logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, мод. 69, № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод.149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7 - 8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7 - 8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, № 1 - 2, мод. 2, мод. 3, № 7 - 9, мод. 586; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018, № 1472; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018, № 1473), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 57:
- ба банди а) пас аз рақамҳои «1301,», «194,» ва «401» мувофиқан калимаҳо ва рақамҳои «моддаи 1302,», «1941, 1942, 1943, 1944, 1945,» ва «, моддаи 4011» илова карда шаванд;
- дар банди в) калимаҳои «маблағгузории терроризм» ба калимаҳои «маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.
2.  Ба  қисми  1 моддаи 1792 пас аз рақами «310» рақами «, 4011» ва пас аз калимаҳои «алоқаманд набошад» калимаҳои «ё барои маблағгузории сафари шахсони воқеӣ ба давлате, ки дар он ҷо истиқомат намекунанд ва ё шаҳрванди он нестанд, бо мақсади содир кардан, банақшагирӣ, тайёр кардан ё иштирок дар содир намудани акти (актҳои) террористӣ ва ё барои тайёр намудани террористон ё гузаштан аз чунин тайёрӣ» илова карда шаванд.
3. Ба банди 9 эзоҳи моддаи 262 пас аз калимаҳои «ҷиноятҳои дар» калимаҳо ва рақамҳои «банди а) қисми 1) моддаи 57» илова карда шаванд.
4. Моддаи 2781 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2781. Ифшо намудани иттилоот дар бораи чораҳои аз ҷониби мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешидашаванда
Аз ҷониби кормандони ташкилотҳое, ки бо маблағи пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ифшо намудани иттилоот ба муштариёни худ ё дигар шахсон дар бораи ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом додани иттилоот оид ба чораҳое, ки барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд, агар чунин кирдор дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,-
бо ҷарима ба маблағи аз чорсад то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.».
5. Моддаи 397 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 397. Муомилоти ғайриқонунӣ ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
1) Ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол кардан ё соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, ирсол ва ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин, намуди дигари силоҳи қатли оми бо шартномаҳои байналмилалӣ манъшуда, ҳамчунин, ба ҳар давлати дорои силоҳи зарравӣ набуда додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоҳи қатли ом истифода гардад ва ё ба ягон шахс додани намудҳои дигари силоҳи қатли ом ё қисматҳои зарурии истеҳсоли он, ки бо шартномаҳои байналмилалӣ манъ гардидаанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.
2) Бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он ки ин воситаҳо барои ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, ирсол ва ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин, намуди дигари силоҳи қатли оми бо шартномаҳои байналмилалӣ манъшуда, ҳамчунин, ба ҳар давлати дорои силоҳи зарравӣ набуда додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоҳи қатли ом истифода гардад ва ё ба ягон шахс додани намудҳои дигари силоҳи қатли ом ё қисматҳои зарурии истеҳсоли он, ки бо шартномаҳои байналмилалӣ манъ гардидаанд, истифода мегарданд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳое, ки дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда содир шуда бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд.
4) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:
а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Зери мафҳуми «воситаҳо» дар моддаи мазкур ҳар навъ дороиҳои ламсшаванда ё ламснашаванда, манқул ё ғайриманқул, новобаста аз тарзи ба даст овардани онҳо, ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё санадҳо дар ҳар шакл, аз он ҷумла электронӣ ва рақамӣ, ки ҳуқуқ ба чунин дороиҳо ва ё иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, инчунин, кредитҳои бонкӣ, чекҳои сафарӣ ва бонкӣ, интиқолоти почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, вомбаргҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо фаҳмида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1515

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 21 феврали соли 2018, № 1015

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 524


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 1904

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед