logo

фарҳанг

ХОВАЛИНГ ТАБИАТАН МАВЗЕИ САЙЁҲИСТ

Ховалинг - музофоти Мунки куҳан (шаҳри Мунк)-и вилояти Хатлони кишвари тоҷик аз замонҳои хеле қадим то ба имрӯз ҳамчун сарзамини муҳими сайёҳӣ таърихан шинохта шуда, шуҳратманд аст. Агар ба гузаштаҳои дур, аз ҷумла асрҳои VI - VII назар афканем, мебинем, ки зимнан дар ин бора дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ ишораҳо рафтааст.
Масалан, сайёҳони чинӣ Сюан Сзан, Хой Чао,  ки ҳанӯз дар асри VII Хатлонро сайр кардаанд, дар асарҳои худ доир ба ободию бисёрмардумӣ, табиати зебо, обҳои равон ва дигар боигариҳои таърихию табиии ин ҷо сабтҳо намудаанд. Сайёҳу ҷуғрофиядонҳои асри IX-XII-и Арабу Аҷам, аз ҷумла ҷуғрофияшиноси асри X Ал-Истахрӣ(«Китоб-ул-масолик-в-ал-мамолик», соли таълифаш 930-933), Тоҳири Мақдисӣ («Ал-бадъ- ва-т-таърих», соли таълифаш 966), Ибни Хурдодбеҳ, Ибни Ҳавқал, Ал-Мақдисӣ, Ал – Яъқубӣ, Ибни Руста, Абурайҳони Берунӣ («Қонуни масъудӣ», соли таълифаш 1037) ва бисёр дигарон дар асрҳои худ аз шаҳри Мунки қадим ва хазинаву захираҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ башорат доданд.
Сайёҳу набототшинос, донишманд ва ҳарбиёни рус низ дар асрҳои 19-20 аз мусафоии обу ҳаво ва дигар боигариҳои таърихию табиии ин ҷо ба ваҷд омадаанд. Г.А. Арандаренко, В.И.Липский, К.Н.Логофет, А.Э.Рогел, Н.Ф.Гончаров аз ин зумраанд.
Ховалинг, дар ҳақиқат, хазинаю сарзамини сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумист. Имрӯз, дар замони соҳибистиқлолӣ, вақти он расидааст, ки захираву хазинаҳои сайёҳии ин гӯшаи хоки Ватан, аз ҷумла иқлими муҳиму созгор, манзараҳои нотакрору беҳамтои табиат муаррифӣ карда шаванд.
Дар ҳудуди фарогири ноҳияи Ховалинг дар заминаву захираҳои беназир ва имкониятҳо метавон навъҳои гуногуни туризм, аз ҷумла сайёҳии фарҳангию таърихӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии динӣ, илмӣ, корӣ, варзишӣ, маърифатӣ, истироҳатӣ, шикору сайругаштӣ, муолиҷавӣ ва ғайраро ташкил кард. Зеро, тавре ки ишора шуд, чунин захираҳо дар ин ҷо арзи вуҷуд доранд.
Масалан, сайёҳии фарҳангию таърихӣ. Оид ба ин намуди сайёҳӣ захираҳо хеле зиёданд, аз ҷумла бошишгоҳҳои одамони асри санг – замони ҷамоаи ибтидоии Кӯлдара (миллионсола), Хонақои Севодара (100 – 750  - ҳазорсола), «Лоҳутӣ – 1», Оби Мазор, Дӯстӣ (палеолити боло), Боқимондаҳои таҳҷои Шаҳри Мунк (а. IX XII, а. 1 пеш аз милод ва аз ин пештар), 5 сангтӯда, маъбади Буддои Чепол, Чил – чанор, Боғ – осорхонаи Восеъ, Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ ва садҳо таҳҷои кушку калот, сумҷу нақб ва дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиии беҳамтову арзишманд. Маҳз ин ва дигар мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ яке аз омилҳои ҷалби сайёҳон ба ноҳия ва кишвар аст.
Оиди сайёҳии экологӣ низ ҷои шарҳу эзоҳ ва тавсифу таҳқиқот нест, зеро обу ҳаво ва муҳити зисти зебои Ховалинг ба ҳамагон маълум мебошад.
Дар бобати сайёҳии кӯҳнавардӣ ва шикору сайругаштӣ низ захираҳо хеле зиёданд. Аз ҷумла, кӯҳҳои Утоқу Санги Сабз, Зуғару Шукнов, Қасаку Хасак, Сурхсақтаву Баландсар, Дашти Аҳмаду Дашти Меш, Чангону Уштурчаро, Тути Гулаку Айлонӣ ва садҳо мавзею ҷойҳои фарогири хоҷагии ҷангали ба номи Сайидаҳмад Каримову гирду атрофи он бо боигариву шукӯҳашон дар олам беҳамто мебошанд. Дар ин ҷойҳо ва садҳо чунин мавзеъҳои дигар олами набототу ҳайвонот, рӯдҳо, ёдгориҳои беназири табиӣ, манзараҳои зебо ва дигар захираҳои сайёҳие ҷойгиранд, ки қимати баланди миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва сайру сайёҳӣ доранд.
Барои ташкилу рушди сайёҳии муолиҷавӣ низ арзишу захираҳо хеле зиёданд. Масалан, ҳудудҳои Чашмаи Зардпарвин (Чашмаи Бедак) дар ҳудуди мавзеи Баландсару Сурхсақова. Мардуми  маҳаллӣ аз қадимулайём аз оби ин чашмаи шифоии ҷонбахш барои муолиҷаи бемории зардпарвин (боткин) истифода мебурданду мебаранд. Оби чашмаҳои Сурхсақоваву Рӯшанак шифоиву бемисланд.
Гармобаю дигар чашмаҳо ва саросари ҳудуди Мазори Ҳазрати Султон (ҳоло мамнӯъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ), Даштӣ, Меш, Дараи Мухтор -  зодгоҳи Қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ, Чашмаи Тиллоиву Гулҳавзи шоҳии деҳаи Гулзор (Хонақоҳ низ мегӯянд). Таҳҷои марказ, регистону шаҳристони шаҳри Мунки бостонӣ, чашмаҳои Замбураку Хилватӣ (Қазаған) ва даҳҳо чунин ҷойҳои дигар захираҳоянд барои ташкил намудану рушд бахшидани сайёҳии муолиҷавӣ.
Ин ва даҳҳо далелҳои дигар собитгари онанд, ки Ховалинг барои минтақаи фарогир ҳамчун маркази сайёҳӣ хизмат карда метавонад. Зеро ин қаламрав табиатан маркази минтақаи сайёҳист. Гузашта аз ин дар ин минтақа ду мавзеи бузурги сайёҳӣ: яке Шаршараи Пушти Боғ, воқеъ дар мавзеи Сари Хосор (Сари Хосор дар гузашта иборат аз ду мавзеъ: Судара ва Шӯробдара иборат буд. Ҳоло Шӯробдара дар қаламрави ноҳияи Балҷувон воқеъ мебошад) ва дигаре Чилдухтарон, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод мебошад.
Агар масофа ба роҳи мушкилгузари сангови Балҷувон – Шаршараи Пушти Боғ 72 километр бошад, пас, аз Мазори Ҳазрати Султон ба ин Шаршара 30-35 км аст. Роҳ бошад, то ба шаҳраки Ховалинг тахту ҳамвору ҷавобгӯи тамоми талаботи даркорӣ аст. Роҳи 18 - километраи шаҳраки Ховалинг – Мазори Ҳазрати Султон низ мумфарш мебошад.
Ховалингро аз ноҳияи Муъминобод танҳо сангоби дарёи Ёхсу ҷудо мекунад. Масофа аз шаҳраки Ховалинг ба Чилдухтарон ба роҳи Ховалинг – Навобод- Чилдухтаронро як теппаи начандон дарозу баланд ба рӯди ишорашуда ҷудо мекунаду халос. Чилдухтарон аз тамоми гӯшаҳои ҳудуди ноҳияи Ховалинг намудор аст.
Бояд зикр намуд, ки алҳол оиди сайёҳӣ дар Ховалинг барномаеро ташкилоти ғайридавлатии «Садои кӯҳсор» (сарвараш Авазхон Сироҷов) амалӣ намуда истодааст. Мо дар ҳамкорӣ ба ин ташкилот як силсила корҳоро амалӣ намудем, зимнан, чандин буклету китобчаҳо, аз ҷумла китобчаи «Ховалинг – хазинаи захираҳои сайёҳи»-ро ба дасти чоп додем, ки дар он оид ба ҳама намудҳои сайёҳӣ, бахусус сайёҳии таърихӣ – фарҳангӣ ва табиӣ 7 хатсайр пешниҳод намудаем. Чаро? Чунки мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ яке аз омилҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар ба шумор меравад ва гузарондани чорабиниҳои тарғиботӣ зимни ҷалби сармоягузорони дохилӣ, ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодир ва дигар паҳлуҳои марбута аҳамияти калон дорад.
Амир Сайиди МУНКӢ,
директори Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ховалинг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2018    №: 98    Мутолиа карданд: 782
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед