logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

"ЗАҲР" ШИФО БАХШИД
Духтаре пас аз издивоҷ наметавонист бо модари шавҳараш унс бигирад ва ҳар рӯз миёни онҳо ҷангу даъво буд. Оқибат рӯзе духтар бо ҳадафи нопок назди дорусозе, ки дӯсти самимии падараш буд рафт ва аз ӯ хоҳиш намуд, ки заҳре барояш омода созад, то тавонад модари шавҳарашро ба қатл расонад. Дорусоз гуфт:
- Агар заҳри хатарноке ба ту бидиҳам ва модари шавҳарат дарҳол бимирад, мардум шак хоҳанд кард.
Пас, маҳлулеро аз ҳар гуна гиёҳҳо омода карда, ба ӯ доду фармуд:
- Ҳар рӯз аз он миқдоре ба ғизои пиразан бирез, то оҳиста – оҳиста асар кунад ва саранҷом ӯро бикушад.
Баъд аз он табиб тавсия дод, ки дар ин муддат бо пиразан баҳсу муноқиша накунад ва аз худ рафтори хуб нишон диҳад, то мардум шак набаранд. Зан маҳлулро гирифт ва бо хушҳолӣ ба хона баргашт. Ҳар рӯз миқдоре аз онро ба ғизои модар мерехт ва бо меҳрубонӣ ба ӯ медод. Ҳафтаҳо мегузашту аз меҳру муҳаббати келин рафтори хушдоман низ рӯз аз рӯз беҳтар мешуд, то ҷое, ки модар ҳар ҷо менишаст, васфи хубии келинашро мекард. Ниҳоят рӯзе зан аз амалаш дилреш шуда, назди дорусоз рафт ва гуфт:
- Дигар аз хушдоманам мутанаффир нестам. Ҳоло ӯро монанди модарам дӯст медорам ва намехоҳам, ки бимирад. Хоҳишам ин аст, ки доруи дигаре диҳед, то асари заҳрро аз бадани хушдоманам дур созад.
Дорусоз лабханде заду гуфт:
- Духтарам, ором бош. Он маҳлулеро, ки ба ту дода будам, заҳр набуд, балки аз беҳтарин гиёҳҳои шифобахш омода шуда буд. Заҳр дар зеҳни худи ту буд, ки ҳоло бо ишқу меҳрубонӣ ба модари шавҳарат аз байн рафтааст.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД

 


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад


Рубрикаи  навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ» - и саҳифаи «Шоми шанбе»   ҷамъбаст гардид.  Аз тамоми гӯшаву канор нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои хешро пешниҳод намуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни доираи васеи ширкаткунандагон Саид Каримов, сокини  ноҳияи Файзобод, бори дуюм ғолиб дониста шуд.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки Абдураҳим Тошев аз ноҳияи Кӯшониён, Бегмаҳмад Абдураҳмонов ва Маъруф Исломов аз шаҳри Кӯлоб, Нурулло Исмоилов аз ноҳияи Восеъ, Бобомурод Бедимоғов аз ноҳияи Тоҷикобод, Авазмаҳмад Сафаров аз ноҳияи Мастчоҳ, Фаттоҳ Мирзоев аз шаҳри Душанбе, Зиёдулло Саидов аз шаҳри Турсунзода ва  Шодмон Сафаров аз ноҳияи Фархор дар пешниҳоди ҷавобҳо ширкати фаъолона доштанд.


Суммаи панҷ адад
Панҷ адади пай дар пайро ёбед, ки суммаи квадратҳои се адади аввал ба суммаи квадратҳои ду адади охир баробар бошад!

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
93-547-00-05 Вайбер,    
Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 ) Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40


10 ТАҲҚИҚОТИ НОДИРИ ОЛИМОНИ ШАРҚ
ҲАБ
Абубакр Муҳаммад Закариёи Розиро (865 - 925) асосгузори  фармакология низ мегӯянд. Зеро зиёновар ва муфид будани таркиби баъзе моддаҳои кимиёвиро бори аввал ӯ собит намуд ва ҳам дар тиб шакли давоии ҳабро (таблетка) пешниҳод кард. Ӯ собит сохт, ки агар баъзе маҳлулҳои консентратсияшуда ба организми инсон ворид  шаванд, сабаби рафъи бархе аз бемориҳо мегардад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


КАБӮТАР АЗ ДАҲГОНАИ ОҚИЛТАРИН
Кабӯтар дар рӯйхати даҳгонаи оқилтарин паранда дар ҷойи шашум меистад. Қобилияти дар хотир нигоҳ доштани манзараю тасвирро барои солҳои зиёд дорад. Ҷопониҳо мегӯянд, ки ин паранда худро аз кӯдакон дида беҳтар дар оина мешиносад. Пештар мегуфтанд, ки танҳо делфин ва филҳо чунин қобилият доранд. Акнун кабӯтар низ дар шумори онҳост. Аз рӯйи нақли шаҳрвандони Лондон  ин паранда дар шаҳр аз метро истифода мебарад. Он истгоҳ ё худ ҷойи фаромадани худро медонад. Ҳатто агар кабӯтарро аз вагони метро берун созанд ҳам, вай бо даромадгоҳи дигар ба вагон ворид шуда, ба нуқтаи таъйинотӣ мерасад.
Таҳияи О. ВАФОБЕК


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ КИТОБ
5. Дар Бразилия китоби ҷашниеро аз пӯлоди зангногир тайёр намуданд. Онро бахшида ба 400 - солагии шаҳри Рио де Жанейро нашр намудаанд, ки аз 200 саҳифа иборат аст.
6. Калонтарин фарҳанг «Луғати олмонӣ» ба ҳисоб меравад. Гирдоварии онро бародарон Якоб ва Вилгелм Гримм соли 1854 сар карда, соли 1971 ба охир расонданд. Луғат дар 33 ҷилд ва 33519 саҳифа таҳия шуд.
7. Аз ҳама қомуси калон «Энсиклопедияи рангаи универсалии евро-америкоӣ» аст. Он аз 104 ҷилд ва 105 000 саҳифа иборат буда, дар он зиёда аз 165 миллион калима ҷой дода шудааст.
8. Вазири Форс Абдулқосим Исмоил (асри Х) тамоми китобҳои китобхонаашро ҳангоми сафар бо худ мебурд. 117 ҳазор китобро бо тартиби алифбоӣ дар 400 уштур кашонда мебурданд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ТАЪРИХ ДАР ЯК САТР
Замоне дар Чин императоре ҳукмронӣ мекард. Ӯ бо вуҷуди ҷавонӣ ташнаи илм буд. Китобхонаи бузурге дошт ва пайваста аз он баҳра мебурд. Вале чун медид, ки китобҳои нохонда хеле зиёданд, маъюс мегардид. Рӯзе донишманди дарборро ба наздаш хонда, ба ӯ амр намуд, ки таърихи инсониятро барояш китобат намояд. Баъд аз гузашти солҳо ва меҳнати сангин донишманд таърихи инсониятро  дар 500 ҷилд китобат намуда, ба император пешкаш кард. Он замон низ императори миёнаумр  барои хондани ин қадар китоб вақт надошт. Аз ин рӯ,  аз донишманд хоҳиш намуд, ки матни китобҳоро мухтасар намояд. Ин дафъа теъдоди онҳо боз 50 ҷилдро ташкил дод. Император аллакай пир шуда буду дарк менамуд, ки вақташ барои хондани ин миқдор китоб низ тангӣ мекунад. Ӯ боз аз донишманд дархост намуд, ки ҷойҳои асосии китобҳоро мухтасар нависад. Пас аз муддате ба донишманд муяссар гардид, ки тамоми таърихи инсониятро дар 1 китоб гирд оварад. Вале вақте ки ӯ ба назди император омад, хело дер шуда буд. Император дар бистари марг хобида, аз беҳаракатӣ ҳатто китобро кушода натавонист. Аз донишманд илтимос намуд, ки матни китобро худи ҳозир кӯтоҳ намояд то дар вопасин нафасаш аз он бархӯрдор гардад. Он гоҳ донишманд саҳифаи охирини китобро кушода, тамоми таърихи зиндагии инсониятро дар як сатр чунин баён намуд:
«Одамизод ба дунё меояд, азоб мекашад ва оқибат ин оламро тарк мекунад». 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Пандҳои ҳакимона
Кӯдак, ки будем, кафшҳоямонро нодуруст мепӯшидем. Ҳоло ки ба сол бузург шудем, кори дурустамон танҳо пӯшидани кафшҳост.
***
Сӯзиши шаллоқе, ки бедорам месозад, беҳтар аз навозишест, ки дар хобам мекунад.
Таҳияи З. ҲАМИДЗОДА


АЛЕКСАНДРОВ ВА СОЯДАСТИ СТАЛИН
Аввали солҳои 30-юм. Сталин чор нафар аз бузургтарин кинематографистонро назди худ даъват карда, мепурсад, ки барои пешрафти боз ҳам беҳтари кору фаъолияташон ба чӣ эҳтиёҷ доранд?
- Пурсед, шарм надоред, кӯшиш мекунем, ки кумак намоем,- мегӯяд доҳӣ.
Коргардони маъруф Михаил Ромм шикоят мекунад, ки дар як ҳуҷраи тангу торик бо ҳамсари бемораш ба сар мебарад ва муҳити хонааш барои эҷод созгор нест. Барои ҳамин, ниёз ба як хонаи алоҳида дорад.
- Хуб шудааст, хона мешавад,- мегӯяд Сталин.
 Всеволод Пудовкин мефаҳмонад, ки ӯ танҳо берун аз шаҳр метавонад эҷод кунад. Хуб мешавад, ки барои пешрафти кор ба ӯ бӯстонсаро ҷудо кунанд.
- Майлаш,- ваъда медиҳад доҳӣ.
Иван Пирйев шукрона мекунад, ки бӯстонсаро дорад, вале дар масъалаи омадурафт мушкилӣ мекашад, аз ин рӯ, ба як мошини сабукрав ниёзманд аст.
- Мошин бошад, мошин,- мегӯяд Сталин,- ҳеҷ гап не.
Григорий Александров, ки акнун навбаташ мерасад, худро гум кардагӣ барин, намедонад аз чӣ шурӯъ кунад. Сталин инро пай бурда, ӯро дилбардорӣ мекунад:
- Гап занед, шарм надоред…
Баъди боз каме хомӯшӣ Александров узромез ба гап медарояд:
- Аз шумо илтимоси калон дорам. Бисёр мехоҳам, ки китобатон «Масъалаҳои ленинизм»-ро бо соядаст ба ман туҳфа намоед. Танҳо соядасти шумо метавонад илҳоми маро бедор ва фаъолиятамро пештоз гардонад.
- Хуш, чандон илтимоси калон ҳам набудааст-ку. Барои шумо китоб ҳатман бо соядасташ тақдим мегардад,- мегӯяд доҳӣ.
Баъди чанд рӯз Александров соядасти Сталинро хонда, қариб шодикаф мешавад:
«Ин китоб ба кинематографисти машҳур Александров тақдим мегардад. Замима: як хона, як мошин ва як бӯстонсаро. И. В. Сталин»
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА,
донишҷӯи соли аввали Донишкадаи  давлатии забонҳои Тоҷикистон


15 корномаи ҶБВ
Куҳансолтарин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
Деҳқон Матвей Кузмин (1858-1942) ба дунёи рӯшан се сол пеш аз лағви ҳуқуқи крепостноӣ чашм кушода буд. Вақте ки аз тири душман ба ҳалокат расид, 84 сол умр дошт. Куҳансолтарин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Таърихи корномаи ӯ ба таърихи қаҳрамонии деҳқони ватандӯсти дигар – машҳур ба номи Иван Сусанин шабоҳат дорад. Матвей низ бояд истилогаронро аз байни ҷангалу ботлоқзор ба роҳи калон мебаровард. Ва ба мисли қаҳрамони достонзеб, тасмим гирифт, ки бо баҳои ҷон душманро дар шибарзамин нигоҳ дорад. Вай набераашро пешакӣ фиристонд, то ки партизанҳоро бохабар созад.  Фашистон ба дом афтоданд. Ҷанг ба вуқӯъ пайваст. Афсари немис пеш аз марг тавонист Матвей Кузминро парронад.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


ХАСИСӢ НАКАРДӢ, АЛЛАКАЙ САРВАТМАНДӢ
Назари олимон ва сарватмандон дар бораи пул ва пулдорӣ барои намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа муҳим будааст.

Ба даст овардани пул шуҷоат, ҳифз кардан,  салоҳият ва харҷи он санъатро талаб мекунад.
Авербах Бертолд
***
Хасисӣ накардӣ, аллакай сарватмандӣ. Сарфакорӣ кардӣ, аллакай соҳибдаромадӣ.
Марк Толлиус Сикора
***
Бо пул метавонед сагбачаеро бихаред, аммо бо пул наметавонед онро моил созед, то аз думболатон равад.
Ҷон Биллингс
***
Аз паси пул надавед, саъй кунед, то он ба пешвозатон барояд.
Аристотел Онидсис
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


9 ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ОИД БА АВИАТСИЯ
4. Аз ҳама пурбортарин фурудгоҳи тиҷоратӣ дар ҷаҳон
Фурудгоҳи байналмилалии Хартсфилд – Ҷексон Атланта пурбортарин фурудгоҳ дар дунё оид ба мусофиркашонӣ дониста шудааст. Шурӯъ аз соли 1998 дар як рӯз зиёда аз 260 ҳазор мусофирро интиқол медиҳад ва аз соли 2005 дар як сол ҳавопаймоҳо бештар аз 970 ҳазор парвозу нишастро анҷом додаанд.
Соли 2012 наздик ба 95 миллион мусофирро интиқол додааст.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


МАЙДОНИ ФУТБОЛ МАКОНИ ҚАҲРАМОНИВУ ДИЛОВАРӢ НИЗ ҲАСТ
Майдони футбол барои бозигарон чун макони қаҳрамониву диловарӣ ва ҷавонмардӣ низ маҳсуб мегардад. Соле қабл ҳамлагари клуби чехии «Словатско» Франсис Коне қаҳрамонӣ ва шуҷоати олӣ нишон дод. Замоне ки дарвозабони «Богменис» Мартен Берковетс бо ҳимоятгар бархӯрда, ба замин афтод ва аз ҳуш рафт, ҳамлагари ҳариф Франсис Коне ба ёрии дарвозабон шитофт ва ба ӯ кумаки аввалия расонда, нагузошт, ки забонаш ба ҳалқаш фурӯ равад ва нафасгир шавад. Рӯзи дигар Мартин дар бемористон ба ҳуш омад ва аз тариқи шабакаи иҷтимоӣ ба наҷотдиҳандааш ибрози сипос намуд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ПОЙАФЗОЛ АЗ САҚИЧ
Ширкати Gumdrop якҷо бо ширкати Explicit пойафзоли варзишии аз сақич омода шударо дар Амстердам  ба намоиш гузоштанд. Ин аввалин пойафзоли варзишӣ аст, ки таҳи он аз сақич, болояш аз чарм буда, Gumshoe ном гирифтааст. Аҷоибии ин пойафзол дар он аст, ки аз сақичҳои дар кӯчаҳо партофтаи шаҳрвандони Амстердам омода шудааст.
- Барои омода кардани 4 ҷуфт пойафзол 1 килограмм сақичи истифодашуда басандагӣ мекунад. Ҳангоми омодасозии ин сақичҳо пай бурдем, ки аз он як навъ резини дигар баровардан мумкин аст. Ин сақичҳо ҳатто баъд аз коркард ҳам бӯйи хуши худро гум накардаанд - мегӯяд директори ширкати Gumdrop  Анна Бул.   
Gumshoe июни соли равон бо нархи 190 евро ва бо ду ранг: сурхча ва бунафш ба фурӯш бароварда мешавад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ПОМИДОР БА АНДОЗАИ ТАРБУЗ
Боғбони амрикоӣ Фабритсио Будо аз иёлати Вашингтон бо парвариши помидоре, ки андозаи тарбузро дошт, мардумро ба ҳайрат овард. Вазни ин помидор қариб чор килограмм – 3, 906 буда, ба "Китоби рекордҳои Гиннес" ворид гаштааст. Бояд қайд намуд, ки дар озмуни сабзавоти калонтарини Иёлоти Муттаҳидаи Америка Фабритсио барои помидори парваридааш соҳиби ҷоиза гашт, ҳол он ки помидори азимҷусса пурра пухта нарасидааст. Намояндагони ширкати Гиннес маълум намуданд, ки боғбон агар дар кандани он сабр мекард, ин помидор аз ин ҳам калонтар шуда метавонист.
Таҳияи  Кароматулло  РАҲМАТОВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Футболбозони боназофат
Ба Федератсияи футболи Чин бисёр ҳам нофорам тофт, ки аксар бозингарон ба майдон бо намуди дилғаш: либосҳои даридаву чиркин ворид мешуданд. Масъулон мақсад гузоштанд, ки имиҷи варзишгаронро баланд бардоранд ва бо ин мақсад дастурамалеро нашр намуданд, ки мутобиқи он футболбозони дараҷаи олӣ ҳуқуқи сигор кашидан, шароб нӯшидан ва, ҳамчунин, гӯшвору муҳраҳо овехтан надоштанд. «Бо занҷири тиллоӣ дар гардан футбол бозидан, беадабист», - мегуфтанд онҳо. Ба ғайр аз ин, ба футболбозон супориш шуд, ки ба майдон танҳо бо мӯйҳои кӯтоҳ ва либосҳои тоза бароянд. Агар рафту яке аз бозигарон ин қоидаро вайрон намояд, он гоҳ даста ҷарима баста мешуд: холашро кам мекарданд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


10 ҲАЙВОНИ ҒАЙРИОДӢ
Дарандаи обӣ
Мегаладон  наҳангест, ки ду миллион сол қабл дар баҳрҳову уқёнусҳо ҳаёт ба сар бурдааст. Онро дар баробари приозарв, мозозавр, кронозавр, динозавр аз калонтарин дарандаҳои обӣ эътироф намудаанд. Андозаи даҳонаш баробар ба 2,5 - 3  метр мебошад. Дандонҳояш 18 сантиметр дарозӣ дошта, 276 ададанд ва дар панҷ қатор ҷойгир шудаанд. Дарозии ин ҷонвар  30 метр ва  вазнаш 45 тонна буд. Хӯроки асосии ин даранда  китҳо, делфинҳо, сангпуштҳо ва моҳиҳои калонҳаҷм маҳсуб мешуд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2018    №: 98    Мутолиа карданд: 391

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед