logo

иқтисод

СОҲИБКОРОНИ БЕЛАРУС: «ДАР ТОҶИКИСТОН ФАЗОИ СОҲИБКОРӢ МУСОИД АСТ»

Дар  доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон намоиши молу маҳсулоти 150 ширкати Беларус дар Душанбе барпо гардид. Дар  чорабинӣ соҳибкорон баробари намоиши маҳсулот бо ҳамтоёни тоҷики худ ҷиҳати таъсиси корхонаҳо ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ созишномаҳои зиёд ба имзо расонданд. 
Ширкатҳои саноатии  "Амкодор", "МТЗ", "МАЗ", "Гомселмаш", "Бобруйскагромаш",  "Лидагропроммаш" намудҳои гуногуни трактору комбайн, воситаҳои нақлиёти боркашонӣ ва мошинолоти кишоварзиро пешкаши ҳозирон гардонданд. Кишоварзони мамлакат зимни тамошо аз чорабинӣ изҳор доштанд, ки истифодаи техникаҳои истеҳсоли Беларус ба шароити табиии ҷумҳурӣ  мутобиқ ва барои мардум дастрас аст. Ҳамин аст, ки бо дастгирии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти васлу насби қисмҳои трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор ба фаъолият оғоз намуд. Ин иқдом муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ба ҳам дӯстро тақвият хоҳад бахшид.
Ҳамчунин, дар чорчӯбаи баргузории намоиш  соҳибкорони Беларус ба дигар бахшҳои  афзали иқтисодии  мамлакат, аз ҷумла коркарди маъдан ва маҳсулоти кишоварзӣ, сайёҳӣ, истеҳсоли дору, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба намояндагони бахши хусусии кишвар ҷиҳати роҳандозии фаъолияти муштарак пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Павел Бичковский, директори ширкати илмӣ – омӯзишии «УНИТЕХПРОМ БГУ», таассуроташро аз намоишгоҳ ва пазироии мардуми тоҷик  чунин арзёбӣ намуд:
- Фазои мусоиди сармоягузорӣ,  фаъолияти соҳибкорӣ, сарватҳои нодири  табиӣ ва муҳити осоишта дар Тоҷикистон боиси ҳавасмандии  соҳибкорони Беларус ба  таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ гардидааст. Фаъолияти ширкати мо бештар  истеҳсоли дору ва таҷҳизоти коркарди онро дар бар мегирад. Бо назардошти он, ки дар Тоҷикистон ашёи хоми зарурӣ фаровон аст, ҳоло мехоҳем ҷиҳати тавлиди доруворӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ бо соҳибкорони тоҷик тарҳҳои самарабахшу ояндадорро амалӣ намоем.
Зикр шуд, ки ин намоиш давоми 5 соли охир аз калонтарин чорабиниҳо байни ду ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва барои ривоҷ бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат мекунад. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2018    №: 98    Мутолиа карданд: 198

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед