logo

иқтисод

ЧЕНАК ИХТИРОИ НАХУСТИНИ ИНСОН АСТ

20 майи соли 1875 дар конфронси дипломатӣ намояндагони 17 давлат Созишномаи метриро ба имзо расонданд. Ин аввалин созишномаи байнидавлатӣ дар соҳаи метрология буд. Айни замон, ба созишномаи мазкур 70 давлат ҳамроҳ шудааст.
Созишномаи метрӣ ба пешрафти илмӣ-техникии ҷаҳонӣ таъсири неки худро гузошт. Маҳз тавассути он системаи метрии андозаҳо ва, баъдтар, системаи байналмилалии воҳидҳо созмон ёфт, ки дар асоси он системаи байналмилалии ченак таъсис гардида, амал мекунад.
Таърихи ташаккули метрологияи тоҷик аз давраи тараққиёти давлати Сомониён сарчашма мегирад. Яке аз девонҳои давлати Сомониён девони Муҳтасиб ном дошт.  Дар ин бора аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари худ «Тоҷикон» нигоштааст: «Девони Муҳтасиб ба бозор, тарозу, молҳои фурӯши барзгарон ва пешаварон назорат мекард. Вай метавонист фурӯши молҳои қалб ва номатлубро боздорад ва ба нархи гарон фурӯхтани маҳсулотро манъ кунад. Ин девон тадриҷан ба ахлоқи мардум, масҷидравӣ ва истеъмоли машрубот низ назорат мекардагӣ шуд. Шаҳре набуд, ки муҳтасиби худро надошта бошад».
Дар даврони баъди давлати Сомониён ва зуҳури дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва, баъдтар, дар давраи Аморати Бухоро одамон дар фаъолияти рӯзмарраи худ, ҳангоми ҳисобу китоби байниҳамдигарӣ дар бозорҳо, сохтмон, харидуфурӯши маводи қиматбаҳо ва ғайра аз воҳидҳои ченкунии гуногун, ба монанди пуд, ман, мил, фарсанг, мисқол, газ ва ҳоказо истифода мебурданд. 
Замони Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин маротиба соли 1926 баъди ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии  Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани шуъбаҳои муваққатии санҷиши воситаҳои ченак» аввал дар шаҳри Хуҷанд ва сипас дар шаҳри Душанбе филиалҳои хадамоти метрологӣ - Палатаи ченаку  вазни шаҳри Тошканд таъсис дода шуда, соли 1929 он ба хадамоти мустақили давлатии метрологӣ - Палатаи ченаку вазн  табдил дода шуд.
Ин як шуъбаи хурди санҷишӣ давоми мавҷудияти худ пайваста рушду равнақ ёфта, то солҳои 90-уми асри гузашта аллакай ҳамчун Маркази стандартизатсия, метрология ва сертификатсия на фақат дар шаҳри Душанбе, балки дар ҳамаи марказҳои маъмурии вилоятҳои ҷумҳурӣ – Хуҷанд, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб ва Хоруғ зерсохторҳои худро таъсис дода, фаъолият мекард.
Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфт. Имрӯз «Тоҷикстандарт»  қудрат дорад, масъалаҳои  ба тамоми самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия  вобастаро мустақилона ҳаллу фасл намояд. Агентии «Тоҷикстандарт» аъзои ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили ИСО (ISO), МОЗМ (OIML), МГС (EASC), СООМЕТ ва як қатор ташкилотҳои дигар мебошад.
Ҳамкориҳои хадамоти метрологии агентии «Тоҷикстандарт» бо институтҳои метрологии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Олмон ва давлатҳои дигар сол ба сол рушд меёбад. Айни замон дар асоси Созишномаи ҳамкориҳои метрологӣ бо   Институти физикаю техникаи Олмон сохтмон ва азнавсозии озмоишгоҳи эталонҳои вазн идома дорад. Баъди анҷоми он хадамоти метрологии агентӣ имконият пайдо менамояд, ки дар муқоисаҳои байнилаборатории байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намояд.
Ҷӯрахон Раҳимзода, сардори раёсати таъминоти метрологии
воситаҳои ченаки   агентии «Тоҷикстандарт»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2018    №: 98    Мутолиа карданд: 202

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед