logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ. ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

Дар Рўзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори  Кўҳистони Бадахшон, ки чанде пеш дар вилояти Хатлон шуда гузашт, 1200 нафар аҳли илму фарҳанги ин минтақа ширкат варзиданд. Тибқи нақша ҳар гурўҳро ба шаҳру ноҳияҳои вилоят барои вохўрӣ бо мардум ва муаррифии дастовардҳои фарҳангии Бадахшон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ тақсим намуданд. Гурўҳи 280 нафараи моро ба шаҳри Левакант фиристоданд. Тайи се рўз мо бо сокинони ин шаҳри зебо дидорбинӣ дошта, табодули афкор намудем. 

Меҳмононро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии он бо роҳбарии Санавбар Самеъзода дар даромадгоҳи шаҳр бо шукўҳу шаҳомати хосса истиқбол намуданд. Маросими истиқбол ба ҷашни воқеии дўстӣ табдил ёфт. Дастаҳои ҳунарии бахши фарҳанги шаҳр дар назди Қасри фарҳанг барномаи рангини консертиро пешкаши меҳмонон намуданд.
С. Самеъзода, раиси шаҳри Левакант, ташрифи меҳмононро ба ин шаҳри таърихию кўҳанбунёд фоли нек ва баргузории чунин рўзҳоро самараи Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсатҳои  хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд. Пасон суҳбату дидорбиниҳо паси хони густурда идома ёфт. Ростӣ, аз меҳмоннавозӣ ва самимияти левакантиҳо  хеле хушамон омад.
Рўзҳои баъдӣ мо - меҳмононро дар назди муассисаи томактабии № 1 бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос намуданд. Ҳамчунин, аз фаъолияти бонувон дар маркази атласу адрасбофии «Шоҳзамон» ва сехи дўзандагии «Мадина» дидан кардем. Шиносоӣ аз силсиланеругоҳҳои Вахш, ҶСК «Нуриҳои Осиё» ва осорхонаи овони касбомўзии Сарвари давлат дар литсейи касбии саноатӣ - кимиёвӣ ба мо, меҳмонон, рўҳу илҳоми тоза бахшид.
Дар Қасри фарҳанги шаҳр ба ҳайси ҷамъбасти рўзҳои фарҳанг «Шоми дўстӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони ҳарду ҷониб сухан ронда, аз ташкил ва баргузории чунин маҳфилҳои бошукуҳ изҳори миннатдорӣ намуданд. Аҳли адаби аз ин вохўрӣ рўҳу илҳоми тоза гирифта шеърҳои дар ин зимн эҷодкардаашонро пешкаши ҳозирин гардонданд.
Воқеан ҳам, фарҳанг пайвандгари қалбҳо мебошад. Баргузории ин гуна чорабиниҳо омили асосии мустаҳкам гардидани равобити фарҳангӣ миёни сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ва муаррифӣ намудани ҳунари якдигаранд. Мо дар баробари баргузор намудани  намоишу чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ меҳмони садҳо хонадони сокини вилояти Хатлон гардидем. Аз ҷумла, самимият ва меҳмоннавозии левакантиҳо дили мо бадахшониёнро тасхир кард. Акнун мо левакантиҳоро дар Бадахшон интизорем.
Мародбек СЎФИШОЕВ,  муовини раиси шаҳри Хоруғ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 337

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед