logo

иҷтимоиёт

ФОРУМ ҶАВОНОНРО БА ҲАМ ОВАРД

Бо ҳамин ном дар муассисаи давлатии «Душанбе - Плаза» Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.
Форуми мазкур дар доираи нақша - чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки беш аз 100 нафар мутахассиси ҷавон гузаронда шуд. Мақсад аз баргузории он таҳкими иттиҳоду ҳамбастагӣ байни ҷавонони кишвар, муттаҳид намудани кормандони ҷавони вазорату идораҳо ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани масъулияти хизматӣ, ба таври шоиставу арзанда муаррифӣ кардани миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар буд.
Таъкид гардид, ки баргузории Рӯзи ҷавонон падидаи тозаест, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ, рушду камоли ҷавонон ҳамчун созандагони ояндаи Ватан рӯи кор омад. Самараи чунин ташаббусҳост, ки ҷавонони сарбаланди кишвар дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мавқеи устувори худро касб кардаанд.
Иштирокчиёни форум изҳор доштанд, ки пайравӣ аз Пешвои миллат боиси ифтихор буда, зимнан масъулияти зиёдеро ба дӯши ҳар як ҷавон вомегузорад. Ҷавонони кишвар бояд донанд, ки Пешвои миллат ба хотири таъмини амнияти сартосарӣ, баргардондани гурезагони ҷанги шаҳрвандӣ, устувор гардондани пояҳои давлатдорӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани тоҷикон ҳамчун як миллати дорои фарҳанги пурғановат ҷони худ-ро дар кафи даст гирифта буданд, то насли минбаъда дар фазои осоишта кору зиндагӣ кунанд. Хушбахтона, имрӯз ин шароит барои ҷавонони даврони истиқлолият фароҳам омад.
Дар охири ҳамоиш аз намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо даъват ба амал оварда шуд, ки онҳо бояд дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати решакан кардани зуҳуроти номатлуби замони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, ки ба ҳаёти осудаи шаҳрвандон таҳдид мекунад, дар сафи пеши мубориза қарор дошта бошанд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 504
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед