logo

иқтисод

САНГВОР. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ УСТУВОР

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коллективҳои меҳнатии ноҳия баҳри иҷрои пурраи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ талош варзида, дар семоҳаи аввали соли равон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Қисми даромади буҷети ноҳия 928 ҳазору 82 сомонӣ иҷро шуд, ки ба 101 дарсади нақша баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  151  ҳазору 355  сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ ба маблағи 2 миллиону 18 ҳазору 872 сомонӣ ё 102 дарсад иҷро гардид. Тариқи “Равзанаи ягона” 70 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад зиёд аст. Соҳибкорони инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома ва  тариқи патент фаъолият доранд, аз ҳисоби ворид намудани маблағҳои нақшаӣ буҷети ноҳияро ғанӣ мегардонанд, ҳамчунин, дар ободонии ноҳия саҳм мегиранд.
Кишоварзӣ аз бахшҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия маҳсуб ёфта, зиёда аз 70 дарсади аҳолии қобили меҳнат  дар ин соҳа фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, тибқи ҳидояти Сарвари давлат, истифодаи босамару оқилонаи замин дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кишоварзон қарор дорад.
Кишоварзон баҳори соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1539 гектар, аз ҷумла дар 504 гектар ғалладона, 35 гектар зироатҳои техникӣ, 758 гектар картошка, 230 гектар сабзавот, 12 гектар хӯроки чорво кишт намуданд. Бунёди 24 гектар боғи нав дар нақша аст. Назар ба соли гузашта майдони кишти картошка 141 гектар васеъ карда шуд. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар семоҳа ба 4,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  300  ҳазор  сомонӣ зиёд аст.
Дар ҳудуди ноҳия 27,4 ҳазор сар чорвои калони шохдор, 56,9 ҳазор сар чорвои хурд, 554 сар асп, 43,8 ҳазор сар паранда ва 12 ҳазору нуҳсад  оилаи занбӯри асал  парвариш меёбад. Дар ин давра 221 тонна гӯшт, 482 тонна шир ва 317 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 5 тонна то 5 ҳазор дона зиёд мебошад.
Ноҳия дорои 597,4 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 2825 гектар корам (1944 гектар обӣ, 767 гектар лалмӣ),  424 гектар боғ, 96 гектар алафзор, 170,9 ҳазор гектар чарогоҳ ва 19,7 ҳазор гектар ҷангалу бешазор мебошад.
Бо мақсади оқилона ва самаранок истифода бурдани замин ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳар ҷаласаю ҷамъомад аз масъулони соҳа раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ки дар ин бахш таҳия гардидааст, талаб карда мешавад. Аз тарафи кормандони кумитаи идораи замини ноҳия дар семоҳа 8 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, баҳри бартараф намудани онҳо тадбирҳои мувофиқ амалӣ карда шуданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои пешравии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳанӯз на ҳамаи имкониятҳо пурсамар истифода мешаванд. Хусусан, дар бахшҳои саноату сохтмон, таъсис додани корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва ба ин васила ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ, захираҳои истифоданашуда хеле зиёданд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истифодаи босамари захираю имконот, ислоҳи саривақтии камбудиҳо, ноил шудан ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мувофиқ ҷиҳати зиндагии шоистаи сокинони ноҳия равона  намудааст.
Зарифхӯҷа ШОҲИЁН,
раиси ноҳияи Сангвор 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 338

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед