродӣ мебошад. Дар бораи нақшу нуфузи хурофоти қавмию фарҳангӣ ё пешдовариҳои идеологӣ хоҷати гап ҳам нест.
Моҳи майи ҳамин сол мулоҳизаҳои Абдумаҷид Достиев -- сафири мӯҳтарами ҷумҳуриамон, ки бо ихлоси тамом ба Литвинскӣ ордени Тоҷикистонро супориданду чун ҷумла тоҷикон аз гуфтаҳои ногаҳонии ӯ ба ғазаб омадаанд – интишор ёфтанд. Ҷавобномаи эшон аз андешаи ахлоқӣ сар шудаст. Абдумаҷид Салимович дар ниҳояти тааҷҷуб ва таассуф пурсидаанд: «Наход ки Литвинскӣ дар шӯрои илмӣ дар ҳузури ҳамватанони тоҷикистониаш ва олимони Институти худаш як гап гӯяду ба доираи васеи одамон чизи тамоман дигарро?»
Дар шарҳи фалсафии ин тазоди рафтор ба унвони шоҳиди рӯйдодҳои нохуши академӣ афзуданиам, ки илм ҳам торафт аз ахлоқ дур мешавад. Олимоне буданду ҳастанд, ки барояшон ақлу адл ду хати мувозистанд. Аз қавли Донои Юмгон Носири Хисрав гӯям,
Ақл дар дасти ин нуфоя гурӯҳ,
Чун накӯ бингарӣ, гирифтор аст!
Дар суннати маънавии мо кирдори «нуфоя гурӯҳ» (одамони паст)-ро дурӯягӣ хонанд. Аз ин ҷост, ки гуфтори Литвинскӣ ба ҳар як тоҷики бедор сахт мерасад; хусусан ки «компромат»-и ӯ баъди бо ордени «Шараф» мукофотонида шуданаш дар муҳити Интернет паҳн шуд. Аҷаб нест маҳз ба иллати он ки давлати Тоҷикистон ба шахсияти Литвинскӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намудааст, академики ордендор ба сурати «мурғи ҳақгӯ» даромад. Ва худро ба ноогоҳон муаррифӣ намуда, гӯё ба забони ҳол гуфтанӣ шудаст: «Ман орденро беҳуда нагирифтаам, ба тоҷикон хизмате кардам, ки онҳо намедонанд»! Дар бораи чигунагии хидмати воқеии Б. А. Литвинскӣ поёнтар муфассал мегӯям. Ин ҷо андешаи Абдумаҷид Достиевро аз дигар мавқеи назар давом медиҳам.
Шоири машҳури рус Владимир Маяковскӣ дар «Гӯш кунед!» ном як манзумааш истиораи ҷолиберо кор фармуда буд: агар ситораҳоро дар осмон даргиронда бошанд, пас ин кор ба ягон кас лозим будагист! Литвински як ситораи дурахшони афлоки сиёсат ва илми тоҷикро аз ҷояш канда, ба замин оварда таркониданӣ шудаст. Пас, даставвал андешидан бояд ки асли мақсаду мароми ӯ чӣ буда бошад? Чаро баъди аз рӯзи вафоти Ғафуров сӣ сол гузаштан, одамоне, ки ба онҳо устод самимона бовар доштанд, дар ғояти ғадри шахсӣ арвоҳи эшонро безобита мекунанд? Донистан муҳим аст, ки кадоме аз омилҳои зерин Литвинскиро такон додаст: шӯҳратпарастӣ, рашки иҷтимоӣ, кине аз дарун ё иғвое аз берун? Балки ба умеди боз ягон каромоти давлатист, ки дар баробари миннат ҷо-ҷо аз чоплусӣ ҳам парҳез накардааст?! Курра дода шутур мехоҳад? Академик шудагӣ, орден гирифтагӣ, лауреати Ҷоизаи Сино ҳам шудагист! Боз чӣ монда бошад? Хуб, дар муқобили хурдафурӯшӣ хурдагирӣ намекунам: озманд ҳамеша ниёзманд будаст!
Ба ҳар ҳол гуфта ва навиштаҳои ахири Литвинскиро наметавон ба сони себҳои тагрехта пиндошт, ки худашон аз шохсор канда шуда, ба замин афтидаанд. Яъне ёддоштҳои ӯро набоястӣ ҳамчун ҳарфҳое пазируфт, ки дар омади гап ё, ба қавле, ҳангоми ба эҳсосот дода шудани гӯянда, нохост пӯкида бошанд. Литвинскӣ ба давлати пирӣ расидааст  (умраш боз ҳам дароз бод!) таҷрибаи илмӣ ва амалиаш бошад, ба ҳадде ғанист, ки ҳар фикри ба забонаш омадаро беандеша намегӯяд. Хулоса, мушоҳидаю мулоҳизаҳои нашркардааш ҳамагӣ гапҳои тагдор ва нишонбанд ҳастанд. Албатта, ман гумон намекунам, ки Литвинскӣ қасдан «исён» карда бошад. Вале дар айни замон гумон намебарам, ки иллати ин хама нақду қалбҳои ноинсофонааш заъфи пирӣ бошад, чаро ки суханҳояш дарҳаму барҳам наомадаанд, калимаву ибораҳо бадеҳанавозона не, балки ҳадафмандона интихоб шудаанд, задаҳои мантиқӣ ҳам дар ҷойҳои даркорӣ гузошта шудаанд.
Ҳангомае, ки Литвинскӣ “ногаҳон“ сар кард, давоми як бозии академии сиёсатолуд аст, ки солҳои ҳафтодум баробари интишор ёфтани китоби Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфта буд. Оҳанги суханро пасттар карда гӯям, роҳбарон ва зиёиёни ҳизбии ҳамсояи деворбадеворамон аз иншо ва интишор ёфтани таърихномаи «Тоҷикон» чандон хурсанд набуданд. Вале, чунон ки ҳар кори сиёсатолудро бояд, аксуламалашон мунофиқона буд: Рашидов шахсан ба Ғафуров як гапро (таърифу тавсифи худашону китобашон) гуфтаву таърихнигорони чаласаводашро ба дигар кор (радду бадал кардани “Тоҷикон”) ҳидоят карда будаст. Вале мушкилии иҷрои супориши “Боло” ин буд, ки зӯри илмии академикҳои музофотӣ ба академики АИ СССР Бобоҷон Ғафуров намерасид.
Бинобар ин аввал онҳо хостанд китоби “Тоҷикон”-ро ба дасти олимони олирутбаи аз Русия кирокардаашон илман сиёҳ намуда, ҳамроҳ ба сари Ғафуров бори гуноҳи сиёсию идеологиро бор кунанд (албатта, пеш аз ҳама ба «миллатчигӣ» муттаҳам созанд!) ва бад-ин тариқ эшонро аз курсии академиашон ронанд. Диданд, ки нашуд (обрӯю эътибори директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР академик Б. Ғ. Ғафуров ба ҳадде буд, ки тақризи дар маҷаллаи расмии академӣ «Вопросы истории» ҳуруфчинишудаи олимони маъруфи русро гирифта партофтанд!), аз паи бадном кардани худи муаллиф шуданд. Чунончӣ, дасисае паҳн карданд, ки гӯё китобро ба таърихнигори тоҷик дигарон навишта додаанд. Бахилони бадхоҳ ҳатто миёни худи тоҷикон ҳам буданду ҳастанд; онҳостанд, ки солҳои ҳафтодум дар роҳравҳои Академияи ҷумҳуриамон низ дар ин бора миш-миш мекарданд…
Азбаски мақолаҳое, ки сомонаи «Фарғона» нашр намуд, нақли қавл буд, гумон мерафт, ки шояд торнигор ба хотири обу ранг додани шунидаҳояш калимаву ибораҳои илман носаҳеҳ ё ғалатро кор фармуда ва ё ҳатто ҳангомаҷӯёна оҳанги суханро андак тез карда, зимнан задаҳои мантиқии нақлу нақди мусоҳибашро низ тағйир дода бошад. Лекин қоидаи маъмул ин аст, ки агар истифодаи чунин сабку услуби журналистӣ мазмуну маслаки гуфтаҳои муаллифро сахт тағйир дода бошад, ӯ раддия навишта хонандаро огоҳ мекунад ва агар аз нақли қавлаш мабодо касе ранҷида бошад, аз вай узр ҳам мепурсад. Чунин вокуниш хусусан дар мавридҳое шарт аст, ки сухан аз иззати нафс ё номуси иҷтимоии шахсони ҷудогона ва ё ҳисси миллии халқе меравад. Албатта тарзу тариқҳои сириштан ғайриилмӣ ва ахлоқан нопоки радду бадалҳо низ ҳастанд, ки аз замони суфастоиҳо ин ҷониб маълум буда, интихобу истифодаашон дараҷаи одоб ва хислатҳои фардии худи ҷавобгӯро нишон медиҳаду бас. Чунончӣ, агар ӯ гурги борондида бошаду аз гургаки найранг ҳам маза гирифта, се чизро баҳона карда «халос» шуда метавонад: ноширон гуфтаҳоямро (1) тағйир дода ё (2) ихтисор карда ба дасти чоп додаанд ва ё 3) хонандагони ҳассос пораҳои ҷудогонаи мулоҳизаҳоямро берун аз қаринаи (контекст) андешаам фаҳмида ё таъбир намуда, ба ман қасдан хурдагирӣ кардаанд…
Бо назардошти ҳамин мулоҳизаҳост, ки дафъатан ҷавоб нанавишта муддате мунтазир истодам; даставвал донистан мехостам, ки худи қаҳрамони ҳангомаи академӣ ба эътирозҳои хаттию шифоҳӣ чи гуна ҷавоб медиҳад? Мутаассифона, Литвинскӣ дар посухи норизогиҳои тоҷикон аҷаб як тарзи хоси вокунишро интихоб кард. Вай аввал усулеро ба кор бурд, ки низ кӯҳнаву машҳур аст, вале на коргар асту на дардхӯр: даррав ҷавоб додааст, ки «ман ин гапҳоро нагуфтаам». Зиёда аз ин, ба академик Масов гуфтааст, ки «Матлабе, ки дар ҳамон сайт баромадааст, навиштаи ӯ нест». Пас, азони кист?! Аксуламали ҳайратангези Литвинскиро чӣ тавр фаҳмем: (1) худи факти вохӯрӣ ва гуфтугӯяшро бо Яновская эътироф мекунад ё не? Агар эътироф кунад, (2) матни чопшуда куллан хатост ё ҷузван, яъне мухбир кадом гапҳояшро дуруст нақл кардаасту кадомашонро нодуруст? Ва агар эътироф накунад, (3) пас, балки матн сохтаю бофтаи худи журналист аст?! Лекин дар он сурат саволи дигар пеш меояд: чӣ зарурате ё ниёзе Яновскаяро маҷбур кардааст ба чунин коре даст занад, ки расман ҷиноят буда, мавриди таъқиби додситон қарор гирифта метавонад?! 
Шояд бар асари ҷавобномаи нимрасмии Абдумаҷид Достиев буд, ки Литвинскӣ ба тағофули орифона пардохта ба коре даст зад, ки агар ба хотири ҳурматдошташ оҳанги суханро пасттар карда гӯям, аз кирдори пешинааш дида боз ҳам ҳайратангезтар буд: матнҳои дар торномаи «Фарғона» дарҷшудаашро оҳистакак гашта гирифта, ҷо-ҷо ислоҳу ихтисор намуда, онҳоро зери ҳамон сарлавҳаҳо ва санаҳои пешина дубора чоп кунонд! Вале бо вуҷуди ин ки ҳар ду матни электронӣ таҳриру тасҳеҳ шудаст, идораи «Фарғона» фақат ба бахши дувумаш як ҷумла огоҳинома афзудааст: «Матни аввалаи мақола бо хоҳиши Б. А. Литвинскӣ тағйир дода шуд» (Первоначальный текст статьи был изменен по просьбе Б.А. Литвинского.)
Ин огоҳинома аз ду ҷиҳат диққатангез аст. Якум, матни аввала мусоҳиба (интервю) набудааст, мақола будааст. Яъне вай гуфтаи худи Литвинскӣ мебошад, ки Яновская ҳарф ба ҳарф ба рӯи коғаз рехта ва ҳам аз назари муаллиф гузаронидааст. Пас, айб дар кафлес не, балки дар дег будаст. Дувум, дар огоҳинома дар бораи нодуруст, носаҳеҳ, нораво ё носавоб будани ягон фикри муаллиф ишорае нест. Пас, сабаби таҳрири дубора чӣ буда бошад? Хонандаро фақат ҳамин монда, ки гӯяд: “Ба Литвинскӣ аз берун фишор оварданд ва ӯ маҷбур шудаст, ки гуфтаҳояшро ба зоҳир тағйир диҳад”! Ба ботин чӣ? Литвинскӣ аввалин садоҳои эътирозро шунида, сар ба гиребон кашид ва боз ба “забони мурғон” ҳарф зад.
Нахуст, ку бубинем, ки Литвинскӣ кадом ҷузъ ё ҷиҳати мақолаи электрониашро тағйир додааст. Муаллиф асосан ҷойнишинҳои шахсии «ман»-у «мо»-ҳоро («ман кардам», «мо навиштем») хат зада, бад-ин тариқ гӯё аз умдаи мақсадаш, яъне саъю кӯшиши шарик шудан ба шӯҳрати илмии Ғафуров, даст кашидааст. Инчунин мушоҳида ва мулоҳизаҳои таҳқиромезашро андар шахсият ва фаъолияти илмии Ғафуров ё умуман гирифта партофтааст ва ё андак тағйир дода. Чунончӣ, дар як зерунвони мақолаи дувумаш дар тавсифи Ғафуров ба ҷойи «мудҳиш» (ужасный) «меҳрубон» (добрый) навишта, тасвири «баднамо» будани эшонро «олиҳимматона» кӯтоҳ кардааст.
Лекин ин узри бадтар аз гуноҳ буд! Ҳақиқатан ҳам, модоме ки Литвински ислоҳу ихтисорҳояшро шарҳ надодааст ва зимнан аз кори содиркардааш афсӯс ҳам нахӯрда, пурсидан равост, ки чораи андешидааш то чӣ андоза самимӣ буда бошад? Барои ба ин савол ҷавоб додан ба таҳтушшуури литвинскиҳо роҳ ёфтан лозим аст, ки амри муҳол бувад. Чунки барои ин мисли Ифройд (Фрейд) ё Йӯнг (Юнг) касро қудрати равонковӣ доштан мебояд. Ман чунин қудратро надорам, бинобар ин фақат аз рӯи гуфта ва навиштаҳои Литвинскӣ ҳукм мекунам. Аммо матнҳои Литвинскиро мутоила намуда, ба маънии ниҳонии онҳо сарфаҳм рафтан кори осон аст, зеро ба иллати чандон надонистани забони адабии рус аламҳои даруниашро ба воситаи рамзу маҷозҳо баён карда наметавонад. Ба ҳар ҳол нишони танзу ишоратҳои содааш дар миёни сатрҳои навиштаҳояш хода барин рост истодааст. Хулоса, барои ба рӯи об баровардани фикру зикри тагизабонии Литвинскӣ ба заҳмати иловагӣ ҳоҷат нест.
Тоҷикон мегӯянд, ки ҳар чӣ дар дил ҳаст, ба забон меояд. Вале забон порае гӯшт бошад ҳам, одамон одатан ҳамаи гапҳои дар дилашон бударо намегӯянд, чаро ки ахлоқу одоб ном лаҷоми маънавие ҳаст, ки роҳи байни дилу забонро посбонӣ мекунад. Ба ҳамин маънӣ ҳикмати мардумӣ низ афзуда: «одамӣ махфист дар зери забон». Бубинед, Литвинскӣ ин қадар рози дил доштаасту 40 сол боз хомӯш мегашт. Ва фақат ба одами худӣ дилашро холӣ кард. Такгуфторашбошад, тафсири ин ду ҳарф аст: ҷабру ҷафоро кӣ кашиду, шаҳду шакарро кӣ хӯрд!
Инак, Литвинскӣ бо ихтисору ислоҳу иловаҳои ҷудогона вонамуд кардааст, ки масъалаи мавриди эътироз аз байн бардошта шуд. Лекин тағйири исм тағйири мусаммо (объекти ном) надиҳад!
Якумин ва қотеътарин далел ин аст, ки худи сарлавҳаи мақолаашро, ки муҷассамаи иддаои умдаи ӯст («мы подарили таджикскому народу первую полноценную историю»!), айнан дар ҳамон шаклу мазмуни аввалааш нигоҳ доштааст. Дувумин далел боқӣ мондани ҷумлаест, ки ҷои пораи партофтаашро мазмунан пур мекунад: «Вале ман бо номи худам ҳам баъзе чизҳоро навиштаам» («но я кое-что сделал и под своей фамилией»). Савумин далелтаъкиду талқини хидматаш аз тариқи иқтибос кардани соядастест, ки Ғафуров ба рӯи китоби ба Литвинскиҳо тақдим кардаашон навиштаанд: «Ба олимони барҷаста, меҳнаткашони кордӯст ва дӯстони азизи манбо арзи сипоси фаровон ва эҳтиром…» Зимнан, муродаш аз овардани тақдимномаи Ғафуров низ бо як тир ду нишонро задан аст: фақат зикри хидматаш нест, аломати худнамоӣ низ баръалост («олими барҷаста»!). 
Академик Масов сабаби ба навиштаҳои ҳамгини москвагиаш аксуламале нишон надодани Академияи илмҳоро умуман ва таърихнигоронро махсусан шарҳ дода, дуруст гуфтааст, ки «дар журнали «Мерос» Литвинский дар ин бора бисёр хуб навиштааст», яъне ки Ғафуров ва «Тоҷикон»-ро тавсифу таъриф кардааст. Ман фақат ба як детали аз назар соқитшуда эътибор медиҳам. Шумораи ҷашнии «Мероси ниёгон» (№ 11, 2008)-ро ёфта, нусхаи ҳамон мақолаи Литвинскиро хонда баромадам. Маълумам шуд, ки мақолаи мазкура матни андак тағйирёфтаи сарсуханест, ки Литвинскӣ ба нашри дувуми «Тоҷикон» афзуда буд. Мақолаҳои дубора таҳрирхӯрдаи интернетиашро дар муқоиса бо матнҳои академиаш мутолиа намуда, ба хулоса омадан душвор нест, ки фикру мулоҳизаҳои ба Яновская гуфтааш дар мақолаҳои худаш навиштагӣ ҳам ҳастанд, фақат рӯйирост нею рӯйбастона қаламӣ шудаанд. Гуфтаҳои Литвинскӣ ба торнигор Яновская фақат як навъ «ҳикояи шавқоварест», ки даъвоҳои илмиашро ба таври аёнӣ ё оммафаҳм шарҳу тафсир медиҳад.
Пас, моро мебояд, ки гуфта ва пардохтаи академикро ба ҷид бипазирему ба ҷид таҳлилу тақвим намоем.
 
3
Таърихи ақлонии инсоният гувоҳ аст, ки муаллифони чандин асарҳои барҷастаи илмӣ, адабӣ ва ҳунарӣ ба ҳамлаҳои ноҷавонмардона дучор омадаанд. Басе дар атрофи аслияти асар ва ҳатто кӣ будани муаллифи аслии он ҳам баҳсу талош кардаанд. Чунончӣ, «компромат»-и даврони Шӯравиро як ба ёд оварем: Михаил Шолоховро ба он муттаҳам мекарданд, ки ҳангоми иншо кардани романи «Дони ором» дастхати кадом як афсари гумноми ҷанги ҳамватаниро истифода бурдааст. Чингиз Айтматовро бошад, ба он забонкӯтоҳ мекарданд, ки ғояи асосии «Дуроҳаи Бӯронӣ»-ро аз осори нависандаи қазоқ Абиш Кекилбоев рабудааст. Иддаои Литвинскӣ ҳам аз ҷумлаи ҳамин гуна часпу талошҳост, ки ба тоҷикӣ даъвои нони қоқ гӯянд. Вале азбаски чунин даъво аз забони олими намоён садо додааст, лозим меояд, ки ба забони илмии оммафаҳм ҷавоб диҳам.
Аз назари фарҳангшинохтӣ ҳар гуна китоб, аз ҷумла асаре, ки ба қалами як муаллиф навишта мешавад (монография), ба ду маъно маҳсули кори дастаҷамъӣ мебошад. Аввалан, вай дар заминаи таҳлилу таркиби асарҳои гузаштагону муосирон навишта мешавад. Сониян, муаллиф ҳангоми иншо ва ба чоп ҳозир кардани китоб бо чандин кас, аз ҳамкору ҳамкасбонаш гирифта то муҳарриру мунаққидон ба муҳокима, муколима ё мубоҳиса мепардозад. Ин хулоса махсусан ба «Тоҷикон» барин таърихномаи ҷомеъ дахл дорад, ки барои нигоштанаш садҳо маъхази таърихӣ ва ҳазорон китобу мақолаҳои илмиро мутолиа кардан ва маводи онҳоро истифода бурдан лозим меояд. Бадеҳист, ки чунин кори бузургу сангинро бе мадади дигарон анҷом додан амри муҳол аст.
Барои конкретона шарҳ додани ин нукта се бахши асари илмӣ — ғоя (идея), ақида (консепсия) ва матнро аз ҳам фарқ кардан даркор аст. Ин се дар нардбони китобнависӣ як навъ зинаҳоянд, ки ба онҳо муаллиф ба навбат мебарояд. Дар ҳар зина ӯ бо дигарон ба ин ё он тарз ҳамдастӣ мекунад, ки аз назари ахлоқи суннатии илм комилан равост. Масалан, ҳатто шарт нест, ки ғояи китоб ба унвони ният ё матлаб аз худи муаллиф бошад. Агар мавзӯи китоби оянда ҳангоми хондани китоб ё мақолаи олими дигар дар лавҳи хотираш нақш бандад ва ё вақти муҳокимаи маърӯзаи ҳамкасбаш, мутолиаи рисолаи шогирдаш ва ҳатто кори дипломии донишҷӯе дар зеҳнаш пайдо шавад, ин як падидаи маъмулист, на айб асту на аҷаб.
Дар тафсири ин қазияи умумӣ аввал таҷрибаи эҷодии худамро мисол меоварам, чунки онро беш аз ҳама медонам. Ғояи китоби «Эҳёи Аҷам» ҳангоми гуфтугӯҳоям бо шодравон Лоиқи Шералӣ пайдо шуд, ки дар арафаи ҷашни ҳазорсолагии Абӯалии Сино дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» доштем. Сонӣ дар рафти сӯҳбатҳои тӯлонӣ бо Сотимхони Улуғзода ва Шарифҷони Ҳусейнзода консепсияи асарам шакл гирифт.
Минбаъд Нодири Шанбезода, Муҳаббат Диловаров ва Урбатулло Тоиров дар ҷамъоварии мавод ёрӣ доданд. Ман ҳангоми гуфтугӯҳоям бо Ҷумъабой Азизқулов ва Иброҳим Раҳматов (дар идораи Қомуси Тоҷик) низ баҳрае бардоштаам, ки вақти навиштани китобам ба кор омад.
Акнун ба таърихчаи иншои «Тоҷикон» рӯ меоварам. Ба худи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ доштани нияти нигоштани таърихи илмии халқи тоҷикро Литвинскӣ ҳам инкор намекунад. («То ба Душанбе кӯчида омадани мо Ғафуров ба хулоса омада буд, ки таърихи тоҷиконро навиштан даркор аст».) Ҳақиқатан ҳам ҳар киро аз баҳри коре сохтаанд, меҳри ӯро бар дилаш андохтаанд! Ба хотири сари вақт ба ҷо овардани ҳамин кори худофармуда буд, ки устод баландтарин мақоми ҳизбию давлатиро ихтиёрӣ тарк карда, ба иҷрои вазифаи илмиашон камари ҳиммат бастанд. Дар биографияи партиявии академики оянда Ғафуров ин факти басе ҷолиб аст, вале Литвинскӣ эътиборе надодааст. Сабабаш ин аст, ки агар онро ёдрас мекард, ӯро мебоист ба як саволи барояш нохуш ҷавоб гӯяд: агар Ғафуров ба дасти дигарон оши илмӣ мепухта бошанд, эшонро чӣ зарурате пеш омада, ки аз Москва барои гирифтани «отпуски эҷодӣ» иҷозат хоҳанд ва ҳатто тақозо кунанд, ки агар илоҷи рухсатӣ гирифтан набошад, аз вазифаи олии ҳизбию давлатиашон озод кунад?!
Ба шарҳи ташаккули ақидаи муаллифи асари илмӣ гузашта бояд гуфт, ки дар илми ҷомеашиносӣ ба раванди тарҳрезии матлаби нависанда бисёр омилҳо таъсир расонда метавонанд: ҳам дарунӣ ва ҳам берунӣ. Сифати илмии китоб фақат ба қудрати эҷодии муаллиф ва дараҷаи инкишофи илм вобаста нест; ба корбандии ғояи асар муҳити идеологию сиёсӣ ва иқлими иҷтимоию фарҳангии ҷомеа низ сахт таъсир карда метавонанд. Аз ин мавқеи назар қиссаи ташаккулу такмили консепсияи китоби “Тоҷикон” ҷолиб аст. Литвинскӣ онро якҷониба нақл кардасту ғаразмандона нақд.
Агар гуфта ва навиштаҳои парокандаи Литвинскиро ба як низом оварем, он вақт гоҳномаи таърихчаи фаъолияти илмии Ғафуровро ба ду давраи сифатан нобаробар тақсим кардан мебояд, ки “то” ва “баъд” ишора шудаанд. То шиносоӣ бо Литвинскӣ эшон асарҳои “журналистонаю тарғиботӣ” (ибора аз мақолаи илмию ҷашнии Литвинскӣ дар “Мероси ниёкон”) ё “китобчаҳои нимбадеӣ” (аз гуфтугӯи интернетиаш) менавиштанд. Рост аст, ки минбаъд Ғафуров бо ёрии донишмандон аз журнализм дур шуда китоби бузургтар (“Таърихи мухтасари халқи тоҷик”) навиштанд. (Литвинскӣ онро монография наменомад, ки бесабаб нест.) Аммо ду нашри аввали китоб асосан таърихи адабиётро дарбар мегирифту бас. Зеро ихтисоси илмии онҳое, ки бо Ғафуров ҳамдастӣ кардаанд (нахуст Абдулғанӣ Мирзоев ва сонӣ Иосиф Брагинскӣ), адабиётшиносӣ буд. Нашри савуми китоб гапи тамоман дигар аст, чаро ки ин дафъа дасти рости Ғафуров ҷаноби Литвинскӣ будаанд! 
Аз байн даҳ сол гузашт. Табиист, ки дар ин байн илми таърих хеле пеш рафт. Пас, дастовардҳои онро дар саҳифаҳои «Таърихи мухтасар» қаламӣ кардан даркор буд. Литвинскӣ дар мақолаи академиаш хоксорона менависад, ки Б. Ғ. Ғафуров «то гуфтугӯямон ҳам медонист, ки ҳиссаи калони китоб кӯҳна шудаст». Модом ки чунин будаст, маълум нест, ки чаро Литвинскӣ баъдан бо истифода аз забони дипломатия мегӯяд: «Мо вазъи ба амал омадаро кушоду равшан муҳокима кардем»? Мазмуни аслии ин гуфтугӯро Литвинскӣ ба Яновская ҳикоя кардааст, лекин аз он хулосаи акс бармеояд: то оғози гуфтугӯи навбатӣ Ғафуров ҳанӯз намедонистаанд, ки «Таърихи мухтасар» кӯҳна шуда будаст. Ба ҳар ҳол, эшон дар бораи ба чоп ҳозир кардани нашри чоруми китоб («дар муқоваи зебо» ва «бо иловаи расмҳо») гап кушодаанд. Акнун давоми нақли Литвинскиро хонда ба оҳангаш эътибор диҳед: «Ҳамин вақт ман фаҳмидам, ки ҷиддан гуфтугӯ кардан лозим меояд. (Бинобар ин) ба Ғафуров бо қиёфаи ҷиддӣ нигариста гуфтам: ҳама ҷоҳои ин китоб кӯҳна шудаст, аз оғоз то анҷом»!
Аҷабо, наход ки ҳама қисмҳо ва ҷиҳатҳои «Таърихи мухтасар», ҳама нукта ва хулосаҳои Ғафуров саропо кӯҳна шуда буданд?! Методологияи марксистии китоб ҳам? Аз он ҷумла табақабандии зинаҳои тараққиёти таърихӣ (ба истилоҳ форматсияҳо) низ? Консепсияи прогресс чӣ (охир, ин мақула яке аз рукнҳои мутлақи таърихшиносии марксистию ленинӣ буд! Бе вай мафҳумҳои сотсиализму камунизм умуман маънӣ надошт!)? Наход ки Литвинскиҳо таърихи адабиётро ҳам (ба ҷои Брагинскӣ ё бе маслиҳати ӯ!) батамом аз нав навишта бошанд-а?!
Литвинскӣ дар идомаи нақлаш гуфтааст: «Вай (Ғафуров) наранҷид. Фақат пурсид: Шумо ёрӣ мерасонед?» Барои фаҳмидани нақши аслии Литвинскӣ дар иншои «Тоҷикон» нахуст бояд донист, ки худи ёрии дархостаи Ғафуров мушаххасан иборат аз чӣ буд? Ана ин ҷо ихтилофи ду матни Литвинскӣ ба рӯи об мебарояд. Дар матни электрониаш (сомонаи «Фарғона») Литвинскӣ ёриашро мушаххас намекунад, зеро он ҷо ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест: буду шуди масъала тавассути даъвои “мо навиштем” ва “мо тақдим кардем” баён шудаст. Дар зимн ишорае низ рафта, ки эшон “супориш”–и Ғафурови болонишинро аз ночорӣ иҷро кардаанд. Аввал мегӯяд: «Ин кор бароям ифтихори бузург буд». Вале худи ҳамон замон меафзояд: «Аз дасти ман чӣ ҳам меомад, ӯ котиби КМ буд, ман бошам, як номзади илм». Дар мақолаи академиаш Литвинскӣ эҳтиёткорона ҳарф мезанад, танҳо мегӯяд, ки Ғафуров аз ӯ дархост, ки “дар ҷамъ кардан ва ба низом овардани мавод ёрӣ расонад”. Вале пасон ҷумлае омада, ки маънии тагакиашро пай бурдан кори чандон душвор нест: “Ман бо пешниҳоди вай хушҳолона розӣ шудам, фикри эҷод кардани чунин асар дили маро рабуд” («я с радостью согласился с его предложением, идея создания такого труда увлекла меня»).
Инаш аҷибу ғариб аст. Литвинскӣ дидаю дониста аниқ накардааст, ки асли супориш иборат аз чӣ буд: сухан дар бораи ғун кардани мавод оид ба ҳамаи фаслҳои китоб мерафт ва ё Ғафуров фақат соҳаҳоеро дар назар доштанд, ки ихтисоси илмии Литвинскиҳо буд? Яқин аст, ки сухан аз маводи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ мерафт, ки он ҳам бошад марбут ба давраи муайяни таърихӣ. Пас, модом ки асли ҳол чунин буд, пурсидан равост, ки чаро фикри эҷод кардани чунин асар дили ёвари Ғафуровро ба якборагӣ рабуд? Барои он ки хонандагони босалоҳият асли муроди ӯро дуруст бифаҳманд, Литвинскӣ зимнан гуфта: супориши Ғафуров «вазифаи осон набуд» («задача была нелегкой»). Аз он ба баъд дар матни академиаш ишораҳое карда, ки ба хати мехӣ нест, ки нафаҳмем: «Заҳмати сангини қариб панҷсола (азони кӣ?) паси сар шуду дастнавис ба рӯйи миз (мизи кӣ?) гузошта шуд. Вай матни комилан нав буд, ҳаҷмаш аз китоби пешина («Таърихи мухтасар») се баробар бузургтар». 
Хонандаро бо дигар муқоисаву мулоҳизаҳо хаста накарда, ба бахши савуми матлабам мегузарам, ки ба иншои матни асари илмӣ доир аст. Ман шубҳае надорам, ки Литвинскӣ дар ҷамъоварии маводи таърихӣ хидмати калон кардааст. Хусусан ҳамчун муҳаррири масъул китоби «Тоҷикон»–ро такмил додааст, аз ҷумла аз тариқи навиштани иловаҳо онро вусъат ҳам бахшида. Вале низ яқин меравад, ки вай ба таҳрир ва хусусан иловаҳояш аз будааш зиёдтар баҳо додаст. Ҷони гап ин ҷост, ки ҳар гуна иловаро на ин ки ба худии худ, балки дар қаринаи матни асосӣ тақвиму тақдир кардан мебояд; ислоҳу иловаҳо берун аз чорчӯби ғоя ва консепсияи асар аҳамияте надоранд. Вагарна ман метавонистам худро ҳаммуаллиф ё ҳатто муаллифи ҳеҷ набуд, ними мақолаҳое шуморам, ки дар идораи «Қомуси Шӯравии Тоҷик» таҳрир карда будам! Охир, банда фақат забони навиштаҳои дигаронро ислоҳ намекардам; таърифи илмии мафҳумҳоро такмил медодам, ба мақолаҳо факту далелҳои навро меафзудам, консепсияи муаллифро тағйир ё такмил медодам ва баъзан мақолаашро аз нав менавиштам!
Ман ин далелро, ки шоҳидони зинда дорад, бо мақсади худнамоӣ наовардам. Танҳо ҳарорати ҳарбу зарби баъзеҳоро, ки зӯр зада кори дигаронро ба номи худ нависондан мехоҳанд, андак паст фуровардан мехоҳам! Дар воқеъ, рухсат диҳед, як саволи «беҷо» диҳам: муаллифи мақолаҳое, ки дар сомонаи «Фарғона» дарҷ шудаанд, кист?! Зоҳиран онҳоро Яновская навиштааст. Аслан бошад, моли Литвинскӣ мебошанд; мавод, пиндорҳо ва далелҳо ҳамагӣ азони ӯстанд! Аз ин рӯ ҳам дар матнҳо пеш аз зикри номи Яновская «навишта» не, балки «навиштагирифта» (записала) омадааст! Аз ин факти одӣ андар муносибати муаллиф ва матн як хулосаи куллӣ баровадан мумкин аст. Агар Литвинскӣ фикру андешаҳояшро ба дасти дигарон ба қолиб дароварда бошаду ба ин ҳақ ҳам дошта бошад, чаро айни ҳамин корро Ғафуров карда наметавонистаанд? Пас, аҷаб нест, ки барои Ғафуров нақши Яновскаяро Борис Анатолйевич ва Елена Абрамовна бозида бошанд, хусусан ки ба қавли онҳо, Бобоҷон Ғафурович «ба русӣ бисёр бад менавишт»! Хидмати мирзогии он дуро эътирофу эҳтиром мекунем, вале на зиёдтар аз ин!
Инак, ҳамкорию ҳамдастии муаллиф бо дигарон дар ҳар се савияи китобнависӣ — ташаккули ғоя, таъйиди ақида ва таълифи матн – як амру амали муқаррарӣ буда, онро танзу таъна кардан тамоман беҷост. Вале одоби илм ду қоидаи нонавишта дорад, ки риоя кардани онҳо барои муаллиф ҳатмист: якум, тамоми адабиёти истифодашударо зикр карда, зимнан тадқиқоти пешаҳдонро қадр намудан ва дувум, дар сарсухан ё охирсухани китоб муосирони ёрирасонда, маслиҳатдода ва ҳатто танқидкардаро (дар илм танқид такондиҳандаи афкор буда, тақриз, ҳатто тақризи ғаразмандона, вале нишонрас, сарфи назар аз оҳанги сухани мунаққид, қобили қабул аст) як ба як ном гирифта миннатдорӣ кардан мебояд. Устод Ғафуров айнан ҳамин ду қоидаро бо намакандешии тоҷикона иҷро кардаанд. Чунончи, дар муқаддимаи «Тоҷикон» чунин омада: «Муаллиф ба ҳамаи онҳое, ки бо маслиҳатҳо, мулоҳизаҳо, иловаҳо ва танқидёрӣ расонидаанд, - махсусан ба А. Е. Бертелс, И. С. Брагински, Э. А. Грантовски, Е. А. Давидович, А. М. Мирзоев, И. М. Орански, В. А. Ранов, В. А. Ромодин ва албатта ба муҳаррири ин китоб Б. А. Литвинскӣ самимона ташаккур мегӯяд». Чунонки аз ин феҳристи номҳо ҳувайдост, ҳангоми таълифи «Тоҷикон» Ғафуров бо донишмандони гуногун ҳамдастӣ кардаанд. Ҳатто дар рӯйхати бостоншиносон Литвинскӣ ва Давидович танҳо набуданд. (Ғафуров исмҳои В. А. Ранов и В. А. Ромодинро ҳам алоҳида зикр карда гузаштаанд.)
Литвинскӣ таърихро ба бостоншиносӣ баробар кардааст Ва ҳол он ки таърихи халқи тоҷик, чун таърихи дигар мардумони дунё, фақат аз таърихи маданияти моддӣ иборат нест. Маданияти моддӣ бошад ба археология мусовӣ нест, ки Литвинскиҳо мутахассиси ӯстанд. Гузашта аз ин, археология ҳам ба давраҳо ва ареалҳо ихтисос ёфтааст. Чунончӣ, таърихи маданияти моддии қадимтарин марҳилаҳои аҳди бостонро Литвинскиҳо мисли ҳамкори академии ман В. А. Ранов васеъ ва амиқ намедонанд. Вадим Александрович дар тадқиқи Осиёи Марказии қарни санг шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Беҳуда нест, ки Ғафуров дар сипосномаашон ӯро алоҳида номбар кардаанд.
Дар бораи маданияти маънавӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Возеҳу равшан аст, ки на Литвинскӣ ва на Давидович дар бахши таърихи забону адабиёти тоҷик аз худ ҳеҷ чизи нав афзуда ё ҳатто ягон чизи бударо таҳрир карда наметавонистанд. Барои собит кардани хулосаам як воқеаро қисса мекунам, ки иллаташро намедонам айб гӯям ё аҷаб. Агар дар бахши таърихи адабиёт Ғафуров аз маводу машварати Абдулғанӣ Мирзоев ва Иосиф Брагинскӣ баҳра бардошта бошанд, дар бахши таърихи забон мушовиру муҳаррирашон И. М. Оранскӣ буд. Зимнан, пас аз даргузашти Ғафуров вай кирдоре содир кард, ки аз рафтори кунунии Литвинскӣ ҳам бадтар буд. Соли 1979–ум Оранскӣ матнпораеро, ки ба «Тоҷикон» илова карда будаст, зери имзои худаш чоп кунонд (дар маҷмӯаи «Основы иранского языкознания»). Ҳамон вақт ман хостам дар матбуоти академӣ вайро ба асардуздӣ муттаҳам кунам. Албатта аз асли ҳол хабар доштам, вале кунҷковона донистан мехостам, ки Оранскӣ чӣ тавр, бо кадом тариқи илмӣ исбот хоҳад кард, ки мақола зотан моли худи ӯст. Вале устод Осимӣ маро намонданд, ки ба чунин кори масхаромез даст занам. Бо вуҷуди ин, масъала ҳанӯз кӯҳна нашудааст: акнун ба Литвинскӣ лозим меояд исбот кунад, ки қисми лингвистии «Тоҷикон» ҳам маҳсули қалами ҳамакораи ӯст!
Тоҷикони сода замоне мегуфтанд, ки «доно бевафогиро ор медорад». Чунки онҳо миннат накардани хидмати худро камоли фазли мард медонистанд. Лекин, чунон ки рафтори литвинскию оранскиҳо бармало нишон медиҳад, ин гапҳои дақёнусӣ ба доноёни охирзамон дахл надорад; онҳо одатан аз паси ёфтани бомаки паст мебошанд. Миннати хидмат (ҳатто хизмати хирсона!) низ аз ҷумлаи одатҳои онҳост.
Хулосаи калом, Литвинскию Оранскиҳо Ғафуровро илман «фош» накардаанд, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама симои маънавии худашонро нишон додаанду бас! Чоҳкан – зери чоҳ!
 
4
Хусусияти гуфта ё навиштаи Литвинскиҳост, ки шунаванда ё хонандаро, агар чизе фаҳмиданӣ ё пиндоштанӣ бошад, боястӣ сари ҳар ҷумла, ибора ва ҳатто вожа савол додан: яъне чӣ? Дар арафаи аз чоп баромадани “Тоҷикон” Литвинскӣ ба Ғафуров бо ташвиш гуфта будааст, ки «дар ӯзбакистон ба баъзе чизҳо хурдагирӣ хоҳанд кард». (Ман мақолаи дубора таҳриркардаашро иқтибос мекунам. Дар мақолаи аввалааш ба ҷои ӯзбакистон “ӯзбакҳо” гуфта буд. Ислоҳаш ҷузвӣ нест, нишоне дорад: дар ӯзбакистон тоҷикон ҳам ҳастанд!). Ҳангоми дарёфти ин андеша донистан муҳим бувад, ки дар ӯзбакистон маҳз ба кадом “чизҳо” эрод гирифта метавонистанд? Литвинскӣ бошад, эродҳои имконпазирро мушаххас намекунад. Вале азбаски китоби “Тоҷикон” маҳсули қалами худи Борис Анатолевич будаст, ҳувайдост, ки ҳамон “чизҳо”-и эродпазир низ навиштаҳои ӯстанд. Хурдагириҳояшон ғаразнок буд ё ҷон ҳам дошт? Агар ҷон дошт, пурсидан ҷойиз аст, ки ҳамон “чизҳо”-ро Литвинскӣ дидаю дониста навиштааст ё надониста? Агар дониста кардааст (надониста намекард, чаро ки вай ҷиҳати эҳтиёткорӣ ҳам таҷрибаи калон дорад), сабабаш чӣ буд? Шояд Ғафуров фикрҳои “баҳсноки” худашонро ба зӯрӣ сари ӯ бор карда буданд? Балки худи Литвинскӣ “он чизҳо”-ро бо ягон мақсади дигар (фитна ё хизмати хирсона?) ба матн афзуда бошад? Ба ҳар ҳол, муродаш аз огоҳ кардани Ғафуров худ чӣ буд? Мабодо ҳам дуздию ҳам пешгирӣ набошад?!
Саволи дигар ҳам ҷойиз аст: андешаи ташвишомезеро, ки Борис Анатолйевич ба ёд овардааст, дар воқеъ ҳам замоне ба Бобоҷон Ғафурович гуфта бошад ё онро танҳо ба мо мегӯяд? Яъне ки фаразан ба хотири post factum ҳақ баровардани кирдоре, ки баъди аз дунё гузаштани Ғафуров содир кардааст (матни “Тоҷикон”-ро гӯё бо маслиҳату машварати пешакӣ бо худи муаллиф ислоҳ карда будаст)? Хулоса, саволҳои беҷавоб бисёранд...
Барои мо дигар чиз муҳим аст: модом ки китоб нуктаҳое доштааст, ки бо онҳо Литвинскӣ розӣ набудаст ва ё розӣ бошад ҳам меандешидааст, ки мабодо онҳо мавриди танқид қарор нагиранд, аз ин мебарояд, ки даъвогар ҳатто ба унвони муҳаррири масъул тамоми матнро таҳрир накарда будаст, вагарна андешаҳояшро на ин ки баъди аз чоп баромадани китоб, балки ақаллан ҳангоми корректурахонӣ мегуфт. Ва агар пеш аз чоп гуфта бошад, ҷолиб аст, ки худи Ғафуров хавотиркашиҳои Литвинскиро ба назар нагирифтаанд. Аз ин мебарояд, ки пас аз вафоти эшон Литвинскӣ ҳақ надошт, ки ба матни асл даст занад.
Азбаски худи Литвинскӣ хурдагириҳои имконпазири ҳарифони таърихиамонро бозгӯ накардаст, лозим меояд, ки онҳоро худамон аз рӯи мантиқи гуфтааш ва натиҷаи кардааш дарёбем. Мавриди эътирози сахт аст, ки Литвинскӣ баъди даргузашти устод Ғафуров худаш худашро васӣ ва вакили илмии эшон таъйин намуда, бад-ин унвони қалбакӣ ҳангоми нашри дувуми русии «Тоҷикон» бар хилофи иродаи муаллифи «Тоҷикон» ба матни китоб худсарона тағйироти ҷиддӣ ворид кардааст. Ҳамон қиссаи нашри душанбегии «Таджики»-ро гиред, ки баъзе эпизодҳои нохушашро Қодири Рустам ба унвони шоҳиди гуфтугӯҳо дар идораи нашриёти «Ирфон» дар матбуот нақл кард. Маълум мешавад, ки дар ду зербобе, ки мувофиқан «Адабиёт ва илми тоҷик дар асрҳои XI - оғози XIII» ва «Адабиёт ва илми тоҷик дар асрҳои XIII – миёнаи XIV» ном доштанд, Литвинскӣ исми «тоҷик»-ро хат задаст! Ин кораш таконе аз берун ҳам дошт. Эроди асосии «оппозитсияи илмӣ» ба равишу тариқи таърихнигории Ғафуров ин буд: мероси таърихии ҷамеи халқҳои Осиёи Миёнаро ба номи халқи худаш нависондааст! Ин ақидаи интиқодиро бори аввал солҳои чилум академики ифтихории АФ ӯзбакистон С. П. Толстов хаттию шифоҳӣ изҳор карда буд. Солҳои ҳафтодум гуфта ва навиштаҳои ӯро академикҳо А. П. Окладников ва Б. Б. Пиотровскӣ такрору таъкид намуданд.
Чунончӣ, ба қавли академикҳои мазкур (А. П. Окладников ва Б. Б. Пиотровскӣ), дар боби «Адабиёт ва илми тоҷик дар асрҳои XI - оғози XIII»-и китоби Ғафуров “сухан дар бораи ҳамон арбоби маданият ва санъат меравад, ки аслан олимон ва нависандагони тоҷик набуданд; эҷодиёти онҳо як қисми ҷудонашавандаи ганҷинаи фарҳанги асримиёнагии Осиёи Миёна мебошанд”. Аввалан, пурсидан баҷост, ки эҷодиёти классикони адабиёти форсу тоҷикро ба кадом маънӣ “як қисми ҷудонашавандаи ганҷинаи фарҳанг”–и ҷамеи халқҳои минтақа хондан бояд? Магар осори онҳоро дигарон ҳам мисли тоҷикон дар забони асл мехонанду дар рӯзгорашон пайваста иқтибос мекунанд? Сониян, ба қавми мушаххас мансуб будани арбоби барҷастаи илму адабро ба сандуқи маънавиёти умумиинсонӣ тааллуқ доштани эҷодиёташон муқобил гузоштан илман нодуруст аст: Дар воқеъ, магар аз бозе, ки эҷодиёти Достоевскӣ ба ганҷинаи адабиёти Урупо ва умуман адабиёти ҷаҳонӣ ворид шуд, минбаъд аслу насаби ӯро рус гуфтан норавост?
Муаллифони тақризи мазкур хоку хунро меъёри мансубияти қавмӣ дониста, барои исбот кардани ақидаашон Хайём ва Беруниро мисол овардаанд ва зимнан ба Ғафуров хабар додаанд, ки зотан аввалӣ эронисту охирӣ хоразмӣ (“ӯзбак” хонед!). Азбаски ин эроди маъмулист, лозим меояд, ки ба вай мушаххас ва муфассал ҷавоб гӯям. 
Хайём осори адабӣ ва таърихиашро ба худи ҳамон забони содаву равон навиштааст, ки суханшиносон “ширинтарин лаҳҷаи забони форсӣ” хондаанд ва мавсум ба тоҷикист. Ин бесабаб нест: Хайём дар Хуросон (Нишопур) ба дунё омада, дар Самарқанду Бухоро ба камоли маънавӣ расидааст, яъне дар шаҳрҳое, ки он ҷоҳо то кунун тоҷикон зиндагонӣ мекунанд. (Дар омади гап гӯям, Окладников ва Пиотровскӣ дар боби «Адабиёт ва илми тоҷик дар асрҳои XI - оғози XIII» зикр шудани номи Хайёмро маъқул надониста, ҳамзамон аз он ки Ғафуров Низомиро “фарзанди даҳои халқи озарбойҷонӣ” хондаанд, дидаю дониста сарфи назар кардаанд!) Мунаққидони академии “Тоҷикон” бошанд, омили ҷуғрофиро якҷониба истифода бурдаанд: Хайём дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ таваллуд нашуда буд ва гӯраш ҳам дар Эрон мебошад. Албатта ин дуруст аст, вале агар мо ҳам аз рӯйи чунин мантиқ меъёри ҷуғрофиро корбаст кунем, онгоҳ метавонем бипурсем: магар Рӯдакӣ дар Эрон ба дунё омада, дар ҳамон ҷо зиста ва ё хок шудаст, ки ӯро “падари адабиёти форсӣ” хонда, ҳамзамон номи “тоҷик”-ро ба забон намегиранд?! Абӯрайҳони Берунӣ чӣ? Ба ёдам ҳаст, ки шарқшиносон боре дар боби он ки номи ин олимро ба шакли форсии эронӣ (Бирунӣ) ё забони тоҷикӣ (Берунӣ) навиштан бояд, баҳс карда буданд, ҳол он ки ӯ ҳам ба Эрон нарафта буд.
Абӯрайҳони Берунӣ аз миёни қавми ориёие бархоста буд, ки дар таърихномаҳо аҳли Хоразм ё хоразмиён унвон шудаст. Дар рӯзгори вай (садаи даҳум) ватанаш Хоразм ҳанӯз турконида нашуда буд, ҳамзамон забони тоҷикии форсӣ торафт ҷойи забони маҳаллиро (хоразмӣ) мегирифт, ки дузабонагии худи Берунӣ шоҳиди ӯст. Бино ба ҳуҷҷатҳои таърихие, ки марҳум А. А. Семёнов таҳлил карда баромада буд, шоҳҳои Хоразм ҳатто ду қарн пас аз ин (садаи дувоздаҳум) ҳам фармон (маншур)-ҳои худро ба тоҷикӣ менавиштанд. Баъзан барои собит кардани ба фарҳанги килоссикии тоҷику форс тааллуқ надоштани Берунӣ далеле меоранд, ки олим забони арабиро таъриф карда, забони форсиро наҳ задааст. Худи ин факт ҷои баҳс надорад. Лекин бояд ба назар гирифт, ки Берунӣ қудратҳои забонҳои арабӣ ва форсиро дар илм муқоиса карда, хулоса баровардааст. Вале хулосааш аз як ҷиҳат дуруст бошад ҳам (ба арабӣ истилоҳ сохтан нисбатан осон аст), аз дигар ҷиҳат нодуруст буд. Гузашта аз ин, Берунӣ баъдтар ба забони форсӣ нахустин рисолаи астрономӣ (“Ат-Тафҳим”) эҷод карда, бо ҳамин кораш хулосаи пешинаашро худаш дар амал рад кард. (Вай дар баробари Абӯалии Сино яке аз бунёдгузорони терминологияи илмиамон ба шумор меравад.) Пас, мероси Берунӣ пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба кадом халқ тааллуқ дорад? Аз рӯйи кадом меъёр ё ба кадом сабаб ӯро олими араб ё ҳатто турк хонем?!  
Дар зимн як нуктаи куллиро низ афзудан даркор аст. Ҳамсоягӣ ба худии худ барои ба мероси дигарон шарик шудан замина буда ё шуда наметавонад. Чунончӣ, замоне, ки дар сарзамини Итолиё гулхани Растохези фарҳангӣ ҳамаро мунаввар мекард (садаҳои XIV-XVI), муҳити фарҳангии кишварҳои ҳамсоя ҳанӯз торику хомӯш буд. Ва фақат пас аз 100-200 сол (дар қарнҳои XVII-XVIII) ба ҷунбиш омад. Бинобар ин касе аз ҳамсояҳои итолиёвиҳо дар бораи қонунӣ будан ё набудани мафҳуми “Эҳёи Итолиёвӣ” баҳс накардаасту намекунад, ҳеҷ кас дар хуни Галилей ё Микеланҷело қатрае аз хуни немисҳо ё фаронсавиҳоро намеҷӯяд, ҳамчунин ягон кас аҳду арзи падидаи Эҳёро мавриди шаку шубҳа қарор намедиҳад. (Масалан, ҳеҷ кас даъво накардааст, ки Ренессанси Фаронсавӣ аз Эҳёи Итолиёвӣ дида пештар содир шудаст.) Лекин ҳамин ки сухан аз Эҳёи Аҷам рафт, тамоми ҳамсоягони дуру наздики тоҷикону эрониён “он вақт мо ҳам будем!” гуфта ба по мехезанд!
Хулосаи калом, ҳангоми нақлу нақди осори илмӣ ва адабии аҳди Сомониён ва Ғазнавиён ба хотири ҳамон даъвогарони таърихдузд хат задани номи “тоҷик” амру амали комилан худсарона буд. Вале барои он ки ҳукми ман ҳам якҷониба ё ғаразнок нанамояд, боз як эроду эътирози илмиро дида мебароям, ки гӯё ба мероси аҳди Оли Сомон ва Давлати Ғазнавӣ ҳақу ҳуқуқи комил доштани тоҷиконро бекор мекунад. Дар воқеъ, ба назари аввал Литвинскӣ таърихро таҳриф накарда, баръакс, гӯё ҳақиқати таърихиро, чунон ки буд, барқарор намудаст: охир, он замонҳо худи мафҳуми «халқи тоҷик» вуҷуд надошт! Ин эроди зоҳиран асосноку ботинан беасосро акнун баъзе мардумшиносони навбаромади Русия (масалан, Сергей Абашин ном як мардумшиноси навбаромад, ки аз сарқути собиқ шӯравишиносони амрикоӣ илҳоми “илмӣ” гирифтааст!) то дараҷаи сафсата расонидаанд: аввал «халқ»-ро ба «миллат» баробар мекунанд ва сонӣ эълон медоранд, ки «тоҷикон» низ ҳамчун воҳиди антропологӣ дар радифи “ӯзбакҳо” зодаи сиёсати замони шӯравистанд!
Лекин «халқ» худаш кист ё чист? Дар илми мардумшиносии суннатӣ (этнография ё, чунон ки акнун мегӯянд, этнология) ҳар гуна умумияти забонию фарҳангиро «халқ» мегуфтанд. Вале агар ба масъала васеътар бингарем, онгоҳ дармеёбем, ки ин мафҳум нопурра аст. Халқ фақат тӯдаи одамон ё анбӯҳи мардумнест. Ва агар тӯда ё анбӯҳ ҳам буд, он бетартиб нест, тӯда ё анбӯҳи ҳамбастаест: баста бо торҳои маънавии се рукни муҳим аст, ки ӯро ба унвони қавм дар замону макон муайян ва мушаххас мекунанд: на фақат забон ва фарҳанг (урфу одати насл ба насл гузаранда ва ҷаҳонбинию ахлоқи динӣ), балки инчунин шаҷара (ба истилоҳ устураи этногенетикӣ, яъне ривоят андар пайдоиши мардуме, ки эҷодкори ӯст), ки хаттӣ ё даҳонӣ буда метавонад.
Оре, аз даврони Сомониён ба таърихнигорон ягон ҳуҷҷате дастрас нашудааст, ки дар он касе аз бузургонамон худашро тоҷик хонда бошад. Лекин масъала дигар як ҷиҳати муҳим низ дорад. Муассисону муосирони Оли Сомон бо забоне гап мезаданд, ки ҳанӯз барҷост; меҳанпарастони он замон ба унвони «Шоҳнома» шаҷараномаи манзуме нигоштаанд, ки имрӯз бе луғат хонда мефаҳмем; муаллимони ахлоқ одоберо талқин мекарданд, ки рукнҳои онро мо, муосирони қарни бисту якум, низ пайваста пос медорему ҳамоно риоя мекунем. Пас, онҳо кӣ буданду мо кистем?! Мо ба якдигар маҳз аз кадом ҷиҳат бегона буда бошем?! Модом ки забонамон, урфу одатҳоямон, адабу одобамон ва дину мазҳабамон яксон будаанд, чаро мардуми аҳди Сомониёнро аҷдод нахонему худамонро ворис?!
Лекин оё худи Оли Сомон ҳам зодаи таъриху парвардаи фарҳанги тоҷик буд? Оре, Давлати Сомониён бе ягон шаку шубҳа зодаи таъриху парвардаи фарҳанги тоҷик буд. Ин ҳақиқатро ду далели қотеъ тасдиқ мекунад. Аввалан, Оли Сомон дар сарзамине қомат афрохт, ки он ҷо аҷдоди мо аз қадимзамон сар карда зиндагӣ мекарданд; хидмати таърихии Сомониён иборат аз ин буд, ки онҳо бори аввал ҷумла заминҳои тоҷикнишинро дар қаламрави як давлати мутамарказ муттаҳид карда тавонистанд. Ба ин маънӣ андаруни қаламрави Давлати Сомониён якҷинсагии қавмию ваҳдати фарҳангӣ ҳукмфармо буданд. Дар воқеъ, онвақт, чунон ки академик В. В. Бартолд дақиқкорона ба мушоҳидаи илмӣ гирифта буд, сарҳади сиёсӣ асосан ба сарҳадҳои қавмию фарҳангӣ (байни тоҷикон ва туркон), иқтисодӣ(байни водиҳои зироаткорӣ ва даштҳои кӯчию рамадорӣ) ва динӣ (байни мусулмонон ва кофирон) рост меомад. Сониян, тамаддуни сомонӣ мисоли тамаддуни қибтӣ (Мисри Қадим) нест ва ба таърихи арабҳо мансуб донистани он комилан норавост; миёни гузаштаи ориёнӣ ва ҳозираи сомонӣ робитаи бефосилаи фарҳангӣ вуҷуд дошт. Аз ин ҷиҳат тоҷикон ҳақиқатан ҳам тамаддуни сеҳазорсолае доранд, ки миёни аслҳою фаслҳояш пайванди ногусастанӣ ҳанӯз ҳам боқист; макону замонҳои маънавиамон, бо вуҷуди он ҳама парокандагии ҷуғрофие, ки моро дар таърихи пурпечутобамон насиб шуда, ягонагии маънавии худро воқеан ва куллан ҳифз карда тавонистааст.
Хулосаи калом, тоҷикон таърихе доранд зинда ва зоҳир, пас, ягон розу ниёзе низ надоранд, ки валинеъматҳо ё мӯҳсинҳои навбаромади хориҷӣ аз пораҳои таърихи бегонагон барояшон кӯрпаи қуроқӣ дӯхта диҳанд! Албатта, ин як “ҳақиқати объективист”, ки ба «ҳақиқати субъективии» баъзе таърихнависони охирзамон рост намеояд. Сабабаш ҳам равшан аст. Азбаски субъекти пажӯҳиш фарди зинда аст, субъектгароӣ (субъективизм) ҳатто ба олимони табиатшинос низ бегона нест. Вале дар илми таърих нуфузи назари субъективона шояд бесобиқа бувад. Аз ин рӯ дарёфтани мотив ё иллате, ки Литвинскиро водор кардаст «Тоҷикон»-ро аз номи Ғафуров, вале ба коми худаш дубора таҳрир намояд, фақат аломати кунҷковӣ нахоҳад буд. Такрор мекунам: ман равонков (психоаналитик) нестам: ягона воситаи пиндорам мантиқи суварист.
Инак, нахуст як ба ёд оварем, ки вақти бознашри «Тоҷикон» (соли 1989-ум) андаруни бозсозии горбачёвӣ аллакай бозсӯзии ёлтсинӣ дуд мекард. Дар «канорҳои миллӣ» бошад, ҷо-ҷо оташи бархӯрдҳои пораҳои ҷудогонаи “халқи советӣ” забона мезаданд, ки дар барангехтани онҳо дар баробари қудратталабони нодидаю музофотзада қаламбадастони “оташсухан” низ ширкат доштанд. Ба ҳар ҳол ҷанги Арманистону Озарбойҷон аз таърихталошиҳое сар шуд, ки дар рафти онҳо академикҳои забони маҳаллӣ тамоми фасоди кашмакашҳои чандинасраи ду халқро аз бойгониҳои илми таърих берун бароварда, муҳити маънавии ҳамсоягонро бо токсинҳои адоват заҳрогин карда буданд.
Литвинскӣ гӯё миёни обу оташ монда буд. Аз як тараф, бармало медид, ки миллатгароии ифротӣ асосан миёни аҳли туркизабон, аз ин ҷумла ашрофи сиёсӣ ва академии ӯзбакистон, мавҷ мезанад, ба дараҷае, ки бунёди маънавии Давлати Шӯравӣ, ба хусус принсипи “дӯстии халқҳо”-ро аз дарун хароб мекард. Аз тарафи дигар, хавотир дошт, ки мабодо нирӯҳои иртиҷоии Шӯравии ба роҳи фурӯпошии сиёсӣ қадамниҳода ба по хеста, бозсозии ҳаваскоронаи горбачёвиро пахш кунанд ва ҳамроҳ боз ба таъқибу террор пардозанд. Табаддулоте, ки моҳи августи соли 1991-ум ба истилоҳ ГКПЧ ба амал бароварданӣ шуд, нишон дод, ки хавотиркашии Литвинскӣ беасос набуд. Хусусан, дигар пуштупаноҳе надошт, ки мисли Ғафуров ҳам нуфузи академӣ ва ҳам қудрати сиёсӣ дошта бошад. 
Аз ин мавқеи назар як детали ҳаёти илмии давраи Исталин ҷолиб аст, ки зикраш дар мусоҳибаи Литвинскӣ бо Яновская гузаштааст: шарқшиноси яҳудитабори ленинградӣ Александр Бернштамро «миллатчии умдаи халқи қирғиз» хонда аз кор ронда буданд! Гӯё ки дар омади гап гуфта гузаштааст, вале агар ба ин қисса аз айнаки ҳамон дурнамои имконпазири пасобозсозӣ бингарем, пай мебарем, ки аз таҳтуззеҳни Литвинскӣ ғаризаи худнигаҳдорӣ нуфуз мекунад, ки як эҳсоси табиӣ бувад.
Қисса кӯтоҳ, эҳтиёткориҳои Литвинскӣ комилан фаҳмост ва ҳатто метавон бахшид. Фақат ҳаминаш боиси тааҷҷубу таассуф аст, ки олими баландпоя ба ҷои ба интизоми академӣ овардани таърихорою таърихдузду таърихсозони навбаромад ва бад-ин тариқ ҳимоя кардани ҳақиқати илмию адолати таърихӣ худ замонасозӣ карда, матни “Тоҷикон”–ро мувофиқи табъи ҳамонҳо “ислоҳ” намудааст! Гузашта аз ин, Литвинскӣ дар баъзе мавридҳо худаш ба таърихсозӣ пардохтааст. Инаш албатта набахшиданист, зеро ин дафъа ӯ аз чорчӯби қонуну қоидаҳое берун баромадааст, ки мавриди эътирофу эътибору эҳтироми ҷамоаи илмии ҷаҳон қарор гирифтаанд. 
Сухан аз ҳамон иқдоми комилан ғайриилмии Литвинскӣ меравад, ки Қодири Рустам нақл кардааст. Ман маълумотеро, ки вай лутфан бароям фиристода буд, тафтиш карда баромадам. Литвинскӣ дар баробари дар фаслҳои ҷудогонаи китоби Ғафуров ихтисор кардани исми «тоҷик» бо ишора ба сарчашмаи маълуму маъруфи садаи даҳум «Таърихи Бухоро» ба таърихсозие пардохтааст, ки намунаҳои барҷастааш кайҳост дар осори “илмии” ҳамкасбони ӯзбакистонии ӯ солҳост мушоҳида мешаванд. Хабари дар “Таърихи Бухоро” дарҷшуда бошад, чунон возеҳу равшан аст, ки ба кӯр асо буда метавонад: «Мардумони Бухоро ба аввали ислом дар намоз Қуръон ба порсӣ хондандӣ ва арабӣ натавонистандӣ омӯхтан».
Дар китобе, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Б. Ғ. Ғафуров нашр шуда буд, ин маълумоти таърихӣ айнан истифода шуда буд: “Аз суханони Наршахӣ (асри Х) маълум аст, ки... дар масҷиди Бухоро Қуръонро ба форсӣ мехонданд”. Литвинскӣ ин ҷумлаи Ғафуровро аз нав таҳрир карда, ба шакли зерин навиштааст: “Аз қиссаи Наршахӣ (асри Х) бармеояд, ки... дар тарғиби ислом ва маросими исломӣ забони маҳаллии (ё забонҳои маҳаллии) сокинони Бухороро истифода мебурданд”.
Таҳрири Литивинскӣ бояд аз се ҷиҳат мавриди эътибору эътироз қарор гирад. Якум, Литвинскӣ навиштаи Наршахиро айнан иқтибос наоварда, гапро “аз қиссаи Наршахӣ бармеояд, ки...” гуфта оғоз менамояд ва бад-ин тариқи нораво худсариашро рӯйпӯш кардан мехоҳад: хулосаҳое, ки ӯ гӯё аз қиссаи Наршахӣ баровардааст, ба гуфтаи муаллифи «Таърихи Бухоро» тамоман рост намеоянд! Дар зимн усули ба кор бурдаи Литвинскӣ ҳам нав нест; онро аз ӯ пештар академикҳои чапдасти ӯзбакистонӣ истифода бурдаанд. Чунончӣ, академик Бӯрӣ Аҳмадов аз номи Абӯҷаъфари Табарӣ, ки таърихномааш (“Таърихи Табарӣ”) яке аз мӯътабартарин сарчашмаҳои аҳди ислом ба шумор меравад, эълон дошт, ки гӯё дар асрҳои ҳафту ҳашти солшумории насронӣ аҳолии Балху Бухоро асосан аз туркон иборат будаст! (Туркшиноси маъруф Брегел аз Амрико истода таърихнависони наву кӯҳнаи ӯзбакистонро ба ин ва дигар корҳои ношоямашон бо танаффур муттаҳам карда буд.)
Дувум, Литвинскӣ сухани Наршахиро дидаю дониста таҳриф кардаст: номи забони модарии тоҷикони Бухороро (форсӣ) хат зада ба ҷойи он “забони маҳаллӣ” навиштааст, ки чӣ будани онро худаш медонаду бас! Савум, ба хабари таърихии Наршахӣ Литвинскӣ як тахмини тамоман беасосро илова намудааст, ки на дар бел меистаду на дар панҷшох: баъди зикри “забони маҳаллӣ” дар қавсайн аз худ афзуда: “ё забонҳои маҳаллӣ”! Инаш албатта таҳрири илмӣ нест, замонасозисту бас. Аввал ин ки мувофиқи суннати исломӣ салот (намоз)-ро боястӣ ба арабӣ хондан, чаро ки Қуръон ба арабист! Ва агар дар садаи даҳум ба тоҷикони Бухоро иҷозат дода бошанд, ки иҷрои фарзи айнро ба забони худашон “ният кардам бигзорам намози бомдод” гӯён сар кунанд, ин фақат амри хайр набуд, зарурати таърихӣ буд. Чаро ки истилои рӯҳонии ориёзамин ба садди маънавие бархӯрд, ки аз дарвозаи арки Бухоро ҳам ба маротиб баландтару бақувваттар буд: «гузашт он, ки араб таъна ба Аҷам мезад»! (Аҷнабиёни дигар таъна задану танз гуфтанро кай бас мекарда бошанд?!)
Дигар ин ки дар паси таҳрири нави Литвинскӣ ғарази сиёсие ниҳон аст, ки ягон заминаи илмӣ надорад. Дар воқеъ, ибораи «забонҳои маҳаллӣ” нисбат ба Бухорои оғози ҳазораи дувуми милодӣ худаш чӣ маънӣ дорад? Дар шаҳри Бухоро ба ҷуз забони форсӣ боз забони дигар низ будаст, ки ба андозаи забони тоҷикон нуфуз доштаст ва аз ин сабаб арабҳои мусулмонро зарурат пеш омада, ки Қуръонро ба он забон ҳам тарҷума кунонанд! Киҳо будаанд онҳое, ки ба ин забони бонуфуз гап мезадаанд? Киҳо ҳам мешуданд, аҷдоди ҳозира соҳибони сиёсии шаҳр-дия! Яъне ки Бухоро аз азал ватани фақат тоҷикон набуд, шаҳри “интернатсионалӣ” буд, яъне ки ... бигузор тоҷикон ба даҳонашон нигоҳ карда гап зада, ягон даъвои таърихӣ накунанд!  
Литвинскӣ на мисли Бартолд сарчашмашинос асту на монанди Брагинскӣ забондон, вале модоме ки худашро ҳамбару ҳамдасти илмии Ғафуров муаррифӣ мекунад, ӯро донистан мебоист, ки дар Бухорои садаи даҳум туркон умуман набуданд. Лекин дар бозори бардафурӯшии пойтахти Оли Сомон асирон ва ғуломони туркнажод бисёр буданд. (Муаррихи эронинасли фаронсавӣ Алии Мазоҳирӣ, ки бо ӯ ифтихори шиносоӣ доштам, боре, вақте ки сухан аз сабабҳои иқтисодии инқирози Давлати Сомониён рафт, гуфт: “Тиҷорати бардаи кофар” яке аз манбаъҳои сарвати Сомониён буд. Дар охирҳои садаи даҳум ба иллати ба гунаи дастаҷамъӣ мусалмон шудани туркони Баласоғун ва Тароз ин сарчашма хушк шуд.) Ба шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ туркон ба тоҷикони Бухоро нағз шинос буданд, вале фақат ба сифати яғмогар. Ҳамон “Таърихи Бухоро” шоҳиди гӯёст. Наршахӣ арзу шикояти зерини мардуми тагҷоиро нақл намудааст. “Аҳли Бухоро гуфтанд: моро аз кофарони турк ранҷ аст, ки ба ҳар вақт ногоҳ меоянд ва деҳҳо ғорат мекунанд”. Аз ин мебарояд, ки туркон на фақат дар худи шаҳри Бухоро, балки дар гирду атрофи наздик ё музофоти пойтахт ҳам намезистанд.
Пас, Литвинскӣ “забонҳои маҳаллӣ” гуфта забони боз киҳоро дар назар дорад?! Балки забони яҳудиҳоро? Оре, дар Бухорои онвақта яҳудиён (авлоди онҳое, ки як вақт Куруши Кабир аз асорати бобулиҳо озод карда буд) низ буданд, вале ҳамагон ба тоҷикӣ гап мезаданд. (Мутаассифона, акнун миёни яҳудиёни тоҷикзабони сокини Нйу Йорк ҳам баъзе қавмпарастони чаласавод нуфуз пайдо карда истодаанд, ки лаҳҷаи сад дар сад тоҷикиашонро “забони бухорӣ” унвон мекунанд. Дар як конфронсашон бо даъвогарони навбаромад бархӯрди сахт доштам.) 
Хулосаи калом, дар Бухорои садаи даҳум фақат як халқ мезисту фақат як забон ҷорӣ буд, ки ҳанӯз ҳам зинда аст. Дигар гапҳо тамоман сохта ва бофтаи бостоншинос Литвинскӣ мебошанд, ки ба маълумоти мавҷуди таърихӣ комилан зид буда, ба рӯҳи илм тамоман бегонаанд.
 
5
Литвинскӣ дар ёддоштҳояш як эпизоди даврони шӯравиро нақл мекунад, ки гӯё дар омади гап гуфта гузаштааст. Аммо агар дурусттар зеҳн монед, пай мебаред, ки дар таги коса нимкосае низ ҳаст. Боре ба КМ ПК Тоҷикистон пешниҳод намудаст, ки маводи мавҷудаи илмиро дар боби таъриху маданияти тоҷикон ҷамъоварӣ намуда ва бо аксу нақшҳо оро дода онҳоро ба шакли як силсила китоб ба русӣ нашр кардан салоҳи кор мебуд. Он ҷо ба ӯ гуфтаанд: «Агар ягон ҷумҳурӣ чунин силсиларо чоп карда барорад, он вақт мо ҳам айни ҳамонро мекунем. Набошад, чаро мо бояд пешдастӣ кунем? Мо кистем, ки худамонро ба тамоми дунё намоиш диҳем?!» Ҳарчанд ки ҳикояи Литвинскӣ чандон боварибахш нест, чунин рангу раванди тафаккури музофотӣ ба рӯҳи он замон комилан мувофиқ аст. Фақат ҳаминаш ҳаст, ки эпизоди мазкур зуҳури падидаи куллитаре буд. Манзурам психологияи сиёсии масъулиятгурезӣ (перестраховка) мебошад, ки танҳо ба номенклатураи ҳизбию шӯравии Тоҷикистон хос набуд. Чунин тариқи рафторро тамоми низоми тарбияи идеологӣ талқин мекард ва таҷрибаи фоҷиабори рӯзгори пешини шӯравӣ (таъқибу террор) қувват медод. Махсусияти сиёсати идеологиязадаи онвақта ин буд, ки дар саҳро пахтаро шутур мехӯрду дар шаҳр гӯши бофандаро мебуриданд! Литвинскӣ бошад, қариб аст, ки тақлидкориро аз ҷумлаи хислатҳои миллии тоҷикон ҳисоб кунад.
Ба ҳар ҳол ҳангоми маънидод кардани сабаби ба тоҷикшиносӣ рӯ овардани Ғафуров, ки он вақт котиби КМ буданд, рост ба ҳамин иллат ишора кардааст. «Дар охирҳои ҷанг дар ӯзбакистон ба навиштани таърихи серҷилдаи халқи ӯзбак сар карданд, нигоштааст Литвинскӣ. – Ва Ғафуров биандешид: агар таърихи ӯзбаконро менавишта бошанд, пас чаро таърихи тоҷиконро нанависем». Ин ҷо як ғалати маҳзи муаллиф ба чашм бармехӯрад. Лекин ман аз он сарфи назар мекунам: гарчанде ки хатои мазкур дар матни таҳрирхӯрдаи ёддоштҳои Литвинскӣ ҳам боқӣ мондааст, онро ба қалами Яновская мансуб медонам. Асли ҳол бошад, тамоман дигар буд: дар ҷумҳурии ҳамсоя «таърихи халқи ӯзбак»–ро навиштанӣ набуданд ва ҳанӯз ҳам аз ин кор худдорӣ мекунанд. Сабабаш ба таърихшиносон ойина барин равшан аст: дар он сурат қиссаро аз Дашти Қибчоқ сар кардан лозим меомад! Таърихномаи аввалро (соли 1950–ум аз чоп баромадааст) «Таърихи халқҳои ӯзбакистон» номида буданд, китоби баъдина (1956) бошад, «Таърихи РСС ӯзбакистон» унвон дошт.
Сабаби аслии ба таърихи тоҷикон таваҷҷӯҳ намудани устод Ғафуров чизи тамоман дигар буд: бар хилофи гумони Литвинскӣ, на ин ки «тақлид ба ёрон» ё хусусан ватанпарастии худнамоёна, балки зарурати мавқуфнопазир эшонро водор карда буд, ки ба омӯзишу пажӯҳиши гузаштаи дуру наздики тоҷикон машғул шаванд. Барои аз рӯйи ақлу адл нақду қадр кардани фидокории илмии Ғафуров аз сарнавишти таърихии тоҷикон ба некӣ бохабар будан даркор аст. Таъкид мекунам: ба некӣ. Яқин аст, ки Литвинскӣ таърихамонро нағз медонад, вале таърихдонии ӯ аз ҳамдардии маънавӣ орист. Намегӯям, ки назараш хайрхоҳона нест. Гуфтанистам, ки дарди дили дилсӯхтаро дилсӯхта донад!
Умдатарин нукта ин аст, ки ба халқи тоҷик дар тӯли тамоми ҳазорсолаи дувуми мавҷудияташ хатари ба хок яксонгардонии ҷисмонӣ (анниҳилятсия) ва маҳлулшавии маънавӣ (ассимилятсия) дар муҳити истилогарон таҳдид мекард. Вале боиси ифтихори таърихии мост, ки ба хилофи ин ҳама хавфу хатарҳо мардуми тоҷик зинда монд. Охир, дар вазъияти ҳамгун баъзе қавмҳо, ҳатто халқҳои мутамаддин, мисли бобулиҳою мисриён, ки соҳиби тамаддунҳои қадиму ғанӣ буданд, ба фишори фарҳанги бегона тоб оварда натавонистанд ва дар натиҷа аз забону суннатҳои маънавиашон маҳрум монда, охир дар байни истилогарон ҳаллу фасл шуда рафтанд. Мо бошем, бигузор бар ивази талафоти сангини моддию маънавӣ, қавмияти худро таърихан ҳифз карда тавонистем.
Ашрофи ақлияи халқи таърихан азияткашида ва ҷисман хастагашта, вале маънан ҳанӯз бақувват оғози дигаргуниҳои инқилобии болшевикиро ҳамчун нури умед истиқбол намуд. Чунончӣ, Садриддини Айнӣ, ки эшонро сарбозони рус аз зиндони амир озод карда буданду духтурон рус муолиҷа, бо самимияти тамом қасидаи мадҳия суруда ӯктабрро ба унвони Офтоби адолат таърифу тавсиф карданд. (Ғофил аз он ки марксизм худи «адолат»ро мафҳуми нисбӣ мехонад. Ленин мегуфт, ки мазмуну мароми ин мафҳум аз назари синфҳои гуногун яксон нест: ҳар он чӣ, ки ба манфиати инқилоб хизмат мекунад, яъне аз рӯйи меъёрҳои «умумиинсонӣ» хоҳ бад хонанду хоҳ нек, комилан ахлоқист ва баръакс!) Аммо баъди «Инқилоби Бухоро» дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ аз рӯйи мантиқе ҷараён гирифтанд, ки на фақат аз доираи фаҳму фаросати шоири аз ҷиҳати сиёсӣ на чандон пухтаи тоҷик берун буд, балки ба ақли салим ҳам рост намеомад. Манзурам албатта ба истилоҳ тақсимоти миллию территоривии Осиёи Миёна аст, ки онро агар ҷинояти таърихӣ хонем, муҳобот намешавад. Қурбони асосии ин ҷиноят, ки ба дилу зеҳни ҳар як тоҷики бедор захми мункар задаст, мардумони ориёнажод ё эрониасли минтақа буданд. Ин ҷиноят ба сабаби ба ҳам печидани се омил: таассуби идеологии саркардаҳои болшевикӣ, кӯтоҳбинии сиёсии элитаи тозазуҳури маҳаллӣ ва нопухтагии таърихии мардуми тагҷоӣ содир гардид.
Натиҷа ҳамин шуд, ки бар хилофи омоли таърихию умедвориҳои чандинасра тоҷиконро ногаҳон зарурат пеш омад, ки ҳамаро монда аввал барои дар куҳандиёри худашон бо ному нишони худашон зиндагӣ кардан ҳаққи таърихӣ доштанашон мубориза баранд! Охир, қариб монда буд, ки озодкунандагони навбаромад худи исми «тоҷик»-ро дар китоби таърих кӯр карда, қавми моро дар миёни ба истилоҳ «миллатҳои таърихан фаъол» ҳаллу фасл карда партоянд! (Ин истилоҳ бофтаи сиёсатмадорони беилм набуд; вай аз худи доктринаи марксистӣ андар ҳамоиши ногузири миллатҳо дар рафти сохтумони коммунизм бармеомад.)
Аз сабаби он ки дар оғози ташаккули низоми камунистӣ дар Осиёи Миёна чунин зарурати сарнавиштсоз пеш омад, ду кори муҳимму мубрами таҳқиқотию ташвиқотиро дар ҳамбастагӣ анҷом додан лозим шуд: аз як сӯ, мавҷудияти таърихии қавмамонро ҳамчун куллияти худвижаи мардумони ҳамтану ҳамзабон ва ҳаммарзу ҳамсуннат дар ҳошияи тафовути турку тоҷик собит кардан ва аз сӯйи дигар, дар мероси муштараки эрониёни ғарбию шарқӣ ҳиссаи хоси ӯро муайяну мушаххас намудан. Ин кори осон набуд, чунки дар адабиёти илмӣ саҳми тоҷикон андаруни мафҳумҳои номушаххаси “адабиёти форсӣ”, “илми арабӣ” ва “тамаддуни исломӣ” маҳлул шуда буд. Хушбахтона, дар сахттарин солҳои набарди нобаробар барои шинохту эътирофи таърихии тоҷикон (1924-1929) таърихдонон ва шарқшиносони рус, хусусан В. В. Бартолд ва М. С. Андреев, моро дастгирӣ кардаанд. 
Масъалаи ниҳоят душворе, ки Ғафуров пеш аз ҳама рӯ ба рӯ шуданд, сирф илмӣ ё таърихӣ набуд: пеши сари роҳашонро идеология ва сиёсат мебаст. Масъала аз он сабаб гиреҳ баста буд, ки тоҷикон халқи таърихан ва воқеан мунқасим мебошанд. Пас аз таназзули сиёсии давлати Сомониён дар натиҷаи истилогариҳои пайдарпайи туркон, муғулҳо, паштунҳо, чиниҳо, русҳо ва англисҳо сарзамини тоҷикон миёни чандин империяҳо ва давлату давлатчаҳо тақсим шуд. Дар оғози садаи бистум сарҳадҳои сиёсии Русия, Чин, Ҳиндустон, Афғонистон, хонигариҳои Бухоро, Хӯқанд ва Хева тоҷиконро аз ҳам ҷудо ва ба ҳам бегона мекарданд. Марзбандиҳои солҳои бистум сарнавишти таърихии моро боз ҳам чигел карданд. Чунки марказҳои асосии тамаддуни тоҷик аз ҳудуди “Тоҷикистони Сурх” берун монданд. Ба иллати ин хусусан тақсими мероси фарҳангӣ оҳанги тезу тунди сиёсӣ пайдо намуд.
Дар ҷумҳуриҳои шӯрависохта таърихи халқашонро ба таърихи ҷойи зиндагии кунуниаш  баробар карда самарқандию бухороӣ, чочию хоразмӣ, гурганҷию фарғонагӣ, ганҷавию марвазиҳоро аҷдод эълон намуданд ва биноан осори онҳоро ба ҷумлагӣ мероси миллӣ хонданд. Идеологияи ҳоким бошад, ба ин ҳама бедодгариҳои таърихӣ чашм мепӯшид, зеро доктринаи камунистӣ ҳамоиши ниҳоии забону маданияту тамаддунҳои гуногунро талқину таъкид карда зимнан худвижагии миллӣ ё тафовутҳои байналмилалиро як падидаи муваққатӣ мепиндошт. Бинобар ин дар сиёсати ҷорӣ барояш муҳимтар аз ҳама ин буд, ки миёни бахшҳои ҷудогонаи “халқи советӣ” мабодо ихтилоф наафтад, то ки шоҳроҳашон ба сӯйи ояндаи камунистӣ ҳамеша тозаву равшан бошад. Хулоса, идеология ва сиёсат ҷумла бахшҳои илмҳои ҷомеашиносӣ, ба вижа таърихнигориро “дар миёни чор дарё” тахтабанд карда буданд. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки таърихнависӣ ва ҳақиқатнигорӣ торафт ба ҳам бегона мешуданд.
Бо вуҷуди ин Ғафуров ҳангоми навиштани “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” дар ҳудуди диёршиносӣ (краеведение) намонда “Тоҷикистони таърихӣ”–ро ба мадди назар гузоштаанд. Албатта чунин адолатҷӯйиҳои таърихӣ ба соҳибони ҷадиди сарзаминҳои қадим тамоман маъқул набуд, гарчанде ки устод Ғафуров дар ғояти эҳтиёткории илмию сиёсӣ кӯшидаанд, ки ба иззати нафси миллии ҳамсоягонамон нарасанд. Ва азбаски барои рад кардани хулосаҳои илмии Ғафуров зӯри худи даъвогарони маҳаллӣ намерасид, онҳо то тавонистанд аз қудрати дигарон истифода бурданд. Ҳатто китоби солҳои ҷанг навиштаи Ғафуров («Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ», Сталинобод, 1944), ки онро Литвинскӣ асари “журналистию тарғиботӣ” гуфта наҳ задааст (замоне, ки барои ҳаёт ё мамот мубориза мерафт, магар барои таърихнигор аз ташвиқоти ватандӯстона дида дигар кори муҳимтар буд?!) ба ҳамлаи шадиди шарқшиносони русизабони муқими Тошканд дучор шуд. Яке аз онҳо академик С. П. Толстов буд, ки таърихи минтақаро хуб медонист, вале дар замонасозӣ ҳам майлу малакаи калон дошт. (Бо назардошти “баромади иҷтимоии” Толстов — аз хонаводаи як генерали подшоҳӣ буд – замонасозиҳои олими ба ҳоли гаравгони сиёсӣ афтодаро фаҳмидан мумкин аст, лекин вай басе аз ҳад мегузаронд. Дар омади гап гӯям, дар авҷи террори “мавҷи дувум” ҳамон А.Н. Бернштами Литвинскӣ номбурдагиро аввалин шуда Толстов “фош” карда буд!) Кор ҳатто то тӯҳмати ноҳақ расид: аз миллатгароӣ ҳам дуртар рафта Ғафуровро ба майли нажодпарастӣ (расизм) айбдор карданд!
Бинобар ин Ғафуров фақат як илоҷ доштанд: ба худи Исталин муроҷиат кардан! Устод боре гуфта буданд, ки вохӯриро бо Исталин котиби СЕКА оид ба идеология Андрей Жданов созмон дод, зеро қаблан ӯро аз вазъияти ногувор огоҳ карда буданд. Ва бино ба маводе, ки рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур аз бойгонӣ ёфта интишор дод, Жданов дар сӯҳбат худаш иштирок карда будаст. Зимнан вай мавзӯи мулоқотро ноаён тағйир дода ва Ғафуровро ҳамчун таърихнигор муаррифӣ намуда барои эшон фурсати муносиб фароҳам овардааст, ки мулоҳизаҳои илмиашонро арз кунанд. Ва маҳз ҳамин гуфтугӯи таърихӣ (соли 1948) ба шинохти расмии таърихи қадими тоҷикон роҳ кушод. Тарҷумаи русии китоби Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик», ки пас аз саҳл кам ду сол бо ишора аз “Боло” дар Москва нашр шуд, муборизаи сисолаи арбоби илму сиёсати тоҷикро барои худшиносию худшиносонии таърихӣ ҳусни анҷом бахшид.
Мақомоти олии Москва Бобоҷон Ғафуровро ба шарофати обрӯю эътибори академӣ ва сиёсию иҷтимоие, ки доштанд, минбаъд ҳам дастгирӣ кард. Инро таърихчаи муборизаҳои идеологию сиёсие, ки баъди интишори “Тоҷикон“ сурат гирифтанд, собит мекунад. Чунон ки пештар ишора кардам, ҳамлаҳо ба китоб аз майдагапиҳои илмӣ оғоз шуда, то айбмониҳои идеологӣ расиданд. Ва агар ин вокуниши фитнаангез бо «чорабиниҳои маъмурӣ» (ба истилоҳи ҳизбию шӯравӣ: «оргвывод») анҷом наёфта бошад, яъне ба пешонаи Ғафуров тамғаи «миллатчӣ»-ро зада эшонро аз мансаби академиашон наронда бошанд, сабабаш ҳамон обрӯю эътибори калони он кас буд. 
Литвинскӣ мегӯяд, ки сабаби беҷазо мондани Ғафуров дахолати Суслов буд. Дуруст мегӯяд, вале рафти воқеаро чаппа ҳикоя кардааст: гӯё матни ҳуруфчинишудаи тақризро ба Суслов пешакӣ фиристодаанду Котиби КМ оид ба идеология баъди онро хонда баромаданаш ба Ғафуров телефон карда фикри эшонро пурсида бошад. Агар дар воқеъ ҳам чунин мебуд, магар гуфтаи худситоёнаи Литвинскӣ «мо пешакӣ (ба гуфтугӯ) тайёрӣ дидем» («мы с ним перед этим прорепетировали»)ягон маънӣ медошт?!) Ва ҳол он ки одати ба котиби идеологӣ фиристодани гранкайҳои тамоми мақолаҳои дарҷшаванда умуман вуҷуд надошт. (Котиб магар ин қадар фурсат дошт, ки садҳо мақолаву тақризҳоро хонда баромада масъалаи чоп кардан ё накарданро худаш ҳал кунад!) Асли ҳол дигар аст: баъди шунидани хабари тақриз Ғафуров худашон ба Суслов телефон карда вазъиятро фаҳмонида буданд. Сонӣ Суслов аз идораи маҷалла талаб карда буд, ки тақризро ба ӯ нишон диҳанд. Дар ҷавоби саволи Котиби СЕКА муҳаррири маҷалла гуфтааст, ки тақризро таърихнигорони номдор навиштаанд. Эроди Суслов бошад, ба ҳамон шакле ки Литвинскӣ овардааст, бағоят содалавҳона менамояд: «Вале китобро касе навиштааст, ки худаш тоҷик аст»! («А книгу написал человек, который сам – таджик!») Агар тоҷик, ӯзбак ё рус будан меъёри ҳақиқат мебуд, илм сару калобаашро гум мекард! Ранги суханро бинеду ҳоли гӯяндаро напурсед: Литвинскии донишманд ба Суслови сиёсатманд эроди бемантиқеро нисбат дода, ӯро ҳавобаландона масхара кардаасту бас!
Зимнан, агар Ғафуров гапҳои «менторашон» (Литвинскӣ) ёддодаро ба Суслов гуфта бошанд, пас эроди Суслов ҳам бозтобе аз ҳамон маслиҳатҳои бемантиқи Литвинскӣ будаст!! Ин вазъияти ногуворро шояд худи «ментор» ҳам ҳис карда бошад (ё касе ба ӯ гуфтаст), ки дар матни дувуми электрониаш (таҳрирхӯрда) ба Суслов эроди дигарро нисбат додааст: «Дар тақриз танқиди илмӣ нест, Ғафуровро фақат ба миллатчигӣ айбдор кардаанду бас, асли ҳол-ку ин тавр нест!» («В рецензии нет научной критики, все обвинения против Гафурова – в национализме, но ведь на самом деле это не так»). Акнун ёбеду гиред, ки Суслов дар ҳақиқат чӣ гуфта бошад, хусусан ки Литвинскӣ худаш шоҳиди гуфтугӯйи котиби СЕКА бо сармуҳаррири маҷалла набуд. Ва низ метавонед хулоса бароред, ки дигар иқтибосҳо ва нақлҳояш то чӣ андоза боварибахшанд...
Ай роҳзан, аз даври мукофот битарс,
Роҳе, ки занӣ, туро ҳамон роҳ занад!
 
6
Акнун ба муҳокимаи иддаои асосии Литвинскӣ мегузарам, ки сарахбори нақлу нақди ӯст. Чунон ки пештар гуфтам, дар матни таҳрирхӯрдаи Борис Анатолйевич (сомонаи «Фарғона») «ман»-у “мо”- ҳо ихтисор шудаанд, вале умдаи матлабаш дар сарлавҳа мондаст: «Мо ба халқи тоҷик нахустин таърихи комилро такдим кардем». Пас, мувофиқи фармудаи ҳикмати мардумӣ, бадкина нашавем ҳам, бадгумон мемонем.
Инак, онҳо ба мо таърихи комилро такдим кардаанд…
«История»-и русӣ ба ду маъно меояд: таърихи воқеӣ ва таърихнома. Зоҳиран, Литвинскӣ маънои сониро дар назар дорад. Вале агар менталитети истишроқии (ориенталистӣ) литвинскиҳоро ба назар гирем, пас равшан бувад, ки маънои аввал ҳам, ҳузур дорад. Ба мо рӯйирост нагӯянд ҳам, ба худу бархудашон мегӯянд: «Мо ба тоҷикон таърих сохта додем»! Аслан бигирем, дар байни амру амалҳои ғайриилмие, ки дар Шӯравӣ аз солҳои бистум сар карда ба расмият даромада буданд, таърихсозӣ аз таърихороию таърихдуздӣ ҳам бадтар аст. Тоҷикон нахустин қурбонии сохтакориҳои ҳамонвақта буданд. Пас, чун таърихамон сохтаи дигарон будаст, ҳамин ки ягон зарурати сиёсӣ пеш омад ва ё испонсори босаховаттаре пайдо шуд, худи ҳамон таърихсозон метавонанд таърихсӯзӣ ҳам кунанд, яъне тафсиру таъбири рӯйдодҳои гузаштаро худсарона тағйир диҳанд!
Акнун як ба вожаи «тақдим» рӯ оварем. Барои тоҷикон ин мафҳум фақат воҳиди луғавӣ нест, мафҳумест, ки дар суннати фарҳангии мо рангу раванди баръалои ахлоқӣ дорад. Азбаски забони тоҷикӣ ва русӣ аъзои як хонаводаи забонҳо (ҳиндуурупоӣ) мебошанд, феълҳои «(по)дарить» ва «ҳадя (инъом, тақдим) кардан» ҳаммаъностанд. Бахшоиш ба унвони мақулаи маънавӣ ду ҷиҳати хос дорад. Аввалан, чизи худӣ ё ба пули худ харидаро тақдим мекунанд ва, сониян, - аз ҳама муҳиммаш - тақдим подош напазирад, чаро ки вай зодаи саховат ва парвардаи лутфу эҳсон бувад. Пас, ҳатто агар бовар кунем, ки «Тоҷикон» маҳсули қалами Литвинскиҳо будаст, дар он сурат ҳам китобро «тақдим» хондан камоли бемаънигист. Узр, инро ман аз мавқеи назари ахлоқе мегӯям, ки танҳо дар тамаддуни пасмондаи эронию исломӣ риоя мешавад. Албатта аҷаб нест, ки дар оянда ба туфайли ҷаҳонишавӣ мо ҳам ба қаламрави арзишҳои тамаддуни пешрафтаи яҳудию насронӣ ворид шавем, лекин худи ҳозир то омадани табар кунда дар осоиш аст...
Литвинскӣ муаррихонеро, ки ба китоби «Тоҷикон» тақризи манфӣ навишта, дар маҷаллаи академӣ дарҷ кунонданд, бе зикри номашон ҳамчун «ду шарқшиноси кирояи москвагӣ ва ленинградӣ» муаррифӣ намудаст. Возеҳу равшан аст, ки вай худашро аз ҷумлаи чунин олимони кирокаш намедонад. Дуруст, Ғафуров ҳам Литвинскиҳоро киро накарда буданд. Баръакс, эшон бо як ихлоси тоҷикона онҳоро дӯстони содиқи худ ҳисоб мекарданд. Ғофил аз он ки дар замони Ғафуров ҳам, чунон ки дар аҳди Саъдӣ буд, басе ба дӯстии дӯстон эътимод набуд, ба тамаллуқи душманон чӣ расад! Хусусан ки дар навиштаи Литвинскӣ тамаллуқ бо тамасхур ҳамроҳ омадааст. (Барои ба ин бовар кардан ҳамон қисми мақолаи ӯро бадиққат хонда бароед, ки «давомдиҳанда» ном дорад. Гӯё ба таърифу тавсиф пардохтаст. Лекин гапаш духӯра бувад, чаро ки дар истилоҳоти пасохурушчёвиёни Шӯравӣ «продолжатель» бадномшудатарин сифат буд!)
Сирату сурати ҳамдастии эҷодии Ғафуров бо Литвинскӣ дар воқеъ чӣ гуна буд? Борис Анатолйевич нақши киро бозидааст: мардикори кироя (мирзо), ҳамкори қаторӣ ё балки раҳбари илмии лоиҳаи “Тоҷикон”–ро? Ҳамагон медонем, ки иморат бо як худи мардикор буд намешавад; кори хиштрезу хиштчин дигар асту кори дуредгари дару тирезасоз дигар. Барои иморат андохтан аввал устои хонасоз даркор аст, сонӣ чӯбкору гаҷкор ҳам лозим мешаванд. Устод Ғафуров ба маънии тамом меъмори «Тоҷикон» буданд, боқӣ ҳама - дастёру мушовиру муҳаррир! Албатта меъмор ҳам ёвару маслиҳатгар дошта метавонад, вале усул дар дасти нақорачӣ буд! Аз ин рӯ, ҳар гуна кӯшиши эшонро наҳ задан ва ё ба шӯҳраташон шарик шудан амри муҳол аст: якумӣ кори таърихан бебақо бошад, дувумӣ амали ахлоқан нопок аст …
Ҳамзамон донистан муҳим аст, ки хизмати Литвинскӣ ихтиёрӣ буд ё маҷбурӣ? Беғаразона буд ё манфиатҷӯёна?   
Ҷавоби ин саволҳо ойина барин равшан аст: Литвинскиҳо дар сояи қудрату нуфузи Бобоҷон Ғафуров барои худашон имкону имтиёзҳое пайдо намуданд, ки дигарон надоштанд! Ғафуров онҳоро аввал аз Тошканд ба Душанбе оварда, сонӣ ба Москва бурда ва дар марказ доимӣ «прописка» кунондаю манзил гирифта дода, барояшон шароите фароҳам оварданд, ки дигарон танҳо орзу карда метавонистанд. Охир, ҳамон вақт олимони аз Литвинскиҳо бамаротиб бақуввате буданд, ки ба иллати мисли ин ду «исчасливчик» пушту паноҳ надоштанашон дар кунҷу канорҳои дурдасти СССР дарбадар буданд! Литвинскӣ бошад, бо дастгирии устод Ғафуров узви Академияи илмҳои Тоҷикистон шуд, эшон ӯро ба ЮНЕСКО муаррифӣ намуда, ба арсаи илми ҷаҳонӣ бароварданд ва агар зинда мебуданд, аз эҳтимол дур нест, ки археологи «тоҷикшинос» узви Академияи илмҳои СССР ҳам мешуд.
Онҳое, ки мисли Литвинскӣ ба устод дар навиштани «Тоҷикон» ёрӣ додаанд, як тиру ду нишон доштанд. Аввалан, акидаҳои баҳснокашонро (чунончӣ, дар бораи макону замони пайдоиши забони порсии дарӣ–тоҷикӣ) ба унвони «охирин дастоварди илми эроншиносӣ» ба воситаи китоби Ғафуров «қонунӣ» кардан хостаанд. Сониян, бештар натиҷаҳои тадқиқоти худашону ҳамтаборашонро гирд оварда ва дар феҳристи адабиёти истифодашуда ғолибан ба асарҳои худашону шиносҳояшон ишора карда, бад-ин тариқи худбинона хидматҳои илмии хешро аз будааш зиёд карда нишон додаанд.
Пас, кӣ киро бештар ба манфиати худаш истифода бурд – Ғафуров литвинскиҳоро ё баръакс – литвинскиҳо Ғафуровро?!
Кофтукови археологие, ки Литвинскӣ дар Тоҷикистон бурдаст, ва ё ҳамкории эҷодие, ки бо Ғафуров доштааст, кори илмии фавқуллодае набуд, ки аз ӯ фидокорӣ ё ҷоннисориро талаб карда бошад. Дар воқеъ, магар барои Литвинскӣ муҳим буд, ки маҳз дар куҷо — Тоҷикистон ё Туркманистон ҳафриёт мекунад: гӯри дудмони тоҷикро кушода мебинад ё қабри аҷдоди туркро?! Барояш муҳимтар аз ҳама он буд, ки кӯзаи гулкоришуда, хуми шикаста ё ҳатто наъли зангзадаеро кофта ёбад, ки осори қадимзамон бошаду дигарон аз ӯ пештар наёфтаанд. Чунончӣ, худи Литвинскӣ бад шудани муносибатҳои хонаводагиашро бо бостоншиноси маъруф В. М. Массон аз он дониста, ки занаш ҳангоми ба кор набаромадани устодаш тасодуфан як сандуқ ритон (зарфи қадими майнӯшист, ки монанди шохи ҳайвон месохтанд) ёфта оташи рашку ҳасади шефашро барангехта будаст. Ё тахмини дигар, ки беасос нест: агар оилаи Литвинскиҳоро ягон Туркбошӣ даъват мекарду ҳамзамон ваъда медод, ки барояшон Институти археология сохта медиҳад, магар онҳо намерафтанду мегуфтанд, ки ба онҳо сарзамини тоҷикон азизтар аст?! Хобатона ба об гӯед!
Литвинскӣ ҳатто кореро анҷом надодааст, ки барояш ҳамчун узви хориҷии Академияи миллии мо фарз набошад ҳам, қарз буд. Бубинед, дар шарҳи мактаби бостоншиносӣ ташкил накарданаш чиҳо мегӯяд: «Ман ҳар сол шашмоҳӣ дар ҳафриёт будам. Вале бо вуҷуди он ҳама саъю кӯше, ки ба харҷ додем, мо натавонистем, ки дар Тоҷикистон дар риштаи бостоншиносӣ як мактаби миллии хуберо ба камол расонем. Ҳол он ки дар кишвар ёдгориҳои таърихӣ бисёранд… Аммо тоҷикон гумон доранд, ки агар маълумоти олӣ дошта бошӣ, туро ҳоҷат нест, ки худат замин кобӣ. Тоҷики бостоншинос куртаи шоҳиро мепӯшиду дар теппае нишаста коргаронашро назорат мекард. Басе аз дур истода мушоҳида менамуд, баъзан ба воситаи дурбин…» Чунон ки ҳувайдост, Литвинскӣ айби ошро дар мош ҷустааст. Лекин дигар нишон ҳам дорад: зимнан ба ҷониби ҳамкасбони академиаш Нӯъмон Неъматов ва Йусуфи Яъқубшоҳ низ гап мепаронад. Магар онҳо намояндагони ҳамон «мактаби миллии хуб» нестанд, ки Литвинскӣ ташкил карда натавонистааст ё, пӯсткандаи гапро гӯям, ташкил кардан нахостааст?!
Хулоса, Литвинскӣ барои Точикистон ягон хидмати нодир накардааст – кори худашро баҷо овардаасту бас. Аз ин рӯ ман ҳайронам, ки чаро аз қатори бостоншиносон маҳз Литвинскиро ҷудо карда гирифта хизмати ӯро алоҳида қадр кардаанд. Магар ковишҳои В. А.Ранов дар Помир ё ҳафриёти Б. И. Маршак дар Панҷакат (Борис Илйич дар худи ҳамон ҷо дафн шудаст) аз ҷустуҷӯҳои Литвинскӣ дида камаҳамияттар буданд?
Аз ҷиҳати хидмати воқеӣ Литвинскиро хусусан бо И. С. Брагинскӣ муқойиса кардан ҷолиб аст, ки аз шахсияту эчодиёташ нағз хабар дорам. Иосиф (худашон Йусуф талаффуз мекарданд) Самуилович ҳам узви вобастаи Академияамон буданд, вале эшонро ба сафи академикҳо пешбарӣ накарданд. Ва ҳол он ки хизмати вай ба тоҷикон аз хизмати Литвинскӣ дида ба маротиб бештар буд! Ягона эроншиноси пойтахтнишине, ки дар муборизаи дарозмуддат ва хатарноки тоҷикон дар арсаи худшиносии миллӣ ва худшиносонии фарҳангӣ дар паҳлуи Садриддини Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров истода, барои барқарор шудани адолати таърихӣ бо мо самимона ҳамдастӣ мекард, Иосиф Брагинскӣ буданд. Ҳамкории пурсамари Брагинскӣ бо Ғафуров аз худи оғози иншои «Таърихи халқи тоҷик» сар карда, то охири умри устод (1977) давом дошт. Дилпурона гуфта метавонам, ки дар даврони шӯравӣ аз миёни эроншиносони Москваю Ленинград дар роҳи ҳимояи манфиати миллию фарҳангии халқи тоҷик ҳеҷ кас мисли Иосиф Самуилович ин қадар ҷон накоҳонидааст. Баъзе ҷузвиёти муборизаҳои худро ба ёд оварда Брагинскӣ мегуфтанд, ки ба хотири дар илми шарқшиносӣ ҷорӣ намудани мафҳуми «адабиёти форсу тоҷик» лозим омада буд, ки ҳатто бо Е. Э. Бертелс барин посдорони суннати академӣ даст ба гиребон шаванд. Ин вақтҳо азбаски дар Москва Брагинскӣ барин пушту паноҳи илмӣ надорем, он ҷо аз корбурди истилоҳи «адабиёти форсу тоҷик» даст кашиданд. Пас, барои мо ин муборизаи гӯё лингвистӣ таърихан на талоши аввал асту на халоси охир!
Брагинскӣ то тавонистанд ба ташаккули шуури миллию маънавии тоҷикон низ ҳамаҷиҳата мусоидат карданд. Агар Литвинскӣ дар ҷануби Тоҷикистон ба ҳафриёт пардохта бошад, Брагинскӣ чоряк аср пеш аз ӯ дар худи ҳамон минтақа вазифаи ҳизбию фарҳангиро ба ӯҳда доштанд. (Мудири шӯъбаи сиёсии совхози «Данғара» ва узви райкоми Данғара буданд.) Як факти муҳимми таърихӣ ин аст, ки Ғафуровро ба дастгоҳи КМ ПК Тоҷикистон маҳз бо тавсия ва исрори Иосиф Самуилович ба кор даъват карда буданд (ба сифати инструктор дар шӯъбае, ки Брагинскӣ сарварӣ мекард). Солҳои сивум фаъолияти ҳизбиро, ки дастури идеологиаш интернатсионализм буд, бо кори миллию маданӣ пайвастан кори осон набуд, зеро бар асоси як хати сиёҳ (донос) шахси соҳибтафаккурро ба «миллатчигӣ» ё «ҷаҳонватанӣ» (космополитизм) гунаҳкор намуда, террор карда метавонистанд. Аз рӯйи рангорангии мавзӯъ ва ҳаҷми таҳқиқоти илмӣ низ Брагинскӣ дар байни ҳамнаслонашон камназир буданд. Пас, дар байни шарқшиносони шӯравӣ дар навбати аввал маҳз Брагинскиро қадр кардан мебоист.
Аслан масъалаи тақдири тоҷикшиносони берунмарзиро куллитар ба миён гузоштан лозим буд. Дар баробари Брагинскӣ расман қадр кардани хидматҳои шоёни Иржи Бечка (Чехистон), Ричард Фрай (Амрико), Манфред Лорентс (Олмон) ва Игор Пиянков (Русия) низ аз рӯйи адолат ва айни муддао мебуд.
 
7
Ҳақиқати таърихӣ мисли ширмоли самарқандӣ нони самину гирде нест, ки онро сари дастархон ҳар кас битавонад пора кардану ҳиссаи дилхосташро гирифта хӯрдан! Ҷони гап ин ҷост, ки ҳақиқатро пора кардан умуман мумкин нест. Пораи ҳақиқат ва ҳатто ними ҳақиқат дурӯғ аст! Ҳақиқат хурду калон ҳам намешавад. Дар ин маврид қоидаи чор амал низ ба кор намеояд, яъне ҳосили ҷамъи ду нимҳақиқат як ҳақиқат нест, дурӯғ асту бас. Гапдуздӣ ё бозгуфти нопурраи воқеа низ як навъ дурӯғ аст. Беҳуда нест, ки дар ойинномаи маҳкамаи англисӣ, ки қадимтарин ва суннатгаротарин идораи ҳуқуқи урупоист, як қоидаи ҷолиб ҳаст: аз шоҳидон талаб мекунанд, ки ҳақиқат, танҳо ҳақиқат ва буду шуди ҳақиқатро гӯянд.
Дар илми таърих ин қоидаи муҳимму муфид ҷорӣ нашудааст ва ҷорӣ шуданаш ҳам амри муҳол бувад. Ин ҷо ҳикмати некбинонаи “ҳақ ба ҳақдор мерасад” ба кор намеояд! Албатта иллаташ беинсофии таърихдонони ҷудогона аст. Аммо агар масъаларо илман ба миён гузорем, он гоҳ дармеёбем, ки дар паси иллати мушаххас сабаби куллитаре ҳаст. Асл ин ҷост, ки таърихнигорон дар Ҳаҷлаи Оҷ ё дар холигоҳе байни замину осмон зиндагӣ намекунанд. Худашон узви миллате, пайрави ягон идеология, эътиқодманди дине ё мазҳабе, аъзои ҳизби сиёсӣ ё ҷунбишҳои иҷтимоие ҳастанд, ки ҷиҳатгирӣ хислати умдаи онҳост. Аз ин маънӣ коргоҳашон дар миёнҷои шабакаи вобастагиҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва рӯҳонию равонӣ қарор дорад.
Мутассифона, дар ин шабака ахлоқ ба андозае, ки мебояд, нуфуз надорад. Чунон ки зикраш гузашт, академик Литвинскӣ ду олими баландпояи академиро, ки ба “Тоҷикон” тақризи манфӣ навиштаанд, «киро карда буданд» гуфта муаррифӣ мекунад. Вале на кирошудагон ва на кирокардагонро номбар накардааст. Ман ҳам ном намегирам. Ин чандон муҳим нест. Худи факти киро шудани олимон барои сиёҳкорӣ ҷолиб аст, ки ақли салим фаҳмида наметавонад. Акнун аз кӣ мепурсед, ки идеолҳои волои олимӣ – беғаразию ростравӣ, ҳақиқатҷӯию адолатпарвариҳо – куҷо шуданд? Боз мегӯянд, ки «ҳар кӣ оқил нест, одил нест»! 
Ва аммо баъд… инро дар замони феодализми пасмонда гуфтаанд. Ҳоло бошад, замон замони капитализми пешрафта аст, ки ақлу одобро аз якдигар ҷудо мекунаду торафт аз ҳам дур меандозад. Чаро ки масрифгароӣ (консюмеризм) «муҳаррики дарунсӯз»-и вусъати ӯст; ҳарбу зарби аҷаб ғаразнокест, ки ҳушу ёди ширкаткунандагонаш фақат ба пулу фойида банд асту бас. Пешоҳанги ин пайкори худкомона бошад, ба истилоҳ маданияти оммавист, ки мағзшӯйиро касб кардааст. Гузашта аз ин, акнун ҳатто илмро, ки як вақтҳо ҳамчун посдори ҳақиқати беғашу беғараз рамзу нишонаи ақлу адл буд, ба бозори чаканафурӯшӣ баровардаанд; дониш пеш қудрати маънавӣ буд, ҳозир бошад, ба мол табдил ёфтааст. Хусусан илмҳои иҷтимоӣ ба иллати вижагиҳои эпистемологию методологие, ки доранд, аз камоли матлуби илму фазл дур шуда истодаанд — то ҳадде, ки агар ба истилоҳ закази иҷтимоӣ ё испонсори пулдор бошад, сиёҳро сафед мегӯянд.
Муҷассамаи барҷастаи ин падида бозаргониши (коммерсализатсия)илмбувад. Чунончӣ, таърихи Осиёи Марказӣ кайҳост, ки ба бозори хариду фурӯш табдил ёфтааст. Вале чунин навъи бозор аз бозори маъмулӣ куллан фарқ мекунад: дар он кӯзафурӯш ҳам ҳасту кӯзахар ҳам, даллол низ ҳасту брокер ҳам, фақат худи кӯзагар нест, ба ҳузури ӯ ниёзе надоранд! Чаро ки ҷиҳати хоси тамоюли мазкур он аст, ки барояш ягон чорчӯби ахлоқӣ ё садди маънавӣ нест! Ҷилвагоҳи «интернатсионалистон»-и саховатманд ана ҳамин бозори таърихфурӯшию таъриххарист. (Он ҷо устохонаҳои таърихтаъмиркунӣ ҳам ҳастанд!) Бо дахолату далолати ҳамон вофурӯшони олимтарош аст, ки имрӯзҳо сарватҳои маънавии гузаштаамонро миёни об овардагону кӯзашикастагон баробар тақсим мекунанд. Харҷ агар аз кисаи меҳмон бувад, Ҳотами Тоӣ шудан осон бувад! Ва ҳол он ки дар суннати мо молу мулкеро мерос хонанд, ки аз одами мурда боқӣ мондааст. Шукри сарнавишти таърихӣ, тоҷикон ҳанӯз зиндаанд! Пири чандон солхӯрда ҳам нестанд, ки ному насабашонро фаромӯш карда умедашонро аз ин дунё канда бошанд!! 
Таърих алифбои ҳувияти миллию иҷтимоист. Дар ҷараёни гузаштан аз алифбои арабиасос ба лотинӣ ва баъд ба алифбои русӣ алифбои таърихамон ҳам иваз шуд. Дар садаи бистуми милодӣ барои бедор кардани ҳофизаи таърихии мардум ва камол ёфтани ҳувияти миллии ӯ пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ду фарзанди фарзонаи халқи тоҷик - Садриддини Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров камари ҳиммат баста буданд ва камоли адолати иҷтимоист, ки номашон дар сархатти феҳристи «Қаҳрамонҳои Тоҷикистон» нақш бастааст. Ҳақиқатан ҳам «масъуд бувад оне, ки ба ин дунё дар лаҳзаҳои сарнавиштсози олами кавну фасод омада рафтааст» (Тютчев)!
Айнӣ ва Ғафуров ҳамнасл набуданд, ҳамасрони ҳампару ҳампуште буданд, ки бо даъвати худи таърихи халқу Ватан ба пешгоҳи корзори миллат баромадаанд. Ҳар яке дар ҷойи худаш ду кори ҳамбастаро сарбаландона адо намуд: ҳам таърихи қавмашро навишту ҳам таърихи халқашро эҷод кард. Айнӣ таърихи фарҳангиро, Ғафуров — таърихи сиёсиро.
Қарори Раёсати Олӣ дар бобати ба англисӣ гардонда дубора ҷоп кардани шоҳкори Бобоҷон Ғафуров тадбири саривақтӣ ва айни муддаост, чаро ки китоби «Тоҷикон» яке аз қуллаҳои таърихнигории даврони шӯравӣ буд. Бо вуҷуди тангу сахт будани чорчӯби идеологию сиёсии ҷомеашиносии онвақта устод Ғафуров бар асари нуфузи илмию эътибори иҷтимоие, ки доштанд, илми тоҷикшиносиро дар заминаи чунон ғанӣ ва қавӣ бунёд карда тавонистанд, ки самтҳои асосии вусъати минбаъда ёфтани таърихнигории минтақавиро низ муайян мекунад. Вале агар мо «Тоҷикон»-ро аз русӣ (на аз «нашри пура ва саҳеҳшудаи тоҷикие», ки ба болои норасоиҳои нашри русӣ камбудҳои дигарро афзудааст!) ба дигар забонҳо гардонда, ба ҷаҳониёнба унвони шиносномаи таърихии миллат пешкаш карданӣ бошем, даставвал лозим меояд, ки ба он диққаткорона ҳошия нависем - бо назардошти ҳам сатҳи кунунии илми таърихнигорӣ ва ҳам дараҷаи ҳозираи шуури миллиамон.
Нахуст як чизи муҳимро ба назар гирифтан даркор аст: китоби «Тоҷикон» қариб 40 сол пеш иншо шуда буд ва бинобар ин худаш ба ёдгории таърихӣ табдил ёфтааст. Пас, акнун вай ба чопи интиқодӣ ниёз дорад. Мурод аз ҳошиянависии китоби «Тоҷикон» албатта танқиди китобу мазаммати муаллифаш нест. Бинобар ин ба Литвинскӣ тақлид карда намегӯям, ки шоҳасари устод Ғафуров саропо кӯҳна шудаст! Ҳукме чунин аз назари илмӣ нодуруст буда, аз ҷиҳати ахлоқӣ беадолатист. Манзури назарам дигар чиз аст: чашмандози рушди ояндаи тоҷикшиносиро муайян намудан мехоҳам.
Бад-ин андеша ба ду норасоии ҷиддии «Тоҷикон» дидаи эътибор медӯзам, ки аз назари сирф илмӣ айбу аҷаб нест. Яке норасоии методологист ва он дигар норасоии назариявӣ.
Гузаштае, ки дар ҳамаи таърихномаҳои миллӣ, аз ҷумла «Тоҷикон»-и устод Ғафуров, қаламӣ шудааст, силсилаи воқеаҳоест, ки аз мавқеи назари материализми таърихӣ сарчин ва таъбир шудаанд. Вале методологияи марксистии китоби Ғафуровро куллан рад кардан набояд ва нашояд. Дар тайи саду панҷоҳи соли ахир марксизм ба ҳамлаю айбҷӯйиҳои бешумор рӯбарӯ шуд, аммо онро касе бекор карда натавонистааст. Гузашта аз ин, худи марксизмро низ мисли тухми мурғ тасаввур кардан лозим нест, ки қобили тағйир ё такмил набошад. Аввалан, таъбираш яксон нест. Манзури назарам таъбирҳое нест, ки онҳоро охирҳои садаи нуздаҳум ва аввалҳои садаи бистум «ревизионистӣ» ва «реформистӣ» хонда, бадном карда буданд. Дар нимаи дувуми асри гузашта андаруни худи марксизм наҳзати бунёдгароӣ ба вуҷуд омад, ки таъбири Плеханову Ленинро ба унвони «марксизми рошидин» рад карда фаҳмиши худашро «марксизми асил» мехонд. «Марксизми айнӣ ё аутентикӣ» (мактаби югославӣ) ва «марксизми ғарбӣ»-ро ном гирифтан кофист, ки таълимоти рангоранги Лукач, Ҳабермас, Сартр, Мерло-Понтӣ ва дигар файласуфону ҷомеашиносони Урупо баёнгари ӯст. Минбаъд (аз нимаи дувуми солҳои ҳаштодуми садаи гузашта сар карда) постмарксизм низ шакл гирифт, ки аз дастовардҳои равонковӣ (психоанализ) баҳра бардоштааст.
Хулосаи калом, таърихан маҳдуд будани марксизм кайҳо дарк шудаст, вале ин сарнавишти ҷумла ақидаву назарияҳои фалсафӣ будаст. Аслан айб дар худи Маркс нест, дар марксизмгароиҳои даврони шӯравист, ки таълимоти ӯро ғаразмандона ба идеологияи давлатӣ табдил дода, ҷумла таълимоти фалсафию ҷомеашинохтии ғайримарксистиро ё батамом рад мекард, ё бунёдан норасо хонда наҳ мезад. Ва ҳол он ки худи муносибати марксистӣ ба таҳлилу таркиби падидаҳои таърихӣ якҷониба буд. Якҷонибагии методологияи материалистию диалектикии таърихшиносӣ бошад, дар он аст, ки нақши омилҳои иқтисодиро муболиға карда, таърихи сиёсӣ ва муборизаи синфиро ба мадди назар гузошта қуввату қудрати созандаи фарҳанги маънавиро, чунон ки бояду шояд, ба назар намегирад, аз ҷумла нақши воқеии динро дар ҷомеа эътироф намекунад, зеро ин ба рӯҳи атеистии марксизм тамоман бегона бувад. Дар натиҷа дар мавриди арзёбии дину мазҳаб якҷонибагии муносибат ба ниҳилизми таърихӣ мубаддал шуд. Ҳақиқатан ҳам, марксизм, ки зимнан дастовардҳои равоншиносиро низ писанд намекард, динро тарёк ё заҳри рӯҳонӣ дониста фақат ҳамчун садде дар шоҳроҳи тараққиёти иҷтимоӣ муаррифӣ намуд ва ҳамвора талқину таъкид мекард, ки онро боястӣ ҳатман шикаста партофтан, вагарна пешравӣ ба пасравӣ мубаддал мешаваду бас. Ва ҳол он ки ҳамон диалектика, ки пояи методологии ақидаи марксистист, ба назар гирифтани ҳама паҳлуҳои падида ё ҳодисаро талаб мекунад, ки дар ваҳдати зиддиятнок қарор доранд.
Фақат пас аз як аср аввал мактаби англисӣ (мушаххасан Арнолд Тойбӣ), сонӣ мактаби фаронсавӣ (маҳфили «Анналҳо») ва ниҳоят мактаби амрикоии таърихнигорӣ, ки дар маҷрои ҷунбиши интеллектуалии пост/пост/модернистӣ шакл гирифт, нақши маънавиётро дар тараққӣ ва таназзули ҷомеа мавриди пажӯҳиши гуногунтарафа қарор доданд. Метавон гуфт, ки мавзӯи умдаи таърихшиносии муосир Инсони Маънан Фаъол мебошад, яъне ҷиҳати антропологии таърих ба мадди назар баромадааст. Навиштани чунин таърихи таърихи халқи тоҷик вазифаи насли ояндаи муаррихон аст. Ҳоли ҳозир бошад, дар муҳити академии мо ҳатто худи зарурати корбурди тариқи тозаи таърихнависӣ дарк нашудааст. Ва ҳол он ки маҳз дар ҷодаи консептуалии равияҳои навини илми гузаштаомӯзӣ, ки онҳоро ба ҷумлагӣ тамаддуншиносии антропологӣ унвон мекунам, ба саволҳое ҷавоб ёфтан мумкин аст, ки дар қолаби танги ҷаҳонбинӣ ва методологияи марксистӣ ё умуман ба миён гузоштан мумкин набуд ва ё, агар гузошта шаванд ҳам, ба онҳо посухи дуруст ёфтан амри муҳол бувад.
Як саволи муҳимми худшинохтиро гирем, ки касе аз таърихнигорони муосир ба миён нагузоштааст: маҳз чӣ боис шуд, ки тоҷикон дар масири таърихи сангини минтақа зинда монданд? Ба масъала аз кунҷи назари фалсафаи ғайримарксистӣ нигариста пиндоштан мумкин аст, ки сабаби умдаи ин падидаи нодираи таърихӣ аз банди се омили маънавӣ иборат буд: (1) забони тавоное доштему дорем, (2) ин забон муҷассам, муарриф ва муҳофизи фарҳанги ғание буду ҳаст ва (3) суннатҳои маънавие доштему дорем, ки аслҳову наслҳоямонро бо занҷири канданашавандаи рӯҳонию равонӣ ба ҳам мепайвандад. Бо факту далелҳои мушаххаси таърихӣ собит кардани ин пиндошт вазифаи гузаштаомӯзонест, ки методологияи тамаддуншиносии муосирро бо дастовардҳои сарчашмашиносии интиқодӣ пайваста метавонанд.
Вале ин ҳам кам аст; боз як нуктаи муҳимми методологиро ба назар гирифтан лозим меояд. Омилҳои мазкуррро ҷудо - ҷудо таҳлил кардан нашояд, зеро мероси маънавӣ зотан тамомияти таърихӣ бувад. Дар зимн фақат дар сурати андаруни секунҷаи герменевтикаи таърихшиносии Аҷам, ки қуллаҳояшро метавон «тафсир», «таъбир» ва «тафҳим» ном дод, ҷараён гирифтани таҳлилу таркиби рӯйдодҳои гузашта натиҷаи матлуби илмӣ ба даст меояд. Таърихнависони марксист бошанд, мероси маънавиамонро бо корди кунди атеистӣ ба динию дунявӣ тақсим карда ва ҳам берун аз контексти мушаххаси замонаш андешида ба сиришту аҳамияти хоси маънавиёти гузаштаамон сарфаҳм нарафтанд. Хулоса, дар қолаби консептуалии таърихнигорие, ки дар замини идеологии марксизми рошидин бунёд ёфтааст, маънӣ ва мароми асили рӯйдодҳои пешин чандон, ки бояду шояд, бароямон равшан нахоҳанд шуд.
Гузашта аз ин, ҳатто дар шоҳасари устод Ғафуров баъзе ҷузвиёту ҷиҳатҳои сарнавиштсози таърихамон чандон амиқ тасвиру таъбир нашудаанд. Агар «Тоҷикон»-ро «хурдагирона» хонда бароем, он гоҳ як саволи андешаангез пеш меояд, ки ба худи бунёди ҳувияти миллии мо асар дорад: агар номамон аз исми як қабилаи забони араб (Той) баромада омадаву бо туркони «маҳаллӣ» ҳамнажод буда бошем (тоҷику ӯзбак аз як ирқ, ба истилоҳ нажоди помирию фарғонӣ будаанд!) ва боз ба болои ин забони модариамонро ҳам аз беруни зодбумамон бегонагон (аввал монавиён, сонӣ маволиён, ки думравони лашкари араб будаанд) оварда миёни мо паҳн карда бошанд, пас, ба чӣ далел ва ба чӣ тариқ исбот карда метавонем, ки мо, тоҷикон, мардуми зотан асилу таърихан тагҷоӣ ҳастем?!
Ман дар таъбиру тахминҳои мазкур нақши қалами муҳарриру мушовиру изофанависонро мебинам, ки парвое аз худшиносии миллии мо надоштанд. Албатта асари илмӣ китоби дарсӣ нест, ки дар он фақат маълумоту хулосаҳои собитшуда ё тасдиқгардида зикр шаванд. «Тоҷикон» монографияи илмист, ки таъбиру тахминҳои баҳснок доштанаш як навъ ҳусни ӯст. Мутаассифона, ба китоб баъзе нуктаҳое низ ворид шудаанд, ки онҳоро «баҳснок» унвон кардан кам аст. Масалан, дар «Тоҷикон» зикр шуда, ки ақидаи аз номи қабилаи забони араб «Той» баромада омадани «тоҷик» хулосаи «аксарияти забоншиносон» мебошад. Ва ҳол он ки дар илм «аксарият» ё «ақаллият» маънӣ надорад; тарафдорони зиёд доштани ақида ё гумони илмӣ меъёру маҳаки ҳаққонӣ будани вай нест. Басе омада, ки дар ниҳояти кор маҳз фикри ақаллият рост баромадааст. Гузашта аз ин, дар мавриди пайдоиши вожаи «тоҷик» фикри «аксарияти забоншиносон» ғалати машҳур буд.
Дар воқеъ, дар қатори онҳое, ки ба ҳамон «аксарият» шомил буданд, дар ҷойи аввал академик Бартолд меистод. Вай худаш забоншинос набуд (гарчанде ки забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркиро медонист) ва шояд аз ин рӯст, ки ба таъбири беасоси луғатсозони тоҷик (хусусан мусаннифи «Бурҳони қотеъ») бовар кард ва онро ҳаматарафа насанҷида иқтибос намуд. Дар сурате, ки босалоҳияттарин сарчашмашиноси тоҷик Садриддини Айнӣ таъбирҳои фарҳангнависони пешинро, ки пояи такягоҳи ҳамон «аксарияти забоншиносон» буд, «подарҳавои ночаспон» хонда, зимнан афзудаанд, ки дар манбаъҳои мазкур ”ягон таҳлили забоншиносӣ ҳам карда нашудааст». Бо вуҷуди ин, бар асари обрӯю эътиборе, ки Бартолд дар ховаршиносӣ дошт, тахмини аз «той»-и арабӣ баромада омадани «тоҷик» то дараҷаи ақидаи илмӣ расид.
Лекин барои паҳн шудани ин ғалати машҳур олими мӯътабару мӯҳтарамро забонкӯтоҳ кардан лозим нест. Хусусан ки вай ақидаашро дар ҳошияи як мақолаи илмию оммафаҳмаш изҳор дошт, ки ба хотири ҳимояи ҳақу ҳуқуқи таърихии тоҷикон соли 1926-ум навиштааст – зимнан, худи ҳамон вақте, ки муаррифиномаи Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро бо иғвои пантуркистон аз фурӯшгоҳҳо гирифта, «ба утилсирё» (қавли худи Айнӣ) фиристода буданд. 
Даъвои академики ояндаи АФ ӯзбакистон С. П. Толстов гапи тамоман дигар буд. Ҳангоми муҳокимаи нахустин таърихномаи Ғафуров (соли 1944) вай таъбири аз «тоҷ» баромада омадани «тоҷик»–ро «ваҷҳи тасмияи ҷоҳилона» (дикая этимология) хонда, бо қатъияти тамом мегуфт: «Ин масъала дар илми таърих кайҳо ҳаллу фасл шудаст. Аслан ҷойи ягон савол ҳам нест!» Лекин ду сол пеш аз ин баҳс устод Айнӣ барои Москва тафсирномаи «тоҷик»–ро тартиб дода буданд, ки он ҷо муносибати «тоҷ» ва пасванди «ик»–ро ҳамаҷиҳата таҳлилу таъбир кардаанд. (Яқин бувад, ки Ғафуров як нусхаи навиштаи устодро дар даст доштанд.)
 
8
Ними умри шаҳрвандони фаъоли шӯравӣ дар майдони ҳарбу зарби идеологӣ барои «ояндаи дурахшон» гузашт. Ва он бо муборизаи беамон бо «гузаштаи торик» ҳамроҳ буд. (Дар Осиёи Миёна таърихи тоинқилобиро «гузаштаи бою феодалӣ» меномидаанд, ки сифтаи куллиаш «нангин» буд.) Дар замони пасошӯравӣ бошад, айни ҳамон мубориза рангу раванди нав гирифт: акнун ашрофи тозазуҳури сиёсӣ ва собиқ «образованшинаи шӯравӣ» (таъбири Солженитсин) барои «гузаштаи дурахшон» сахт пайкор мекунанд. Албатта дар замони шӯравӣ ҳам ба рушди шуури миллӣ каму беш мусоидат мекарданд, вале худи роҳу тариқи мубориза барои «гузаштаи пурифтихор» дар зери назорати сахти идеологӣ буд. Ва агар мабодо ягон ватандӯсти ифротӣ дар мадҳ ё қадҳ аз ҳад гузаронад, аввал АФ СССР ва сонӣ органҳои марказӣ ё маҳаллии ҳизби ҳукмрон таноби ӯро кашида мемонданд. Чунончӣ, дар вақташ маҳз таърихдонони академии Москва файласуф Иброҳим Мӯъминов (вассофи Темури Ланг) ва шоир Олжас Сулаймоновро (вай решаи турконро дар хоки Байнуннаҳрайн меҷуст) ба худ оварда буданд.    
Акнун «ихтиёр дар дасти бахтиёр»! Дар охирҳои «бозсӯзии» горбачёвӣ як гурӯҳ ҳаваскорон (дилетант) лагоми илми таърихро аз дасти ҳирфаиён (профессионал) гирифта, онро ба майдони қилу қоли пурғараз табдил доданд: шоиру нависандагон, публисистони навбаромаду агитаторони кӯҳнаойин, синамогарону мунаққидони адабӣ дар баробари экспертҳои сиёсатдону мутахассисони собиқи «коммунизми илмӣ» худро ба майдони таърихшиносӣ зада, ба танқиду «ислоҳ»-и мафҳуму консепсияҳои кайҳо собитшудаи илмӣ пардохтанд. Ҳоли ҳозир бошад, баҳсгоҳи таърихдонҳои ҳаваскор аз ҳисоби фазои элекронӣ (Интернет) васеъ шудаст, ки аз ҷиҳати одоб ҳам ҳадду ҳудуд надорад. Аз сӯйи дигар, ба иллати ногаҳон шикаста шудани қолибҳои идеологӣ ва беқурб шудани методологияи марксистии илми ҷомеашиносӣ бисёр муаррихони соҳибихтисос дар муқобили «ҳуҷуми ақли хом» оҷиз монданд. Агар ба болои ин ба назар гирем, ки ҳоло тамоюли сиёсатониши илми таърих, яъне ба мақсадҳои сиёсӣ суиистифода кардани донишу маълумоти таърихӣ, аз нав қувват гирифта, сирату сурати аз пештара ҳам зишттар пайдо намудааст, метавон пиндошт, ки сатҳи академии таърихшиносӣ то чӣ андоза паст рафтааст.
Дар натиҷа ба таърихороёну таърихсозону таърихдуздони собиқадор ҳам Худо дод! Солҳои охир онҳо дар ин майдони бесоҳиб мисли тосбози сирк ҳунарнамоӣ мекунанд. Босмачигарии маънавӣ беш аз пеш вусъат меёбад! Агар пеш бо як навъ оҳанги ранҷиш «он вақт мо низ ҳамон ҷо будем» гуфта аз тариқи корбурди мафҳумҳои баробарсози «адабиёти форсӣ» (ба маънои он ки дар садаҳои миёна забони форсӣ нақши лингва-франкаро мебозид, яъне ки туркон низ ба ин забон менавиштаанд), «мутафаккир ё ҳунарманди осиёимиёнагӣ» ва «Ренессанси мусулмонӣ» ба мероси килоссикии мо шарик шудан хоҳанд, акнун пештозони ин наҳзати ғайриилмӣ ҳатто ба қаламрави давлати сирф тоҷикии Оли Сомон рӯйирост турктозӣ карда истодаанд! Чунончи, Гога Ҳидоятов ном як даъвогар бо истифода аз як қайди ҷузвии Бартолд (болотар нигаред) ва ҳамон хулосаҳои куллие, ки «изофанавис» Литвинскӣ маҳсули қалами «интернатсионалӣ»-и худаш медонад, заминро ба осмон дӯхта аҷдоди моро «арабзодаҳои эронишуда» гуфта таҳқир карда истодааст! Зимнан, ҳамон ӯртоқ Ҳидоятовро ба ҷодаи илм сиёсат ворид карда буд. Дар даврони Шӯравӣ вай мутахассиси таърихи тоинқилобӣ набуд; шӯравишиноси рошид (ортодокс) буд ва бо роҳу тариқҳои ҳарому ҳалол шӯравишиносони хориҷиро «фош» карда мегашт! Илмашон бошад, ба андозаест, ки агар онро пашша бардорад, бемалол то Сурайё бурда метавонад! Охир, ҳидоятовҳо на сарчашмаҳои арабию форсии асилро хонда метавонанду на аз дастовардҳои илми ҷаҳонии таърихшиносӣ хабар доранд! Вагарна барои исботи даъвоҳои мутлақо ботилашон дар бораи «омада» будани тоҷикон ҳатто Сарқонуни Ҷумҳурии Туркистонро ҳуҷҷат нишон намедоданд, ки фақат ӯзбекон, қазоқҳо ва туркманҳоро «халқҳои таҳҷоӣ» эълон карда буд! 
Хулосаи калом, дар илми таърих ҳам майдон азони зӯру тамошо азони кӯр шуд!
Бо вуҷуди ин муқовимати илмиро ба бедодгариҳои олимтарошони шӯравипарвард кори саҳл пиндоштан лозим нест. Дар муқобили хомгуфторҳои сӯхтамағзони ҳасуд моро пуркорӣ бояд, на ҳақорату ситеза, зеро, чунон ки Сайидои Насафӣ моро огоҳонидааст, «аз ҷавоби талх гардад ҳирси соил бештар»! Пайдоиши қавми тоҷик ва худи номи «тоҷик», замону макони ташаккули забони порсии дарӣ, инчунин нақши иҷтимоии нируи маънавӣ (на фақат илму адаб, балки дин низ, ба хусус тасаввуф), аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳое мебошанд, ки бояд пеш аз ҳама мавриди таҳқиқу тадқиқи ҳаматарафаи илмӣ қарор гиранд, то мо битавонем бо сипари далелҳои мушаххаси таърихӣ ва бурҳони қотеонаи назариявӣ ба даст бо ҳарифони чаласаводу ҳангоматалаб рӯ ба рӯ шавем. Ҳошияи методологию таърихшинохтие, ки зарурати навиштану афзудани онро ба китоби «Тоҷикон» зикр кардам, оғози ҳамин рӯёрӯии илмӣ хоҳад буд.
Дар радифи масъалаҳои мазкур муҳимтарин ва ҳассостаринаш мавзӯи забон  аст. Аз ин мавқеи назар ба як қазияи (тезис) куллӣ эътибор надодан мумкин нест, ки шояд «изофанавис» Оранскӣ ё «муҳаррири масъул» Литвинскӣ ба китоби «Тоҷикон» илова карда бошанд: «Эътирофи забон ба сифати ягона нишондиҳандаи қавмият раво нест». Мунаққидони академии китоб Окладников ва Пиотровскӣ дар тақризашон тезиси мазкурро ба унвони «мулоҳизаи методологӣ» алоҳида қайд карда ва ба вижа маъқул дониста буданд. Ин сабаб дошт. Бо назардошти айнан ҳамин “мулоҳиза” онҳо ба Ғафуров эрод гирифтанд, ки чаро эшон аз рӯйи гуфти худашон амал накарда, Хайёмро ба таърихи адабиёт тоҷик (садаҳои ёздаҳуму дувоздаҳум) даровардаанд?! 
Дар таърихи ҷаҳон фақат як халқ буду ҳаст, ки дар хештаншиносиаш на зодгоҳ, на забон ва ҳатто дини қавмиаш ҳам омил нест; дар раги аъзои парокандаумматаш як қатра хуни «асил» воқеан ё тахминан буда бошад, кофист. Сарнавишти тоҷикон тамоман дигар аст. Барои мо забон мустаҳкамтарин ва муҳимтарин пояи ҳуввияти миллию маданӣ мебошад; мисли олмониҳо ва русҳо тоҷикон миллати забонзода ва забонпарварда ҳастанд. Худвижагии таърихи мост, ки пайдоиши забони порсии дарӣ ва ташаккули худи қавми тоҷик дар як маҷро ҷараён гирифтаанд ва ба ин маънӣ аз ҳам ҷудонашавандаанд. Аз ин ҷиҳат комилан фаҳмост, ки чаро Фирдавсӣ заҳмати сисолаашро бо як мисраъ ҷамъбаст кардааст: «Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ».
Дар таърихи мардумони ориёӣ як тазодди ҷолиб ба чашм мерасад. Сарнавишту саргузашти ду бародари ҳамтан – Эраҷу Тураҷи асотирӣ ё тоҷику эронии кунуниро гирем. Эрониён ба таърихи инсоният ҳамчунаҳли сайф ворид шуданд. Тоҷикон бошанд, худро ба ҷаҳониён ҳамчун аҳли қалам шиносонданд. Ба қавли Саиди Нафисӣ, «бузургони Эрон ағлаб (аксар) аз ин сарзамин (Хуросону Варорӯд, яъне аз миёни тоҷикон) бархостаанд. То авосити (миёнаҳои) қарни дувоздаҳум сатре аз таърихи Эрон нест, ки як бор исми Бухоро ё Самарқанд ва ё Балх дар он бурда нашуда бошад».
Аммо баъд… Саиди Нафисӣ ҳама гапро нагуфтааст. Аз ҷумла масъаларо васеътар ба миён гузошта наандешидааст, ки сабаби таърихии ин падидаи нодираи фарҳангӣ худаш чӣ буда бошад. Ва чӣ тавр мешавад, ки забон зодаи Эрони кунунӣ будаасту адабиёт парвардаи Тоҷикистони таърихӣ шудааст? Ва чаро забони бародарони эронии мо ба корбурди истилоҳи айнии Айнӣ «адабиёти форсу тоҷик» (дурустараш: «адабиёти тоҷику эронӣ») ҳанӯз ҳам намегардад? Балки иллат он аст, ки идеоли этикии мову онҳо (Саъдӣ бародареро афзалтар донистааст, ки дӯст бошад!) ҳанӯз ҳам амалӣ нашудаст?
Мутаассифона, мо, ду бародари ҳамтан, дарди муштараке дорем, ки онро метавон аз қавли Нодири Нодирпур «зи худ бегонашавӣ» унвон кард. Дар замони шӯравӣ аз асли хеш дур мондани тоҷикон бозтобе аз сиёсати таҳмилии давлат буд (талқини идеологию лингвистии се забони гуногун будани форсию дарию тоҷикиро ба ёд оваред). Бо вуҷуди ин, охирҳои солҳои ҳаштодум, бо як азоб бошад ҳам, формулаи «забони тоҷикӣ (форсӣ)»-ро ба Қонуни забон пайваста будам. Дар замони истиқлол бошад, ба ҷойи «форсӣ»-ро аз қавсайн баровардан, онро гирифта партофтанд. Ғофил аз он ки фақат дар чорчӯби мафҳуми «забонии тоҷикии форсӣ» (ин формула, ки ба ҷойи баромади забон ишора мекунад, аз «форсии тоҷикӣ» дида ба ҳақиқати таърихӣ наздиктар аст) мо, тоҷикон, ба мероси килоссикии Аҷам шарик шуда метавонем!
Аз қазои Яздон бошад ё аз наҳси Кайвон, ки ба мо аз азал ҷасомати ақлу фаросат насиб шуда бошад ҳам, аз ҷасорати азму ирода ба маротиб камтар расида будааст. Мавлонои Рум Ҷалолиддин шояд бо ишора ба ҳамин насибаи таърихиамон фармудааст: “чустӣ куну туркӣ кун, не нармиву тоҷикӣ”! Ба болои ин бепарвоиро ҳам илова кунед, ки низ аз одатҳои дерин ва музмини мост. Дар таърихномаҳо мазкур аст, ки тоҷикон ҳатто дар сангинтарин солҳои рӯзгорашон ҳам ғами худро нахӯрдаанд ва басе ба сони ҳамон мурғи камҳавсалаи Ҳофиз наҳ задагӣ ба умеди раҳми касоне менишастаанд, ки барояшон дом ниҳода буданд!
Дар занҷири рушди миллиамон сусттарин ҳалқа сиёсати кадррасонӣ буду монд. Аз ин ҷост, ки мо ҳанӯз ҳам ба мушовирону мутарҷимону муҳаррирони бегона мӯҳтоҷ ҳастем! Устод Ғафуров бист сол дар Москва раиси як институти машҳури академӣ буданд, метавонистанд бо истифода аз фурсати мусоиду имкони воқеӣ як мактаби бонуфузи тоҷикшиносиро ташкил диҳанд; хусусан ки ба истилоҳи ҳамонвақта гӯям, қобилияти ташкилотчигие доштанд фавқулода. Э кош, ҷавонони болаёқати тоҷикро  ёфта дар Москва ҷамъ мекарданду онҳоро ба доираи мутахассисони варзидаи илми шарқшиносӣ ҷалб намуда (аз он ҷумла таърихнигорону таърихшиносони ояндаро ба мактаби “Анналҳо” барои кормӯзӣ фиристода), дар баробари ҳамкорӣ бо Литвинскиҳо ба тарбияи олимони баркамоли худӣ ҳам эътибор медоданд!
Литвинскӣ ҳангоми нақл кардани қиссаи бо дахолату далолати Ғафуров сокини Москва шудани хонаводааш эътирози ноиби раиси шаҳрро иқтибос оварда, ки басе ҷолиб аст: «Бобоҷон Ғафурович, ман Шуморо бисёр ҳурмат мекунам, вале ба Шумо инҳо… барои чӣ даркор? Магар дар Москва дигар ду доктори илмро ёфта наметавонед?» Ғафуров гӯё чунин ҷавоб додаанд: «Онҳо барин олимон дигар нестанд!»Таких больше нет»!) Ноибраиси пойтахти онвақтаамон аҷаб одами дурбин будаст! Ман бо мулоҳизаи ӯ комилан розӣ ҳастам: Литвинскиҳо нодирагони замона набуданд. Гаҳвораашон аз осмон бе ресмон наафтода буд! Ҳамон вақт низ олиму олимшавандагони шоистатару арзандатар буданд ва ҳозир ҳам ҳастанд, фақат онҳоро сари вақт ёфта, бо кори сазовору шароити мусоид таъмин намудан даркор аст, яъне айни ҳамон корро кардан бояд, ки Ғафуров дар ҳаққи як ношукр кардаанд.
Лекин асл ва умдаи гап дар болои фактҳои ҷудогонаи зиндагиномаи илмию сиёсии Бобоҷон Ғафуров нест. Масъаларо куллитару васеътар ба миён гузоштан мебояд, зеро ки як нӯги хислати мазкур то менталитети халқи тоҷик рафта мерасад. Қавитарин бахши менталитети суннатиамон бошад, дар хирадномаҳои гузаштагони қадимзамонамон ба унвони ҳикмати мардумӣ зикр ёфтааст: оби дари хона қадр надорад. Ин на ба он маъност, ки тоҷик бегонапараст бошад. Як китоби зарбулмасалҳоямонро кушода бинед, ки халқ худаш чиҳо мегӯяд: «об ки барояд аз миёни хона, худмо ҳар ду хӯрем, санга хӯрад бегона»! Бояд низ афзуд: тоҷик бегонаситез ҳам набуд, вале дар сурати бегона худу бархудро фарқ намекард ва биноан аз хеши дур дида ҳамсояи наздикро беҳтар мешуморид. Гузашта аз ин, минбаъд ҷудоиҳои ҷуғрофӣ ба тафовутҳои фарҳангӣ табдил ёфта ҳамроҳа дар таҳтуззеҳнамон фалсафаи иҷтимоии «туро газад, маро чӣ ғам» реша гирифт. То чӣ андоза мустаҳкам будани ин решаи рӯҳонию равониро метавон аз рӯи муносибати ҳозираи тоҷикони дарунмарзӣ ба тоҷикони берунмарзӣ, хусусан зодагони Самарқанду Бухоро, қиёс кард.
Хулоса, аз мост, ки бар мост! Истилоҳи “кадррасонӣ”-ро аз осори Айнӣ иқтибос карда гуфтанӣ будам, ки аз ин бобат заъфи миллиамонро ман худам кашф накардаам: маҳз устод Айнӣ, ки аз ҷиҳати дилсӯзии ватанпарварона ҳамрадифи Аҳмади Дониш буданд, бори аввал зарурати мавқуфнопазири таълиму тарбияи одамони соҳибмаълумоту соҳибихтисосро – аз муаллими мактаби ибтидоӣ гирифта то соҳибкасбони олитахассус – ба миён гузоштанд. Эшон дар худи оғози таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1924) ба мушоҳида гирифтаанд, ки “баъд аз Инқилоби ӯктабр ҳамаи ватандорони Туркистон соҳиби рӯзнома, соҳиби мактаб, соҳиби илму қалам шуданд. Аммо қавми тоҷик ҳамон Аҳмади порина, ки ҳастанд, ҳастанд”. Ва мазамматомезона афзудаанд: “Дар пас мондани тоҷикон аз дигар қавмҳои Туркистон, албатта, сабаб бисёр аст. Сабаби калон камсаъйии худи тоҷикон аст”. Аз байн беш аз бист соли тамом гузашт, вале вазъият ба андозае, ки мебоист, тағйир наёфт. Ва боз (соли 1947) устод Айнӣ қалам ба даст гирифта ҳамон масъалаи кӯҳнаро аз нав ба миён гузоштанд ва бо ҳамон оҳанги пешинаи гилаомез таъкид карданд, ки Тоҷикистон “бо ҳамаи ин ки саҳми калоне аз бюджети давлатӣ дар роҳи кадррасонӣ тахсис ва сарф шуда омада истодааст, аз ҷиҳати ба воя расонидани кадрҳо нисбат ба бисёр республикаҳои бародарӣ дар қафост”.
Дар воқеъ, Тоҷикистони мо мисли Арманистону Гурҷистон, Озарбойҷону Қазоқистон ва ҳатто ӯзбакистон аз тамоми имкону имтиёзҳои низоми шӯравӣ самаранок истифода бурда натавонист. Чунончӣ, ҷумҳуриамон аз аввал як барномаи давлатии тарбияи кадрҳои олиихтисосро надошт, ки аз рӯйи талаботи ҷорӣ ва бо назардошти ниёзҳои ояндаи халқу кишвар тарҳрезӣ шуда бошад. Агар медошт, магар якумр ба бисёр корхонаҳои ҳозиразамонаш мутахассисонро аз берун даъват карда меовард? (Ҳатто коргарони қаториро барои корхонаҳои саноати сабук!) Дар риштаи тарбияи кадрҳои илмӣ фақат замоне, ки устод Султон Умарӣ Раиси Академия буданд, дигаргунии назаррас ба амал омад. Дареғу дард, ки умрашон кӯтоҳ будаст. Минбаъд об боз ба маҷрои аввалааш баргашт. Натиҷа ҳамин шуд, ки «ҳама хармӯҳраҳо рафтанд ба савдо, ба марворид харидорӣ намондаст»…
Акнун ки шоҳасари устод Бобоҷон Ғафуровро ба воситаи забони англисӣ ба арсаи илми ҷаҳонӣ бароварданием, кунҷковии бемаврид набуд, агар пурсида шавад, ки шиносномаи таърихии миллатамонро киҳо дар сатҳи баланди илми ҷаҳонӣ ҳошиянависӣ хоҳанд кард?! Охир, бо вуҷуди он ҳама ҳурмату эҳтироме, ки аъзои ҷудогонаи Академияи миллиам сазоворанд, пӯшида нест, ки дараҷаи миёнаи илми академии мо аз он, ки пеш буд, хеле паст рафтааст. Магар факти аз майдони баҳс бо Литвинскӣ гурехтани академикҳои таърихнависи тоҷик худаш шоҳиди гӯё нест?! Лекин агар давлатдорон боз ба умеди бегонагон бошанд, умедашонро кананд: даври Литвинскиҳо гузашт, хусусан ки акнун хориҷӣ шудаанд. Бар болои ин, акнун барояшон ҷойҳои баландтар набошанд ҳам, корҳои даромадноктар ёфт мешаванд!
Нолаи об аз ноҳамвории замин аст…
Моро ҳам фарзу ҳам қарз бувад, ки аввал замини илму маорифамонро ҳамвор намоем, то ки тафаккури эҷодиамон, чунон ки бояд, рушду камол ёфта оҳиставу пайваста ба уқёнуси афкори ҷаҳонӣ роҳ ёбад. Манзури назарам ба амал баровардани ислоҳоти куллӣ дар сохтори илм ва низоми мактаби олӣ мебошад. Дар бораи роҳу тариқи ба амал баровардани ин пешниҳод фикру андешаҳоямро дар мақолаи дигар муфассал баён хоҳам кард. Ин ҷо ҳамин қадарашро гуфта мегузарам, ки мақсади асосии ислоҳот ба дастгоҳу дастёри ӯҳдабарои давлату миллат табдил додани Академия мебошад. Онро бо ду роҳу тариқи зерин ба амал баровардан салоҳи кор аст. (1) Аз нав сохтани таркиби идории илми академӣ ва мувофиқан тағйир додани мавзӯъҳо ва равандҳои асосии таҳқиқоти бунёдӣ (фундаменталӣ). (2) Фароҳам овардани шароити моддию маънавӣ барои ба воя расонидани зумраи эҷодкорони асил дар мактаби олӣ ва муассисаҳои академӣ; таълиму тарбияи онҳоест, ки дар баробари соҳибистеъдод будан соҳибшахсият низ бошанд. Аломати асосии шахсияти худогоҳу дилсӯз тафаккури интиқодӣ доштан аст, яъне баҳравар будан аз қудрати андешаи мустақилона мебошад, ки мутаассифона дар ниҳоди маънавии аксари мо, ховарзодагон, решаи дарозу мустаҳкам надорад.
Сухан аз касби камол меравад. Муҳимтарин бахши он таълиму талқини хислатест, ки аз қавли Алии Шариатӣ «истиқлол дар қазоват» (муҳокима) унвон мекунам. Манзури назарам тарбияи муносибати озодона ва сарбаландонаест «ба ҷаҳоне, ки дар онем, ба вазъе, ки дорем, ба таърих, мазҳаб, сарнавишти фардо ва билохира моҳияти хеш ва мояҳо, камбудҳо, ноҳанҷориҳо (каҷравиҳо), ранҷҳо, ниёзҳо ва ормонҳои хеш». Агар миёни мо, тоҷикон, ҳам насле чунин баҳравар аз асле чунон ба воя расад, он гоҳ бароямон зарурати иҷтимоие намемонад, ки минбаъд бори гарони миннати литвинскиҳоро бардорем. Хусусан ки бузургонамон ба мо “миннат макаш ар дӯст бувад Ҳотами Той” гуфта пайваста насиҳат мекарданд.
Вале то кунун, ба қавли Мӯъминшоҳи   Қаноат,
Дидаем ин хокро бо чашми танг,
Ки дар ин дарёст гулмоҳӣ наҳанг!..
 
 
Кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» устод Акбари Турсон, мутафаккири миллӣ, кайҳоншинос ва файласуфи барҷастаро ба муносибати 70-солагии зодрӯзашон табрику таҳният гуфта чунин таманно доранд:
Ҷуз ин дуот нагӯям ки Рӯдакӣ гуфтаст:
«Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!»

 


Баёни ақида (1)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2729

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед