logo

иҷтимоиёт

РАШТ. ТАТБИҚИ ҚАРОР ДАР АМАЛ

Рўзҳои наздик боз 20 оила аз маҳаллаҳои сераҳолии ноҳия барои истиқомати доимӣ ба Ҷамоати деҳоти Ясманд кўч мебандад. Ин тадбир дар доираи амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2016 – 2018» ҷараён мегирад.
Тибқи иттилои Ҳокимҷон Наимов, мудири бахши ноҳиявии Хадамоти муҳоҷират, бо ибтикори раиси ноҳия рўйхати хоҳишмандон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, айни замон лоиҳаи қарорҳо дар бораи  ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба тасвиб расонда мешаванд. Ҳамчунин, аз ҳисоби муҳоҷирони дохилии ноҳия ба ноҳияи Лахш кўч бастани10 оилаи дигар пешбинӣ ва  рўйхати онҳо ба ноҳияи қабулкунанда пешниҳод гардидааст. То имрўз 110 оила аз ноҳияи Рашт ба мавзеи Чоргули ноҳияи Лахш кўч бастааст. Аз онҳо 52 оила дар он ҷо доимӣ зиндагӣ доранд, 58 оилаи дигар сохтмони хонаҳои нави истиқоматии худро идома медиҳанд.
Дар мавзеи Ясманди ноҳияи Рашт бошад, то имрўз барои 140 оила қитъаи замин ҷудо гардидааст ва аз онҳо 80 оила алакай хона сохта иқомат доранд. Тибқи нақша, давоми солҳои 2019 - 2021 аз деҳаҳои камзамини ноҳияи Тоҷикобод низ хоҳишмандон ба Ҷамоати деҳоти Ясманд кўчонда мешаванд.
Дар доираи амалисозии тадбирҳо ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кўчондани муҳоҷирони экологӣ, ки дар минтақаҳои хавфнок ҷойгиранд» ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўйхати 12 оила, ки дар минтақаҳои хавфнок сокинанд, пешниҳод гардида, онҳо дар мавзеъҳои бехавф бо қитъаҳои замин таъмин мегарданд.
Раванди муҳоҷирати дохилӣ бо мақсади  ободсозии мавзеъҳои нав, таъмини садҳо оила  бо  манзили зист, истифодаи захираҳои зиёди меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои зисту зиндагии мардум роҳандозӣ гардидааст. Муҳоҷирати дохилӣ имкон медиҳад, ки дар мавзеъҳои Чоргул, Сартоло ва Чалғани ноҳияи Лахш ва Ясманди ноҳияи Рашт ҳазорҳо гектар заминҳои киштбоби бекорхобида тадриҷан ба гардиши кишоварзӣ дохил гарданд. Ҳамчунин, ин тадбир барои бунёди боғҳои нав, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти худӣ, сукунат дар ҷои бехавф ва фароҳам сохтани шароит ҷиҳати зиндагии шоистаи мардум мусоидат мекунад.
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 313

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед