logo

иҷтимоиёт

«БОЗОРИ ДӮСТӢ». БОЗ ЯК ИҚДОМ ДАР ТАҲКИМИ МУНОСИБОТИ ДУҶОНИБА

Ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар баробари таҳкими равобити дӯстонаи ду халқи бародар, ҳамчунин, ба рушди тиҷорату савдо ва таъмини ҳамдигарӣ бо молу маҳсулоти гуногун комилан мусоидат кард.

Бозшавии гузаргоҳи сарҳадии «Патар - Андархон» дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд барои таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бозори дӯстӣ» замина гузошт. Ҳоло дар ин бозор тоҷикону ӯзбекон ба савдо машғуланд.
«Бозори дӯстӣ» ду моҳ инҷониб фаъолият дорад ва масоҳаташ 4,5 гектарро дар бар мегирад. Дар бозор барои роҳ наёфтани маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта назорати доимӣ бурда мешавад.
Бино ба гуфтаи Сафаралӣ Бобиев, раиси бозор, воқеан дар ин ҷо нархи молу маҳсулот нисбат ба дигар бозорҳо арзон аст. «Барои ба танзим даровардани нарх дар бозор тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Нақша дорем, ки дар оянда масоҳати бозорро зиёд намоем, - иброз медорад ӯ.
Санҷар Орипов, сокини ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳар рӯз дар ин бозор нону ҳалво оварда, ба фурӯш мегузорад. Баъди фурӯхтани нону ҳалво, аз ҳамин бозор маводи ниёзи хешро гирифта ба хона бармегардад. Ин танҳо шеваи кории Санҷар нест. Фахриддин Рустамов низ ба ҳамин минвол зиндагии худро мечархонад. Ӯ дар бозор ҷорӯб ва гул савдо мекунад.
Сокинони шаҳри Конибодом аз кушодашавии «Бозори дӯстӣ» изҳори хушҳолӣ мекунанд.
- Ин бозор то ҷое тавонист дар коҳиш ёфтани  қимати молу маҳсулот таъсир гузорад, ки ин ҳам ба манфиати мардум ва ҳам ба суди тоҷирони ҳар ду ҷониб аст. Ёдгорой Бурҳониддинова, сокини шаҳри Конибодом, бо арзи ин матлаб, ҳамчунин, гуфт, ки чунин як кори хайр, яъне кушодашавии бозор бо ҷалби тоҷирони тоҷику ӯзбек ба таҳкими робитаю дӯстии ҳар ду халқ, бахусус сокинони наздимарзӣ, таъсири бағоят муҳим дорад.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 248

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед