logo

Хабарҳо

Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Таҳти  роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи якуми Шӯрои тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш баргузор гардид.
Азим Иброҳим зикр намуд, ки вобаста аз эҳтиёҷоти хоҷагии халқи кишвар ва талаботи имрӯза,  дар доираи лоиҳа аз рӯйи 17 ихтисос омодасозии тренерони ҳирфаӣ барои 5 гурӯҳи соҳавӣ – кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва сохтмону рушди сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади амалӣ кардани ин иқдом, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби институтҳои байналмилалии молиявӣ 34 миллион доллари ИМА равона созад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур дар 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳо), 7 Маркази таълими калонсолон ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар 23 шаҳру ноҳияҳои кишвар пешбинӣ шудааст.
Азим Иброҳим аз рафти амалигардонии лоиҳа изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарият ва масъулини лоиҳа дастур дод, ки корро дар муассисаҳои таълимӣ  ҷиҳати  тайёр кардани мутахассисон бо истифода аз  меъёрҳои муосир таъмин намоянд.
Зикр гашт, ки ҷалби мутахассисони ҳирфаии хориҷиву дохилӣ, таъмиру барқарорсозии кабинетҳои махсусгардонидашудаи таълимӣ, бо таҷҳизоти замонавӣ ва ашёву аёниятҳои таълимии муосир,  муҷаҳҳаз гардондани устохонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилоти касбӣ аз корҳои аввалиндараҷаи лоиҳа ба шумор мераванд.
Азим Иброҳим таъкид намуд, ки тибқи нақша, зиёда аз ду ҳазору дусад ҷавондухтарон ва занон, бахусус духтарону занони камбизоат ва осебпазир, ба лоиҳа фаро гирифта мешаванд. Туфайли барномаҳои гуногуни лоиҳа ҳунаромӯзон дар литсейҳои интихобшуда барои таҳсилоти касбӣ бо стипендия таъмин мегарданд. Дар ҳолати хуб аз худ кардани нозукиҳои касби интихобшуда бо ҷойи хуби корӣ таъмин мешаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 377

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед