logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1996, № 3, мод. 53; с. 1997, № 23-24, мод. 333; с. 2007, № 5, мод. 370) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаи «Фасли» ба калимаи «Боби» иваз карда шуда, бобҳо ва қисмҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
2. Номи Фасли 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Боби 1. Муқаррароти умумӣ»
3. Дар ном ва матни моддаи 1 калимаҳои «Вазифаи қонунҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера» ба калимаҳои «Мақсад ва вазифаи Қонуни мазкур» иваз карда шаванд.
4. Ба Қонун моддаи 11 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 11. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-атмосфера –қабати газҳое, ки заминро иҳота карда, асосан аз нитроген, оксиген ва ба миқдори кам аз гази карбонат ва озон иборат аст;
-консентратсияи ҳадди ҷоиз –миқдори моддаҳои зарарнок, ки бо меъёри қонунӣ ё аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар карда шудааст ва ба саломатии инсон, муҳити зист, олами наботот ва ҳайвонот зараровар нест;
-қабати азонӣ –қабати атмосферие, ки байни баландии 7-8 километр дар қутбҳои замин, дар экватор 17-18 километр ва дар рӯи сайёра бо зичии зиёд дар баландиҳои 20-22 километр аз сатҳи замин воқеъ гардида, шуоъи ултрабунафши барои мавҷудоти зинда ҳалокатовари кайҳониро аз худ намегузаронад.».
5. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
6. Дар моддаи 3 ва дар тамоми матни Қонун сархатҳо бо аломати дефис (-) ишора карда шуда, калимаи «байналхалқӣ» ба калимаи «байналмилалӣ», калимаҳои «қонунҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера» ба калимаҳои «қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳавои атосфера» ва калимаҳои «муҳити табии зист» ба калимаҳои «муҳити зист» иваз карда шаванд.
7. Дар қисмҳои якум, дуюм ва сеюми моддаи 8 калимаҳои «мақомоти давлатии махсус ваколатдор» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» калимаҳои «Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва калимаҳои «мақомоти давлатии оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера махсус ваколатдорро» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатиро» иваз карда шаванд.
8. Дар номи Фасли 2, ном ва матни моддаи 9 калимаҳои «вазифаҳои» ва «вазифадоранд» мутаносибан ба калимаҳои «ӯҳдадориҳои» ва «ӯҳдадоранд» ва дар сархати чоруми қисми сеюм ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «талофии» ва «талофӣ» мутаносбан ба калимаҳои «ҷуброни» ва «ҷуброн» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 10:
-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера, шахсони мансабдори онҳо ӯҳдадоранд дар кори ташкили ҳифзи ҳавои атмосфера ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамаҷониба мусоидат карда, пешниҳоду талаботи онҳоро оид ба масъалаи мазкур сари вақт баррасӣ намоянд.»;
-дар қисми сеюм калимаҳои «мувофиқи қонунҳои ҷории» ба калимаҳои «тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 11:
-қисми шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«6. Ҳангоми иҷро накардани талаботи меъёрҳои моддаи мазкур партофтани моддаҳои ифлосро ба атмосфера бояд маҳдуд карда, боздошта ва ё манъ намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (аз ҷумла корхонаҳои комплекси саноати ҳарбӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур қатъ карда шавад.»;
-дар қисми ҳаштум калимаҳои «мақомоте, ки ба ҳифзи ҳавои атмосфера назорат мебаранд» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми дуюми моддаи 13 баъди калимаи «мақомоти» калимаи «ваколатдори» илова карда шавад.
12. Дар моддаи 14:
- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки дар пешгирӣ аз таъсири зараровари садо, лазиш, майдонҳои электромагнитӣ, нурпошӣ ва дигар манбаъҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон тадбирҳои зарурӣ андешанд.»;
-дар сархати дуюми қисми панҷум калимаҳои «аэродрому аэропортҳо», ба калимаи «фурудгоҳҳо» иваз карда шаванд;
-дар қисми шашум калимаҳои «манзили истиқоматӣ» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 17:
- « -ҷумлаи якуми қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Маблағгузории барномаҳо ва тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера аз ҳисоби манбаъҳои зерин амалӣ карда мешаванд.»;
-сархати сеюми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
-«-қарзҳои (кредитҳои) бонкӣ ва грантҳо;
-дар сархати чоруми қисми якум калимаҳои «шахсони юридикию шаҳрвандон» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
-дар қисми дуюм калимаҳои «Маблағҳои пулӣ» ба калимаи «Маблағҳо» иваз карда шаванд.
14. Дар сархати сеюми моддаи 18 калимаи «авариявӣ» ба калимаи «садамавӣ» иваз карда шавад.
15. Дар қисми сеюми моддаи 19 калимаи «методикаҳое» ба калимаи «усулҳое» иваз карда шавад.
16. Дар қисми якуми моддаи 20 калимаи «методикаи» ба калимаи «усули» ва калимаҳои «мақомоти давлатии оид ба ҳифзи табиат ва тандурустӣ махсус ваколатдор» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
17. Дар қисми якуми моддаи 22 калимаҳои «мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» ба калимаҳои «Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» иваз карда шаванд.
18. Дар номи Фасли 6 калимаи «навъҳои» ба калимаи «намудҳои» иваз карда шавад.
19. Дар моддаи 26:
-дар қисми якум калимаи «Ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳо ва шаҳрвандон» ба калимаҳои «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
-дар қисми дуюм калимаи «мақомоти давлатии махсус ваколатдор» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.».
20. Дар қисми дуюми моддаи 28 калимаи «Ҳукумат» ба калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
21. Ба Қонун боби 8 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Боби 8. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера.
Моддаи 311. Принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера амалӣ намуда, принсипҳои риояи бехатарии байниҳамдигариро оид ба таъмини шароити мусоид барои зисти инсон, олами наботот ва ҳайвонот, муҳити зист мутобиқи стандартҳои байналмилалии ин соҳа ба роҳбарӣ мегирад.
«Моддаи 312. Фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.».
22. Фаслҳои 8 ва 9 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«Боби 9. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 32. Тартиби баррасии баҳсҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера
Баҳсҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд.
Моддаи 33. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».

Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 октябри соли 2009, № 557 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2009, № 1401

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 октябри соли 2009, № 686


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 696

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед