logo

иқтисод

МТС. ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегӣ барои натиҷагирӣ аз татбиқи барномаҳои давлатӣ  ва тадбирҳои дигари Ҳукумати кишвар  доир ба рушди истеҳсолоти ватанӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ташаккул ва инкишофи низоми истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид.

Дар ҳамоиш олимону мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ва роҳбарону масъулони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок намуда, паҳлуҳои муҳими рушди истеҳсолоти ватаниро ба риштаи таҳлил кашиданд.
Зикр  гардид, ки дар натиҷаи тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат дар гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи воридот коҳиш ёфта, ҳаҷми содироти молу маҳсулоти ватанӣ рў ба афзоиш дорад. Агар 5 сол пеш дар бахши сохтмони ҷумҳурӣ ҳаҷми зиёди семент аз кишварҳои ҳамсоя ворид мегардид,  бо афзоиш ёфтани шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ  ҳоло бозорҳои дохилӣ бо сементи ватанӣ пурра таъмин буда, қисми он ба мамлакатҳои минтақа содирот мешавад. Рушди истеҳсолоти ватанӣ, ҳамчунин, дар самти парвариши сабзавоти барвақтӣ возеҳ ба назар мерасад. Солҳои қаблӣ мавсими сармо бозору фурўшгоҳҳои ҷумҳуриро бештар сабзавоти барвақтии кишварҳои минтақа пур менамуд. Имрўзҳо дар натиҷаи фароҳам гардидани шароиту имкониятҳои мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ теъдоди гармхонаҳо дар ҷумҳурӣ афзуда, аҳолии мамлакат тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бо сабзавоти тару тозаи арзони ватанӣ таъминанд. Нишондиҳандаҳои истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда, аз ҷумла дар самти тавлиди матои пахтагин,  маҳсулоти бофандагӣ,  чарм, металлҳои сиёҳ назаррас мебошанд. Дар бозорҳои кишвар мутаносибан 80 - 90 дарсади  маҳсулоти гўшту ширӣ, нонӣ ва тухмро истеҳсолоти маҳаллӣ ташкил медиҳад.  
Бино ба гуфтаи коршиносон, таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё гувоҳӣ  медиҳад, ки  сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда яке аз моделҳои беҳтарини рушди иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии  мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020»  натиҷаҳои назарраси рушди истеҳсолӣ ба даст омаданд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 309

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед