logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба ӯ супурдани унвони фахрии профессори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, 23 октябри соли 2009

Мӯҳтарам Виктор Антонович!
Мӯҳтарам профессорон, устодон, аспирантҳо ва донишҷӯён!
Дӯстони азиз!

Барои ман сазовор шудан ба унвони пофессори фахрии яке аз донишгоҳҳои куҳанбунёд ва пешрафтаи илми ҷаҳонӣ - Донишгоҳи давлатии Маскав, ки номи донишманди бузург, инсонпарвар, ватандӯст, пешбарандаи илм ва маориф Михаил Василевич Ломоносовро ба дӯш дорад, мояи ифтихор аст. Мехоҳам ба Шӯрои илмии донишгоҳ барои ин иқдомашон аз самими қалб миннатдорӣ баён кунам. Ман хушбахтам, ки маро дар қатори донишмандони шинохтаи олам, ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятии донишгоҳе, ки чанде пеш 250- солагии таъсисёбиашро ҷашн гирифтааст, даргоҳе, ки махзани илму маорифи ҷаҳонӣ дониста мешавад, ба унвони фахрии профессор сазовор донистед.
Донишгоҳи давлатии Маскав дар давоми таърихи бой ва пурмазмуни худ, ҳамчун мунодии илм, асосгузори нашриёт, созмондиҳандаи даҳҳо муассисаҳои фарҳангӣ, санъат ва маориф, маркази илми тараққикарда ва ақидаҳои пешрафта дар ҳаёти Русияи бузург нақши муҳимро бозидааст, аз ин даргоҳи илм 11 нафар дорандаи ҷоизаи Нобелӣ баромадааст. Воқеан, донишгоҳ бо ҳазорон хатмкунандагони худ, ки дар илм, фарҳанг, сиёсат ва дигар соҳаҳои бешумор эҳтироми хоса пайдо кардаанд, ифтихори арзанда дорад. Дар ҷаҳон шахсеро, ки номҳои Келдиш, Фонвизин, Тимирязев, Вернадский, Жуковский, Курчатов, Колмогоров, Сеченов, Сперанский, Шмидт, Вавилов, Ландауро надонад, ёфтан душвор аст.
Дар ҳақиқат Донишгоҳи давлатии Маскав асосгузори муассисаҳои олии таълимӣ на танҳо дар манотиқи собиқ шӯравӣ, балки дар як қатор давлатҳои қитъаҳои гуногуни сайёра мебошад.  Саҳми донишгоҳ дар бунёд ва рушди таълимоти университетӣ, инчунин илми Тоҷикистон арзанда аст. Донишгоҳи давлатии Маскав дар таъмин кардан бо кадрҳои илмӣ, муҷаҳҳаз гардонидани коргоҳҳои фаннӣ ва таълимии донишкадаҳо ва Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ - таҳқиқотии мамлакат бо асбобу анҷом ва воситаҳои техникии муосир кӯмаки калон расонидааст. Олимони донишгоҳ дар макотиби олии мамлакати мо маърӯза хонда, ба донишҷӯён дарс гуфтаанд ва дар тайёр кардани мутахассисон ширкат варзиданд. Метавон номҳои донишмандони шинохтаи илми ҷаҳонӣ академикҳо Спитсин, Овчинников, Павловский, Алимарина, Легасов, Третяков ва дигаронро ба ёд овард, ки дар рушди илм ва маорифи Тоҷикистон саҳми бузург гузоштаанд.  Имрӯз хатмкунандагони Донишгоҳ дар риштаҳои гуногун ва макотиби олии мамлакат босамар фаъолият карда номи неки донишгоҳро нигоҳ медоранд.
Бо ҳисси фараҳмандӣ изҳор мекунам, ки имсол дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Маскав кушода шуд, ки аллакай донишҷӯёни нахустини худро қабул кард. Воқеан ҳам ин падидаи нек дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия буда, гувоҳи мустаҳкам будани алоқаҳои фарҳангӣ ва илмии мо мебошад.  Ин муваффақият бо ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳои бевоситаи ректори Донишгоҳи давлатии Маскав,  олим ва академик Садовничий муяссар шуд.
Мӯҳтарам Виктор Антонович, ба Шумо изҳори миннатдорӣ баён карда, мехоҳам Шуморо, агарчанде дер ҳам шуда бошад, аз самими қалб бо ҷашни мубораки 70- солагӣ табрик гӯям, барои Шумо саломатӣ, умри дароз ва дар роҳи рушди илми Русия ва инчунин густариш додани муносибатҳоямон фаъолияти пурсамар орзу кунам.
Дӯстони азиз!
Мо имрӯз дар ҷаҳони мураккабе зиндагӣ дорем, ки дар пайвастагӣ бо падидаҳо, ҷараёнҳо ва равандҳои гуногунақида, мухталиф, ба ҳам печидаву зид баҳогузорӣ карда мешавад. Ин ҷаҳон дар худ ҳам шароитҳои фаровону имкониятҳои таърихӣ ва ҳам хатарҳои ҷиддӣ, ситезаҷӯӣ, таҳдид ба ҳамаи давлатҳо ва одамонро фаро гирифтааст, ин ҷаҳон, ки тағйироти умқӣ ва ҷиддии он ба тадриҷ ҳамаро фаро мегирад ва дар баробари худ ин дигаргуниҳо ба минтақа ва давлатҳои ҷаҳон, ба ҳамаи риштаҳо ва ҷанбаҳои ҳаёти мо таъсири амиқу пойдор мерасонад.
Имрӯз амалан ба ҳама маълум аст, ки сарнавишти одамон ва кишварҳо бо ҳамдигар печида аст, қитъаҳо аз ҳамдигар вобастаанд ва таҳдиду ситезаҷӯиҳо барои ҳамаи мо умумианд. Барои мисол дур намеравем – айни ҳол мо ҳамагӣ таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявиро дар худ эҳсос мекунем. Дар чунин шароит ҷаҳон маҷбур аст ин воқеиятро эътироф карда, вобаста ба талаботи он амал кунад. Ҳамчунин дар ин маврид на бояд аз манфиатҳои хурди як миллат ва ё як давлат мавқеъгирӣ кард, балки аз ҳадафҳо, мақсадҳо ва муқаддасоти умумибашарӣ ва ҷаҳонӣ дастур бояд гирифт. Ин ҳолати воқеӣ ба таври қатъӣ аз ҷониби намояндагони доираи васеи илмҳои иҷтимоиву башарӣ, таҳлилгарон, мутахассисон, коромӯзон, ҷомеашиносон тадқиқоти ҳаматарафа ва ҷиддии зуҳуроти дар боло зикршударо талаб мекунад.  Ин зуҳуроти мураккаб ва ба ҳамдигар мухолиф, ба таври воқеӣ дар мадди назари элитаи сиёсӣ қарор дорад. Барои мо ғайр аз ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии босамар роҳи дигари алтернативӣ вуҷуд надорад.  Аз ҳамин нуқтаи назар ва дар асоси ҳамин талабот муносибатҳои Тоҷикистону Русия ҳамоҳанг карда шудаанд, ки ин тасодуф нест.
Мо таърихи якҷоя дорем, пайванди хешутаборӣ моро бо ҳам мепайвандад. Халқҳои мо бо ҳамдигар санҷишҳои мушкили зиндагиро паси сар кардаанд, як пора нон ва як сарпаноҳро бо ҳам диданд ва дар даҳшатноктарин ҷанги таърихи башарият ғолиб омадем. Тоҷикистон воқеан барои садҳо ҳазор русиягиҳо, ки дар он солҳо сарпаноҳи худро аз даст дода буданд, хонаи дувум гашт. Дар қатори онҳо, тавре ки ба ман худи Дмитрий Анатолевич Медведев нақл карданд, модар ва холаашон бо меҳру муҳаббат ва дилгармӣ аз солҳои дар Тоҷикистон гузаронидаашон ёд мекунанд.
Тоҷикистониён хуб дар хотир доранд, ки Русия дар давраи душвор, ки кишвари мо солҳои аввали истиқлолият ба он дучор омада буд, аз аввалинҳо шуда дасти бародарӣ ва кӯмак дароз карда буд.  Бо камоли мамнуният изҳор мекунам, ки дар Ҳазорсолаи нав низ, дар шароити истиқлолияти миллӣ мо аз ҷиҳати маънавӣ бо ҳам наздикем ва барои беҳтару хубтар кардани сатҳи зиндагии мардумамон якҷоя ҳастем.
Ҳамчун дӯстони самимӣ ва боэътимод аз муваффақиятҳои Русия, ки солҳои охир ба шарофати ҷидду ҷаҳд ва талошҳои роҳбарияти мамлакат ва меҳнати миллионҳо сокинони Русия дар ҳамаи соҳаҳо ба даст овардааст, хурсанд мешавем. Бо ҳисси ифтихор мехоҳам гӯям, ки дар ин муваффақиятҳо саҳми ҳамватанони ман, ки онҳоро дар ҳама сохтмонҳои бузурги Русияи беканор вохӯрдан мумкин аст, мебошад. Ин ҳама барои афзудани обрӯ ва эътибори кишвари шумо дар ҷаҳон ва таҳкими нақши он ҳамчун давлати абарқудрат мусоидат хоҳад кард.
Тоҷикистон, ҳамчун шарики стратегии Русия, ба густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои самимона манфиатдор аст. Ҳамин гуна таваҷҷӯҳро мо аз ҷониби дӯстони русиягии худ низ баръало эҳсос мекунем. Дар муносибатҳои миёни Тоҷикистону Русия мушкилоте вуҷуд надорад, ки мо онро ба воситаи муколамаи босамар ҳал карда натавонем ва чунин муколамаи муфид, ки характери доимӣ дорад, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба роҳ монда шуда буд. 
Имкониятҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо мавҷуд аст ва вазифаи мо аз он иборат аст, ки дар асоси принсипҳои баробарӣ ва ба эътибор гирифтани манфиатҳои ҳамдигар имкониятҳои мавҷударо барои хизмат кардан ба халқҳои ҳар ду кишар истифода барем. Бешубҳа, дар ин самт аз ҳама нақши муҳимро иқтисодиёт бо ҳама ҷанбаҳояш иҷро мекунад. Дар ин маврид, ба ақидаи мо, пешбарандаи рушди босуръат ва бемайлони иқтисодиёту саноат истифодаи захираҳои нерӯи барқ мебошад: Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аст, ки истифодаи босамари он бе муболиға, асос ва такя барои рушди иқтисодиёти ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ мегардад.
Таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар солҳои наздик барои аҳли сайёра мушкилоти асосии иқтисодӣ-иҷтимоӣ, геостратегӣ ва геополитикӣ хоҳад шуд.  Тавре ки маълум аст, захираҳои энергетикиро метавон фақат дар ҳамбастагӣ бо унсурҳои муҳими рушди иқтисоди ояндадор, қонунҳои табиат ва дигар талаботи вобаста ба муҳити зист истифода бурд.  Истифодаи васеъ ва босамари захираҳои гидроэнергетикӣ имкон медиҳанд, ки мушкилоти бисёрҷабҳа ба таври мусбат  ҳалли худро ёбад.
Бо камоли майл қайд мекунам, ки дар ин соҳаи муҳими ҳамкорӣ Русия дар қатори аввалинҳо мебошад. Чанде қабл 31 июл дар миёни муносибатҳои мо ҳодисаи муҳим ва ба андешаи ман таърихӣ ба амал омад – мо бо ҳамроҳии Дмитрий Анатолевич дар маросими ба истифодадиҳии Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда -1» иштирок кардем. Назири чунин ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Русия дар ҳудуди собиқ шӯравӣ нест. Дар баробари аҳамияти иқтисодӣ доштани ин лоиҳа ҳамчунин он аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва сиёсиро низ дорад. Он гувоҳи ҳамкориҳои босамар ва таъсирбахши кишварҳои мо дар ҳама давр буда нишондиҳандаи мавҷуд будани имкониятҳои азими ҳамкориҳо мебошад. Гузашта аз ин алоқаҳои корӣ дар ин самт барқарор гашт, ки ибтидои ин алоқаҳо ба солҳои панҷоҳуми асри гузашта ҳангоми оғози лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон рост меояд.
Бо суханони дигар мо худ дидем, ки чӣ тавр мутахассисон хушҳоланд, ки мисли солҳои гузашта паҳлу ба паҳлуи ҳамдигар истода, дар сохтмони чунин иншооти бузург иштирок мекунанд. Бунёдкорӣ ҳамеша одамонро муттаҳид мекунад, бахусус дар ҳолате ки онҳо бо якдигар шиноси дерин бошанд. Мо ният дорем, ин таҷрибаи арзандаро бо роҳи сохтмонҳои иншооти нави гидроэнергетикӣ дар мамлакатамон идома диҳем. Моро мебояд бо ҳамин роҳ муносибатҳои минбаъдаи ҳамкориро вусъат диҳем. Тасодуф нест, ки имрӯз дар Тоҷикистон яке аз мавқеъҳои намоёнро ширкатҳои машҳури Русия ишғол менамоянд. Аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим дар лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон Русия дар ҷойи аввал мебошад ва мувофиқи нишондодҳои соли гузашта аз нисф зиёди сармояҳои хориҷии ба мамлакат воридшуда ба Федератсияи Русия тааллуқ доранд.
Имрӯз, ширкатҳои Русия бомуваффақият дар сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун саҳмгузоранд. Шаҳрҳо ва минтақаҳои мо бо ҳамдигар ба воситаи хати ҳавоӣ ва роҳи оҳан пайванд мебошанд. Русия шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст, мувофиқи нишондодҳои соли гузашта дар савдои мутақобила миёни ин ду кишвар ҳаҷми табодули мол зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил кард. Новобаста ба бӯҳрони молиявӣ мубодилаи амвол имрӯз низ майли устувор дорад. Аммо ин дастовардҳо кофӣ нестанд, мо бо роҳбарияти Русия нақшаҳои азими ҳамкориҳо дорем ва дар якҷоягӣ барои амалӣ шудани он кӯшиш хоҳем кард.
Тоҷикистон ва Русия шарикони боэътимоди сиёсианд, ки муносибатҳои онҳо дар сатҳи баланди боварӣ қарор доранд. Мо дуруст дарк кардаем, ки барои нигоҳ доштани ҳамаи он комёбиҳои мусбате, ки дар давоми ҳамкорӣ ба даст овардаем, манфиатдор ҳастем. Вобаста ба интихоби стратегии мо ба сӯи таҳкими ҳамгироӣ, оид ба масъалаҳои афзудани имкониятҳо ва васеъ кардани ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё кишварҳои мо мавқеи ягона доранд.
Тоҷикистон ва Русия дорои алоқаҳои қавии ҳарбӣ-техникӣ буда, мароми моро барои нигоҳ доштани субот дар Осиёи Марказӣ ифода мекунад. Барои ин мебояд ҳам дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва ҳам бо истифода аз имкониятҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай истифода бурд. Ин талаботи рӯз аст, зеро оромии минтақаи мо амнияти Русия аст. Ба Тоҷикистон дар боло бурдани нерӯи мудофиавӣ кӯмак карда, Русия бехатарии худро низ таъмин мекунад, зеро мамлакати мо дар рӯ ба рӯ бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мисли терроризми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, қочоқи силоҳ қарор дорад. Агар бар зидди паҳншавии ин хатарҳо сипари боэътимод гузошта нашавад, он гоҳ ин хатарҳо на танҳо моро, балки тамоми Русияро низ фаро хоҳанд гирифт. Дар ин мавзӯъ мо бо ҳамкорони русиягии худ мухолифат надорем, он тавре ки баъзеҳо кӯшиши пешниҳоди ин масъаларо мекунанд. Мо таъмини амният ва бехатарии худро дуруст дарк намуда барои таҳкими он талош хоҳем кард.
Яке аз самтҳои дигари ҳамкориҳои мо ин, бешубҳа, ҳамкориҳо дар риштаи гуманитарӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Ба хусус дар соҳаи маориф ин муҳим аст, зеро дар ин раванд унсурҳои қудсии инсоният шакл гирифта, ояндаи давлатҳо ва миллатҳо муайян мегардад. Ҳамчунин ҳалли мушкилоти мавҷуда дар бахши илм ва технологияи олӣ муҳим ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои ҳамагон мебошад.
Муколамаи ҳаматарафаи фарҳангӣ, маънавӣ ва гуманитарӣ барои расидан ба ҳадафҳои миллии мо созгор аст. Тақдир ва таърих моро наздик кард ва ин муносибатҳоро бояд нигаҳ дорем. Бинобар ҳамин мебояд барои муколамаи озод шароити мусоид фароҳам оварем, бахусус миёни намояндагони илм, фарҳанг, санъат, яъне шахсони эҷодкор ва барои ҷавонон фазои муошират мухайё созем, то онҳо анъанаҳои неки наслҳоро ҳифз намоянд. Барои ин корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ки бо кӯшишҳои ҳар ду ҷониб бунёд шудааст, дар муддати кӯтоҳ ба яке аз донишгоҳи бонуфузи мамлакат табдил ёфт. Дар аксари шаҳрҳои Тоҷикистон филиалҳои Бунёди «Русский мир» кушода шудаанд.
Сафарҳои ҳунарии театрҳо ва дигар гурӯҳҳои эҷодии ду кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Чанд сол пеш Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия ва Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон дар сатҳи олӣ баргузор гардиданд. Дар ин соҳа низ мо нақшаҳои бузург дорем, ният дорем бо фаъолияти якҷоя онҳоро амалӣ кунем. Пас аз кушодашавии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар ояндаи наздик кушодашавии филиалҳои Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишкадаи истеҳсоли пӯлод ва мис, пешбинӣ шудааст, ҳамчунин ифтитоҳи марказҳои фарҳангӣ дар пойтахти ҳар ду кишвар дар назар дошта шудаанд. Ин ҳама амалҳо таҳкимбахш ба фазои ягонаи иттилоотӣ ва фарҳангӣ дар кишварҳои мост.
Яке аз унсурҳои асосии ин фазо забони русӣ мебошад. Дар Конститутсияи мамлакат забони русӣ мақоми забони муоширати байналмилалро дорад ва сиёсати давлат барои беҳтар шудани таълим ва омӯзиши забони русӣ равона карда шудааст. Ин сиёсат бо фармони Президент ва барномаи махсуси давлатӣ амалӣ гашта истодааст. Забони русӣ дар ҳамаи мактабҳо таълим дода мешавад. Ҳар рӯзи сешанбе дар ҳама макотиби кишвар чун рӯзи забони русӣ маҳсуб меёбад. Чанд сол пеш мо дар мавриди ба Тоҷикистон равон кардани 3 ҳазор омӯзгори забон ва адабиёти рус барои мактабҳои миёна ва олии мамлакат масъалагузорӣ карда будем. Дар мактабҳои олии кишвар зиёда аз чор ҳазор омӯзгори забони русӣ тайёр карда мешавад. Шумораи гурӯҳҳои таълимӣ ба забони русӣ зиёда аз се ҳазор мебошад, ки дар онҳо 31 ҳазор донишҷӯ мехонад. Бо кушода шудани филиалҳои макотиби олии Русия ин шумора зиёд хоҳад шуд.
Дӯстони азиз!
Мо мутмаинем, ки Тоҷикистон ва Русия бо ҳамкории васеъ дар ҳамаи соҳаҳои манфиатдор на танҳо стратегияи рушди миллии худро амалӣ мекунанд, балки ҳамчун давлатҳои мунтазам ва доимо рушдкунанда барои ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим хоҳанд гузошт.
Бо ин нияти нек баромади худро ҷамъбаст карда бори дигар мехоҳам ба шумо изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намоям ва ба шумо беҳтарин хушиҳоро таманно кунам.
Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 673

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед