logo

иқтисод

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ДАҲ ҲАЗОР ГЕКТАР ШОДОБ МЕШАВАД

Марҳилаи аввали бунёди хати оби обанбори Даҳкатсой- Даҳанасой, воқеъ дар ноҳияи  Деваштичи вилояти Суғд, дар арафаи анҷомёбист. Иқдоми пешгирифта дар доираи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия моҳи октябри соли 2015 роҳандозӣ гардида буд.
Хати оби Даҳкатсой – Даҳанасой барои рушди иқтисодиёти ноҳия аҳамияти бесобиқа дорад. Танҳо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба обанбор 14 миллион метри мукааб оби Даҳкатсой ҷорӣ мешавад. Татбиқи пурраи лоиҳа бо захира намудани миқдори зарурии об, имкон фароҳам меоварад, ки зиёда аз 74 ҳазор сокини ноҳия бо оби нӯшоӣ ва беш аз 200 хоҷагии деҳқонӣ, аз ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан ва Муҷун, бо оби полизӣ таъмин шаванд. Тибқи лоиҳа, бо усули обёрии худҷорӣ, бе истифодаи неруи барқ ба масофаи умумии 31 километр кашидани об пешбинӣ шудааст.  Обёрии заминҳо ва истеҳсоли ҳар чи бештари маҳсулоти кишоварзӣ самаранокии талошҳоро дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ боз ҳам наздиктар месозад.
Обанбори мазкур солҳои 70 - уми асри гузашта бунёд  шуда, ғунҷоишаш 42 миллион метри мукааб мебошад. Яке аз роҳҳои зиёд намудани ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ин обёрӣ намудани мавзеи  Сексарии ноҳия ба ҳисоб меравад, ки майдони умумии он 4097 гектар буда, аз ин 1435 гектар заминҳои обианд. Иқлим ва таркиби заминҳои мавзеи Сексарӣ   барои равнақ додани соҳаи кишоварзӣ, зиёд кардани майдони кишти зироатҳои полизӣ ва сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, картошкаи барвақтӣ, помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ,   мувофиқат мекунад. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз сафарҳояшон ба ин мавзеи зебоманзар “Зарнисор” ном гузоштанд.
Бо амалӣ шудани лоиҳа то 10 ҳазор гектар  замини ноҳия корам гардида, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.
Маратҷон ҶАББОРОВ,
узви бахши ҷавонон ва варзиши назди МИҲД - и ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 357

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед