logo

фарҳанг

ТОҚИИ ТОҶИКӢ РАМЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ Ӯ БУД

Вақте ки Розия Озод писараки дӯстрӯякаш Бобоҷонро бори аввал ба мактаб бурд, чун армуғон барояш тоқии нави тоҷикӣ харид ва ба сараш пӯшонд. Писарак ба ҷилои нақшу нигори тоқӣ назар афканда, гумон мекард, ки болои сараш хуршед медурахшад. Аз ҳамон айём меҳри тоқӣ бар дилаш нишаст.
Он вақт аз куҷо медонист, ки рӯзе фаро хоҳад расид ва мисли чор кунҷи тоқияш чор қитъаи олам ба рӯяш боз хоҳад гашт? Замоне ки ӯро сарвари Институти ховаршиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин намуданд, ҳамроҳи заруртарин чизҳои шахсӣ тоқии худро низ ҳамроҳаш бурд.
Бобоҷон Ғафуров зимни сафарҳои хориҷӣ, мулоқотҳои расмӣ ва анҷуманҳои байналмилалии илмӣ ҳамеша тоқии тоҷикӣ бар сар дошт. Вай, ки сиёсатмадори пуртаҷриба, хирадманду дурандеш, рамузфаҳм ва дорои ифтихори баланди миллӣ буд, бо ин амали хеш гуфтан мехост: «Ман намояндаи давлати Иттиҳоди Шӯравиям, аммо фарзанди тоҷикам, аз нажоди Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Синою Беруниям».
Ҳангоме ки ӯро доктори ифтихории чандин донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, узви ҷамъиятҳои илмии кишварҳои Ҳиндустон, Фаронса, Эрон, Маҷористон ва раиси чандин созмонҳои байналмилалии илмӣ интихобаш менамуданд, дар ҳалқаи олимони номдори ҷаҳон бо тоқии тоҷикӣ менишаст.
Ҳама донишмандон медонистанд, ӯ тоҷикест, ки илми шарқшиносии шӯравиро ба пояҳои баланд бардоштааст ва муҳимтар аз ҳама таърихи халқи худашро бо муҳаббати зиёд ва садоқати фарзандӣ таҳқиқ менамояд.
Воқеан, Бобоҷон Ғафуров аввалин муаррихест, ки дар асри XX ба бинои таърихнигории нави илмӣ дар Тоҷикистон асос гузошт ва сипас, 300 мақолаву асарҳои илмиашро чун хиштҳои тиллоӣ рӯи деворҳои он як – як чидан гирифт. Агар Фирдавсӣ Аҷамро бо забони нобу шевои назми дарӣ – тоҷикӣ зинда карда бошад, ӯ бо таълифи асари  бузургаш «Тоҷикон» Аҷамро  бо забони ҳазорон ҳуҷҷатҳову аснод ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ ба анҷом расонд.
Ин корномаи беназири илмии ӯро бисёр донишмандони дараҷаи аввали Осиёву Аврупо мавриди ситоиш қарор додаанд.
Аллома солҳои зиёд зимни вохӯриҳо ва суҳбату мулоқотҳо бо роҳбарони давлатҳои гуногун ҳамеша тоқии тоҷикӣ ба сар дошт. Соли 1968 сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ ҳангоми ба ӯ супурдани Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру бо як табассуми ҳалимонаву гуворо ва нигоҳҳои саршори эҳтиром ба тоқии сараш менигарист. Дар як мулоқоти дигар хоҳишаш менамояд, ки ба китобаш, ки бояд дар Маскав интишор гардад, сарсухане нависад. Ин хоҳиш аз ҷониби олим бо мамнуният пазируфта мешавад.
Бобоҷон Ғафуров дар сафарҳояш маданияти баланд, расму оини шарқӣ, дониши амиқ ва маърифати баланди сиёсатмадориро намоиш медод. Зимни мулоқот подшоҳи Арабистони Саудӣ аз фарҳанги  баланди исломии ӯ ба ваҷд меояд. Тоқии тоҷикӣ дар сар маносики ҳаҷро ба ҷо меовард. Муборизи роҳи озодии халқи курд Мустафо Барзаниро мебоист ба сулҳу оштӣ ва мусолиҳаи миллӣ водор месохт. Барзанӣ аввал ба ин мулоқот розӣ намешавад. Аммо чун мефаҳмад, ки меҳмон шахси мусулмон ва дорои мартабаи баландест, ба мулоқоташ меояд. Чеҳраи орому хирадмандона, муносибати гарму самимӣ ва тоқии миллияш Барзаниро сахт мутаҳайир месозад. Олим медонист, ки забони тоҷикию курдӣ решапайванд ва ба ҳам хеле наздиканд, бинобар он, дар аввал ба тоҷикӣ чанд ҳарфи лутфомезе мегӯяд. Барзанӣ баробари шунидани суханони ӯ даст рӯи сина ниҳода, мегӯяд: «Хуш омадӣ, бародари азиз!».
Бобоҷон Ғафуров соли 1975 ба Покистон сафар мекунад ва чун тоқии тоҷикӣ дар сар аз тайёра берун меояд, истиқболгирандагонаш бо шодмонӣ мегӯянд: «Ана, Бобоҷон Ғафуров омад»!» Ин сафар ба як анҷумани дӯстӣ ва илмӣ табдил меёбад ва устоди донишгоҳи шаҳри Равалпиндии Покистон Сафӣ Ҳайдари Дониш ба ифтихори  боздиди Бобоҷон Ғафуров бо номи «Таронаи истиқбол» шеъре иншо мекунад, ки ин чанд байт аз он аст:

Надими бебаҳо Бобо, муҳаббатро зиё Бобо,
Ҷамоли дилкушо Бобо, камоли ҷонфизо Бобо.
Назарро равшанӣ Бобо, хирадро зиндагӣ Бобо,
Суруди тозагӣ Бобо, насими дӯстӣ Бобо.
Саросар домани завқи адабро пургуҳар дорад,
Каломи Ғолибу Иқболу Хусрав дар назар дорад.

Вақте ки ин аллома дар бемористони Душанбе бистарӣ буд, пайваста тоқии тоҷикӣ дар сар дошт. Чун дилаш аз тапидан боз монд, дар тобут бо тоқии тоҷикӣ мехобид.
Ҳазорон сокинони ҷумҳурӣ, ҳайатҳои донишмандон аз Маскав, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва дигар меҳмонон ба чеҳраи босафо ва тоқии сари аллома бо андуҳи зиёд дида дӯхта, охирин бор бо ӯ видоъ мекарданд. Дар ин ҷамъомади мотам аз номи донишмандони Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ суханони видоӣ гуфта, зикр намуд, ки «як шамъи фурӯзони хиради тоҷик хомӯш шуд».
Тоқии тоҷикии Бобоҷон Ғафуров то назди хонаи охират бар сараш буд.
Ӯ бо муҳаббати зиёд чун рамзи ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз халқу Ватани хеш ҳамеша тоқии тоҷикӣ дар сар дошт.
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2018    №: 97    Мутолиа карданд: 439

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед