logo

иҷтимоиёт

САД ҲАЙФ, КИ САЙФ РАФТ...

Қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар таърихи 20 майи соли 2000 ҷомеаи кишвар, бахусус рӯшанфикрону аҳли фарҳангро такон дод. Ин шахсияти баркамолро, ки он замон раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, тақрибан соати 21:30 - и ҳамон рӯз дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш чанд нохалафи зиёикуш бо зарби тир ба ҳалокат расонданд.
Ҳодисаи куштори ин чеҳраи мондагор замоне рух дод, ки аз кор ба хона бармегашт. Ваҳшисиратони фурсатталаб баробари аз мошини хизматӣ берун шудани Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш ӯро ҳадафи тир қарор доданд. Баъди аз пой афтидани Сайф Раҳимзод, ки дар ҷойи ҳодиса бар асари захми тир аз сару қафаси сина ҳалок гардид, қотилон ба ҷониби мошини хизматиаш оташ кушода, сипас, бо автомашинаи тамғаи  «Жигули», ки ранги сафед дошт, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ронандаи Сайф низ дар натиҷаи ин амали ноҷавонмардона ҷароҳати вазинин бардошта, дар беморхона бистарӣ мешавад, ки аз рӯи ин ҳодиса Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард…
Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20 ноябри соли 1953 дар деҳаи Дектури ноҳияи Восеъ (ҳоло Ҳулбук) - и вилояти Хатлон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Гузаштагони нависанда дар деҳаи Афарди ноҳияи Ховалинг зиндагӣ доштанд. Аз ин рӯ, Сайф тахаллуси Афардиро ба худ  гирифт. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна чанд муддат дар ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ чун рассоми кинотеатр кор мекунад. Як муддат ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ва баъдтар коргари комбинати шоҳибофии шаҳри Душанбе буд.
Сайф Раҳимзоди Афардӣ соли 1975 шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Чанд муддат дар телевизиони тоҷик  фаъолият бурда, дертар раиси Кумитаи киносозони ҷумҳурӣ таъйин мешавад. Як давра бо мутахассисони шӯравӣ дар Афғонистон кор кардааст. Аз соли 1983 масъулияти сармуҳаррири редаксияи мусиқии радиоро ба уҳда дошт. Соли 1998 дар синни 46 - солагӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то рӯзи маргаш дар ин мақом адои вазифа дошт.
Аз рӯи хулосаи муфаттишони воқеа, марги ӯ ба касбу фаъолияташ бастагии қавӣ дошт. Мувофиқи нақли наздикони зиндаёд, Сайф Раҳимзод аз таҳдиду фишорҳо ҳарос надошт. Онҳо ба ин боваранд, ки куштораш фармоишӣ буд. Зеро Сайф Раҳимзод ҳамчун нависандаи воқеънигор, рӯзноманигори ҳақиқатгӯ, корманди босалоҳият, роҳбари кордону боадолат, фарзанди ватандӯсту меҳанпараст шинохта мешуд. Барои таъмини адолату баробарӣ, осоиштагии рӯзгори халқ ва шиносондани чеҳраи аслии неруҳои мухолифи давлат, ки солҳои 90 - уми асри ХХ ба сари халқи тоҷик нооромиву бесуботиро таҳмил доданд,  бо теғи қалам муборизаҳои созандаи зеҳнӣ бурдааст.
Ӯ инсони озодандешу озодбаён буд. Аз тамоми бозиҳои сиёсӣ, ҳадафи майдондории неруҳои мухолиф - тарафдорони ТТЭ ҲНИТ, сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ огоҳии амиқ дошт ва чеҳраи манфури наҳзатиёни террористи зери ниқоби ислом ниҳонгаштаро хуб мешинохт.
Аз рӯи баъзе маълумотҳо, маҳз бо сабаби фошгӯӣ, зери тозиёнаи танқид гирифтани ҷонибдорон ва бахусус роҳбарияти ТТЭ ҲНИТ,  аз нақшаву ҳадафҳои нопоку ғаразноки онҳо огоҳ сохтани аҳли ҷомеа ба ӯ фишору таҳдидҳо мекардаанд. Ин буд, ки Сайф Раҳимзод қурбони дасисаҳои сиёсӣ ва муборизаҳои шадиди неруҳои мухолиф – ТТЭ ҲНИТ, ки ҳадафи ба даст овардани зимоми давлатдориро доштанд, гаштааст.
Баъд аз кушта шудани ин фарзанди фарзонаи миллат ҷараёни тафтишоти қазияи марги ӯро роҳбарияти олии кишвар зери назорати махсус қарор доданд. Тибқи супориши Сарвари давлат гурӯҳи махсуси оперативӣ – ҷустуҷӯӣ оид ба тафтишоти ҳодисаи мазкур, ки иборат аз кормандони бомаҳорат ва таҷрибадори сохторҳои мухталифи мақомоти қудратии кишвар буд, таъсис дода ёфт.
Рӯзи 7 июни соли 2000 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо мақсади  муайян кардани ҳувияти қотили Сайф Раҳимзод ронандаи ӯ Абдуҷаббор Саидовро, ки дар вақти ба қатл расондани Сайф дар ҷойи ҳодиса ҳузур дошт бо чанд тан аз шахсони гумонбар рӯ ба рӯ карданд. Абдуҷаббор Саидов яке аз он гумонбаршавандагонро, ки аъзои ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд, шинохт.
Баъди он ки шахсияти қотил маълум гашт, ӯро дар ҳуҷраи махсус нигоҳ медоранд. Дар давоми тафтишот бо истифода аз баёнот ва маълумоти қотил муайян кардани шахсияти фармоишгарони куштори Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва мақсади фармоиш дар назар буд. Аммо соати 2:00 худи ҳамон шаб, гӯё қотил аз тирезаи ҳуҷраи нигоҳдошташ, ки дар ошёнаи чорум буд, худро ба зер афкандааст, ки бо марг анҷом шуд. Вале асли воқеи чизи дигар буд ва куштори қотили маълумшуда бо мақсади фош нашудани чеҳраҳои дигар сурат гирифта буд…
Ҳамин тавр марги Сайф барои солҳои тӯлонӣ чун муаммо боқӣ монд. Вале дар соли 2017 натиҷаи тадқиқоту таҳлилҳо ва корҳои оперативию ҷустуҷӯӣ нишон дод, ки Сайф Раҳимзоди Афардӣ ҳадафи тири идеологӣ ва геополитикӣ шудаву аз ҷониби ташкилоти экстремистӣ - террористии “ҲНИТ” бо супориши махсус кушта шудааст. Ва сад ҳайф, ки Сайфи азизи халқ рафт...
Агар ӯ зинда мебуд, ин баҳор ба синни мубораки 65 - солагӣ мерасид ва боз ҳам хизматҳои шоиставу созандае баҳри ободии халқу Ватан мекард. Ёдаш ба хайр!
Сайф Раҳимзоди Афардӣ соли 1995 ба Ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ ва соли 2002 ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардидааст.
Умед аст, ки ба хотири оромиши рӯҳи ин марди некному поксиришт нимпайкарае дар як гӯшаи зебои Душанбешаҳр қомат меафрозад, то дар оғӯши халқи азизаш ва алорағми тамоми амалкардҳои аблаҳонаи қотилонаш - тарафдорони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ ҳамеша номдору бовиқор боқӣ бимонад!
Раҳимҷон САМАДОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 258

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед