logo

иҷтимоиёт

КАМАРИ ҲИММАТ БИБАНДЕМ

Дар ҳошияи суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, 12 майи соли равон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба масоили донишандўзӣ ва дар рўҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ тарбия намудани   наврасону ҷавонон дахл карда, иброз  доштанд, ки «Мо бояд тамоми кўшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар рўҳияи ватандўстиву худшиносӣ, омўхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд».
Воқеан, ояндаи ҳар давлату миллат дар дасти ҷавонон аст ва мо вазифадорем, ки онҳоро дар рўҳияи меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, илмомўзӣ ва андўхтани касбу ҳунар тарбия намоем. Зеро танҳо ҷавонони соҳибкасбу маълумот ва  бомаҳорат метавонанд дар  пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор бошанд. Маҳз бо дарки ҳамин маънӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, нисбати ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, барои рушду нумўи онҳо тамоми шароитҳоро муҳайё кардааст. Аз ин лиҳоз, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо, ҷавонони мамлакатро мебояд дар замоне ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, аз ин имкониятҳои фароҳамовардаи роҳбарияти олии мамлакат  самаранок истифода бурда, тамоми саъю кўшиши хешро баҳри азбар намудани илмҳои муосир равона созанд. Ҷавонон бояд дарк созанд, ки фақат бо ҳамин роҳ метавон гавҳари мақсудро ба даст овард, чунки дар тамоми давру замонҳо нафарони соҳибмаърифат қадру манзалати баланд дошта, ифтихори ҳар миллатанд. 
Ба ҳамин хотир Пешвои муаззами миллат дар ин мулоқот ба аҳли ҷомеа муроҷиат намуда, бори дигар таъкид карданд: «Миллат ҳар қадар босавод бошад, давлат низ ба ҳамон андоза тараққӣ мекунад. Дар ин кори хайр, ки ояндаи осудаву ободи Ватани маҳбубамон аз он вобаста аст, ҳар як фарди баору номуси миллат, зиёиён, падару модарон, аҳли маориф, фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот, хулоса, кулли ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд».
Пас, ҳамаи моро зарур аст, ки дар ин амали хайру савоб камари ҳиммат бибандем ва тамоми ҷидду ҷаҳдамонро барои дар амал татбиқ намудани ин таъкидҳои Сарвари давлат равона намоем. Зеро пешрафт ва рушду равнақи Ватани маҳбубамон аз ин бастагии қавӣ дорад.
Хуршеда ҲОШИМОВА,
ходими калони шуъбаи адабиёти муосири  Институти забон ва адабиёт ба номи Абуабдуллоҳи  Рўдакии АИ ҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 424

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед