logo

иқтисод

ҲАЙАТИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти сарварии Падаҷа Ҳанделвал, роҳбари ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон, бо мақсади омӯзиши вазъи иқтисодӣ ҷиҳати тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон омада, бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва гурӯҳи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои корӣ доир намуд. Ҳамчунин, намояндагони ХБА ҳамроҳ бо муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба вазъи корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии Роғун шинос шуданд.
Тавре аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, дар мулоқоти ҳайатҳои ХБА ва БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллӣ ширкат варзиданд. Мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, нигоҳ доштани вазъи устувори макроиқтисодӣ ва таҳким бахшидани сиёсати пулию қарзӣ мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯ қарор гирифтанд. Барои дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманди дуҷониба изҳори умед карда шуд. Хонум Падаҷа Ҳанделвал барои густариши ҳамкориҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон дар бахши устувории низоми бонкӣ, ки барои суботи молиявӣ ва рушди иқтисоди кишвар, нақши калидӣ дорад, ҳамчунин, мусоидат дар татбиқи ислоҳот ва роҳандозии барномаи нав омодагӣ баён намуд.
Дар вохӯрии машваратии ҳайати ХБА бо гурӯҳи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисоду савдо Ҳикматулло Неъматуллозода, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, Ҷамолиддин Нуралиев, сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва намояндагони бахши иқтисоди вазорату идораҳои кишвар гуфтугӯ перомуни вазъи иқтисод, устувории молияи давлатӣ, суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзию қурбӣ ва рушди бахши хусусии кишвар ҷараён гирифт.
15 май ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор бо мушоиати Ҷамолиддин Нуралиев ба рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун шинос шуд. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Ҷамолиддин Нуралиев ба меҳмонон оид ба нақши Роғун дар рушди иқтисоди мамлакат ва аҳамияти минтақавии он маълумот дод. Ҳамчунин, Маҳмадсаид Шамсуллозода, муовини директори ҶСК «НБО Роғун», ба меҳмонон дар бораи хусусиятҳои техникию гидроэнергетикӣ ва устувории техникию сейсмикии иншоот маълумоти муфассал манзур дошт. Тибқи иттилои манбаъ, меҳмонон аз тамошои «Роғун» хеле ба ваҷд омаданд.
Шиносоии ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор     бо вазъи иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ, инчунин, барои таҳияи шарҳи иқтисодӣ дар бораи вазъи иқтисодию молиявӣ дар Тоҷикистон то 23 май идома меёбад.
М. МУРОДОВА,
М. НАЗРУЛЛОЕВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2018    №: 97    Мутолиа карданд: 254

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед