logo

иқтисод

КЎЛОБ – ҚАЛЪАИХУМБ. ТАТБИҚИ БОЗ ЯК ЛОИҲАИ ОЯНДАСОЗ

Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кўлоб - Қалъаихумб, қитъаи Кўлоб - Шўрообод ва қитъаи Шкев - Қалъаихумб» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Араб ба маблағи 7,5 миллион динори кувайтӣ баробар ба 25,5 миллион доллари ИМА  ба тасвиб расид.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии созишномаи мазкур дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки он 20 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида,  ҳадафи асосии лоиҳа идома додани сохтмони роҳи автомобилгарди Кўлоб - Қалъаихумб мебошад. Қитъаи «А» ба масофаи 32 километр шаҳри Кўлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва қитъаи «F» ба масофаи 26 километр деҳаи Шкевро  бо шаҳраки Қалъаихумб  пайваст менамояд. Пас аз татбиқи лоиҳа хароҷоти арзиши аслии ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонӣ ба маротиб арзон, сатҳи хидматрасонӣ беҳтар  ва вақти интиқоли бор ва мусофирон ба андозаи аз 20 то 40 дарсад сарфа мегардад. Ҳамчунин, ҳаракати бехатар дар роҳҳо таъмин мешавад.
Назар ба гуфтаи вазири молия, маблағи умумии лоиҳа 115, 5 миллион долларро дар бар гирифта, аз ҷониби як қатор фондҳои арабӣ ва Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ мешавад. Ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи мазкур 10 миллион долларро дар бар мегирад.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 292

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед