Хабарҳо
Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ
Дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Марҳабо ба Хатлон» бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ва муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода дар Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисодии кишвар» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Зикр гашт, ки эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои васеъ барои рушди туризм ва ғанӣ гардондани иқтисодиёти кишвар фароҳам меоварад. Имкониятҳо барои рушди сайёҳӣ васеанд ва аз ин истифода бояд бурд. Дар ин самт бояд ширкатҳои сайёҳӣ бештар фаъол бошанд ва таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ низ ба фоидаи кор хоҳад буд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 414