logo

фарҳанг

МАЪНАВИЁТ. НАҚШИ КИТОБХОНАҲО ДАР ТАШАККУЛИ ОН

Таҳти чунин унвон бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техникии Маркази миллии патенту иттилоот ҳамоиши шашуми ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс 130 нафар китобдорон, масъулон, роҳбарони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Боймурод Боев, муовини директори Маркази миллии патенту иттилоот, зимни ифтитоҳи ҳамоиш  гуфт, ки мақсад аз баргузории чунин силсила -  конфронсҳо, пеш аз ҳама, дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми китоб ва нуфузи китобхонаҳо дар ҷомеа,  муайяну мушаххас намудани афзалиятҳои фаъолияти китобдорӣ дар раванди ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ, масоили дурнамои рушди китобхонаҳо дар самти ҷорӣ намудани низоми хизматрасониҳои нав бо истифода аз сарватҳои электронӣ, таъмини дастёбии хонандагон ба сарчашмаҳои пурраматни интернетӣ ва ҷалби нав-расону ҷавонон ба китобхониву китобхона мебошад.
Шарифҷон Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, доир ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти китобдориву иттилоотонӣ, нақш ва саҳми  китобхонаҳои  ҷумҳурӣ дар ташаккули маънавии ҷомеаи муосир андешаронӣ намуд.
 - Шукрона аз он мекунем, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷумҳурӣ як қатор китобхонаҳои наву замонавӣ ифтитоҳ гардида, бо технологияҳои муосири иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Сарвари давлат пайваста дар суханрониҳояшон дар бораи мақоми китоб, аз худ намудани илмҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои англисиву русӣ, ба насли наврас ва ҷавонони кишвар  ҳидоят менамоянд.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мувофиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи китобдорӣ зиёда аз 20 миллион сомонӣ ҷудо гашта, аз ин ҳисоб китобхонаҳои замонавии дорои тамоми таҷҳизоти муосир сохта мавриди истифода қарор гирифтанд. Айни ҳол дар мамлакат зиёда аз 3 ҳазор китобхона фаъолият намуда истодааст.  Саҳми Китобхонаи давлатии патентию техникии Маркази миллии патенту иттилоотро махсус зикр кардан ҷоиз аст, - гуфт Ш. Комилзода.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 391

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед