logo

иҷтимоиёт

МТС ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Ҳадафҳои асосии конфронси мазкур, ки бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, муҳокимаи ҷанбаҳои асосии ташаккули механизмҳои таъмини рушди индустриалию аграрии кишвар, дарёфти роҳҳои такмили низоми рушди иқтисод ва пешбурди ислоҳоти соҳавӣ дар мамлакат, таъмини самаранокии тағйироти сохторӣ дар соҳаи иқтисод, суръати баланди рушди саноат нисбат ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва зиёд намудани ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ арзёбӣ гардиданд. 
- Дар пайи иҷрои дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба кишвари индустриалию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон вазифаи олимону коршиносон пешниҳоди модели беҳтарини рушди саноатию аграрист. Сарватҳои ғанӣ, имконияту захираҳо барои ворид шудани Тоҷикистон ба ҷаҳони индустриалӣ хеле фаровонанд. Бун-ёди НБО Роғун ин имконотро боз ҳам фарохтар месозад, - иброз дошт Холиқназар  Худобердӣ, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ.         
- Мавзӯе, ки имрӯз дар конфронс мавриди таваҷҷуҳи ҳозирон қарор дорад, бисёр актуалӣ ва рӯзмарра  аст ва ояндаи дурахшони мардуми ҷумҳурӣ аз иҷрои муваффақонаи он вобастагии калон дорад. Сарвари  давлат ҳамасола дар паёмҳои хеш ҳидоят менамоянд, ки мо бояд Тоҷикистонро  аз кишвари аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ табдил диҳем.  Дар ин роҳ аллакай қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ  Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар роҳи рушд мешиносанд ва эътироф  менамоянд. Сулҳу субот ва амнияте, ки дар мамлакати мо ҳукмфармо аст, барои пешрафт тамоми заминаҳоро фароҳам овардааст, - изҳор намуд Абдураҳмон  Холов. 
Ширкатдорони конфронс оид ба масъалаҳои вижаи рушди иқтисодӣ, роҳҳои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ташаккули модели индустриалию  аграрии  ҷумҳурӣ, механизмҳои таъмини самаранокии рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши ҳиссаи он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла ғизои комил, андешаҳои ҷолиб баён намуданд. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 195

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед