logo

фарҳанг

ВАТАНДӮСТИРО. АЗ ФИРДАВСӢ ВА АЙНӢ БОЯД ОМӮХТ!

Мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад, зеро меҳри Ватан, парастиши он яке аз вижагӣ ва эҳсосоти наҷиби инсонӣ маҳсуб мешавад. Таълим ва тарбияи ватандӯстӣ чун соири мавзӯъҳо, хислатҳо ва мақулаҳо бояд аз хонавода шурӯъ шавад ва пасон то поёнии умр идома ёбад, зеро Ватан азизтарин ва муқаддастарин чиз барои инсон ба ҳисоб меравад.
Дар ин бора адибону муаррихон, равшанфикрону донишмандон зиёд гуфтаву дури маънӣ суфтаанд. Албатта, Фирдавсӣ дар ин боб дар шеър ва адаби гузаштаи мо пешоҳанг аст. «Шоҳнома» мазҳари волои ватандӯстист. Фирдавсӣ дар ташвиқу тарғиби ватандӯстӣ, далерӣ, мардонагӣ, ҷавонмардӣ, ҳифзи шарафу нангу номуси миллӣ доди суханро додааст:
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буми фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Албатта, инъикоси мавзӯи ватану ватандӯстӣ ва тарғиби он дар шеъру адаби мо танҳо ба Фирдавсию «Шоҳнома» ва замони ӯ маҳдуд намешавад, балки баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён низ ба ин ё он навъ идома меёбад. Бад-ин маънӣ, мо дар осори адибони дигарамон низ ба ин мавзӯъ рӯ ба рӯ мешавем, аммо авҷи ватандӯстӣ дар адабиёти мо ба асри гузашта ихтисос мегирад. Хусусан, осори устод Айнӣ дар ин замина маводи арзишманд ва дастурдиҳандаи фаровон медиҳад. Аз он метавон дар тарбияи ҷавонони имрӯзи кишвар, яъне замони истиқлолият истифода кард. Худи устод Айнӣ дар ин бора чунин мегӯяд: «Дар муддати ҳаёти худ ман китобҳои зиёде навиштам ва ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари азизам, ки дар замонҳои гузашта урдуҳои сершумори аҷнабиён поймол кардаанд, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни VII эраи мо ба худ номи тоҷикро гирифт».
Ҳақиқатан ҳам тамоми осори устод Айнӣ ба тасвири ҳаёти халқи тоҷик ва гузаштаи пур аз ғаму андуҳ ва замони пур аз нишоту шодии ӯ, ки пас аз инқилоб насибаш шудааст, бахшида шудаанд. Дар ин боб на танҳо асарҳои адабӣ, балки мақолаву очеркҳои вай, ки саршор аз рӯҳи ватанпарварона мебошанд, хидмати бебаҳо менамоянд. Дар ин замина очеркҳои «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Исёни Муқаннаъ» ва мақолаҳои «Чингизи асри ХХ», «Деви ҳафтсар», «Шерзод», «Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор»,  «Ҳар зараррасонанда ба одамро нест кардан даркор аст», «Илҳомгоҳи фикрҳои олӣ ва бошишгоҳи озодидӯстон», «Модар-Ватан» ва ғайраро, ки устод дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ навиштааст, метавон ном бурд, ки ҳанӯз ҳам арзиши худро аз даст надодаанд ва барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани ҷавонони кишвар хидмати шоиста менамоянд. Бавижа мақолаи «Модар-Ватан», ки ба эҳтиросу ҳаяҷони баланди ватандӯстона иншо шудааст, ба кас рӯҳу тавон ва бовар илқо менамояд. Ҳамчунин, устод дар очерки адабӣ-таърихии худ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» рӯҳи волои ватандӯстонаи Темурмаликро ба намоиш мегузорад. Мутолиаи он барои парвариши рӯҳияи ватандӯстонаи шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон, ки ояндаи кишвар дар дасти онҳост, аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Хулоса, ватандӯстӣ яке аз аркони муҳими одамият маҳсуб мешавад. Аз ин хотир, ҷавонон муваззафанд, ки Ватани худро дӯст доранд, барои пешрафту тараққии он саъй бинамоянд, нагузоранд, ки он ҷавлонгаҳи бегонагон ва истилогарон гардад, зери пойи аҷнабиён қарор гирад, поймоли ғосибон шавад. Ин вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди кишвари мо, бахусус ҷавонон, мебошад. Онҳо бояд мисли Фирдавсӣ ва Айнӣ ба миллат ва Ватан - Модари хеш хидмат бинамоянд, меҳри онро дар дилу ҷон бипарваранд, зеро:
Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад,
кофар аст,
Маънии ҳуббулватан фармудаи Пайғамбар аст.
Дигар, эшон на танҳо меҳри Ватанро дар қалби хеш бояд парвариш бидиҳанд, балки пайи ободии он, ки барои ҳар шаҳрванд ҳам фарзу ҳам қарз аст, кӯшо бошанд ва бад-ин тартиб рӯҳи аҷдодони худро шод намоянд. Шоир барҳақ гуфта:
Ободии ин Ватан ба мо фарз,
Бошад, ки адо кунем ин қарз.
Кошонаи худ кунем обод,
Рӯҳи падарони хештан шод.
Ҷамолиддин САИДЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2018    №: 97    Мутолиа карданд: 507

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед