logo

фарҳанг

ХУРРАМШАҲР. НИГИНИ САНЪАТИ ТОҶИК

Маркази фароғатии Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара, ки бо нузуктарин санъати меъморӣ бунёд гардида, соли 2010 зимни таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт, яке аз маъруфтарин маконҳои диданиву тамошобоби сокинону меҳмонони ноҳия мебошад.
Ба истифода додани Маркази фароғатии Хуррамшаҳр ба соле рост омад, ки Ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб кард ва ин туҳфаи бебаҳои ҷашнӣ ба сокинону меҳмонони ноҳияи Данғара ба ҳисоб мерафт. Лентаи рамзии ин маркази фароғатӣ, ки он замон дар Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёфт, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар фазои тантанавӣ бурида шуд.
Баробари эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шумораи меҳмонони ноҳия, бахусус завқмандони тамошои ин маркази фароғатӣ чанд маротиб зиёд шуд. Имрӯзҳо сокинон, хусусан ҷавонони дигар минтақаҳои мамлакат ҳамчун сайёҳони дохилӣ аз ин маркази фарҳангӣ дидан мекунанд ва аз тарзи меъмории он як ҷаҳон маънӣ мегиранд. Дар девору сутунҳои он беҳтарин намунаи ҳунарҳои наққошиву кандакорӣ инъикос ёфтаанд, ки хаёли касро ба дунёи рангини ҳунармандони чирадаст ва таърихи пурғановати санъати меъмориву кандакории миллати тоҷик мебарад.     
Бояд таъкид намуд, ки ин маркази бошукӯҳи фароғатӣ бо истифода аз анъанаҳои меъмории бостонии ниёгон ва ороишоти замонавӣ бунёд ёфтааст. Он иборат аз якчанд толори хурду бузург буда, бо усулҳои гуногуни аз ҳамдигар фарқкунанда ороиш ёфтаанд. Гуногунрангии ороишот ба ҳаддест, ки ягон гулу ороиши наққошӣ ва ё кандакорӣ такроран дида намешавад.
Дар ороиши толорҳо аз ҳунари волои устоҳои чирадасти кандакор, сангтарош, гачкор, ойинабандон, рассомону наққошон ва ғайра ба хубӣ истифода шудааст. Кандакориҳои рӯйи чӯб, санг ва гач, ки бештараш дар болои ойина шинонда шудаанд, ҳар яке аз дигаре дилработаранд. Дар ороиши он, ҳамчунин, осори меъмории шаҳрҳои қадимаи тоҷикон мавриди истифода ва сайқалу такмил қарор гирифтаанд.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба истифода додани он аз тамошои нақшу нигор ва кандакориҳои болои чӯб, гач ва сангҳои зебои ороишӣ, аз қабили мармару хоро сокинону меҳмонон як ҷаҳон таассуроти фораму хотирмон бардошта буданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки ин маркази бузурги фароғатӣ барои гузарондани ҳама гуна тантанаю чорабиниҳои идонаю фарҳангӣ, маросимҳои шодию нишот, қабули меҳмонон ва дӯстдорони хӯрокҳои лазизи миллӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ду толори калони мунаққаш, ки яке бо нақшу нигор ва кандакориҳои болои чӯб ва дуюмаш бо гачкорӣ ороиш ёфтаанд, дар як вақт метавон то 400 нафар меҳмонро қабул кард. Кандакориҳои болои чӯб ва гачкории деворҳо дар болои ойина аз унсурҳои фарҳангии меъмории ориёӣ сарчашма мегиранд.
Маркази фароғатии Хуррамшаҳр, ҳамчунин, 4 толори хурд дорад, ки ҳар яке барои қабули то 25 нафар меҳмон пешбинӣ шуда, бо нақшу нигори гуногун ороиш ёфтаанд. Яке аз онҳо бо ҳаккокиҳои болои санг оро ёфтааст, ки аз ҳунари волою нозук ва тоқату тавони устоҳои гулдасти тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Дар ин толор, ҳамчунин, нақши чеҳраҳои қаҳрамонони Тоҷикистон дар болои санги мармар ҳаккокӣ шудаанд, ки ин кор ҳунари басо нозукро талаб мекунад.
Атрофи онро ниҳолҳои зебою нодир, гулу гулгаштҳо ва фаввораҳои рангоранг оро медиҳанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот ноҳияи Данғара дорои боз як маркази бошукӯҳи фарҳангӣ гардидааст, ки тамошои он ба ҳар бинанда рӯҳу ҳаловати тоза мебахшад.
Ёдрас мешавем, имрӯз дар баробари Маркази фароғатии Хуррамшаҳр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо маркази фароғатӣ ва мавзеъҳои диданӣ мавҷуд аст, ки сайёҳони хориҷиро ба худ моил кардааст. Танҳо аз маркази Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара ҳамасола ҳазорҳо нафар меҳмонону сайёҳон дидан мекунанд. Мусаллам аст, ки сатҳи баланди хизматрасонӣ ва риояи оини меҳмондорӣ метавонад, ба афзудани теъдоди боз ҳам зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат намояд
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 2878
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед