logo

иҷтимоиёт

ХАТСАЙРИ ХУҶАНД – ТОШКАНД. ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

Моҳи марти соли ҷорӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишварамон сурат гирифт. Ин сафар дар таърихи муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи наверо боз намуд. Дар рафти ин сафар як қатор созишномаҳои муҳим ба имзо расиданд, ки имрӯз мо ба рафти амалӣ шудани онҳо шоҳид гардида истодаем.
Дар ҳамин доира хабари фаъол гардидани хатсайри Хуҷанд – Тошкандро мо дар Душанбе шунидем. Гурӯҳи калони журналистонро барои инъикоси рафти сафар ҳамчун мусофирони нахустин ба шаҳри Хуҷанд даъват намуданд. Рӯзи 14 май намояндагони гурӯҳи тоҷикистонии Ширкати саҳомии пӯшидаи холдингии Осиё («Азиан эйшн экспресс») моро дар Терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе пешвоз гирифтанд. Дар рафти вохӯрӣ  директори ширкат Султон Камолов ба мо иттилоъ дод, ки хизматрасониро аз ҷониби Тоҷикистон корхонаи мазкур ва аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкати «Манзара туризм» амалӣ хоҳанд кард. Бо ин мақсад ширкати «Эйшн экспресс» ду автобуси ба талаботи стандартҳои хатсайрҳои байналмилалӣ мутобиқро ҷудо намуд. Мо тавассути ин автобусҳо озими шаҳри Хуҷанд гардидем.
Рӯзи дигар бо аҳли зиёи шаҳри Хуҷанд дар Терминали мусофиркашонии «Роҳи абрешим» - и оросташуда нахустин мусофирони хатсайри Тошканд – Хуҷандро пешвоз гирифтем. Таҳти навоҳои карнайю сурнай меҳмонон аз мусофиркаш фуруд омаданд. Раҳматзода Рустам, муовини аввали раиси вилояти Суғд, меҳмононро ба сарзамини  тоҷикон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки иқдоми мазкур маҳз ба шарофати сулҳу субот ва ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат ҷиҳати пешрафти он амалӣ гардида истодааст. «Хатсайр дар ҳудуди кишвари мо тавассути шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ амалӣ мегардад, ки пурра ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Яъне мо барои пиёда намудани чунин амалҳо дер боз омодагии ҷиддӣ мегирифтем», - иброз дошт Рустам Раҳматзода. Роҳбари ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аброр Исоев аз дурнамои муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳоямон сухан ронда, гуфт, ки дар ояндаи наздик имкони амалӣ намудани хатсайрҳои мусофиркашонӣ миёни Хуҷанд ва шаҳру навоҳии вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар назар аст. А. Исоев, ҳамчунин, тазаккур дод, ки 10 гузаргоҳи доимо-амалкунандаи байнисарҳадии мо тамоми имконро дорад, ки ҳаракати бемамониат ва бехатарии шаҳрвандонро таъмин намуда, дар рушди туризм низ имкониятҳои нав фароҳам орад.
Фаррух Неъматзода, сардори раёсати нақлиёти заминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иброз дошт, ки амали мазкур на танҳо дар мас-ъалаи кашондани мусофирон заминаи муҳимро фароҳам меорад, балки дар оянда ташкил намудани раванди бемайлони боркашониро низ миёни ду кишвар имконпазир мегардонад.
Корманди масъули «Роҳи абрешим» Назармуҳаммад Холов иттилоъ дод, ки дарозии хатсайр 175 километрро ташкил дода, вақти сафар бо назардошти гузаштан аз гузаргоҳи наздисарҳадӣ 4 соатро ташкил медиҳад. «Роҳкиро 50 сомонӣ бо асъори миллии мо ва 50 000 сӯм бо асъори кишвари ҳамсоя муқаррар шудааст. Айни ҳол ҳар рӯз мусофирон ду маротиба – соатҳои 8 – 00 ва 12 – 00 аз шаҳри Хуҷанд ба Тошканд сафар карда метавонанд», - гуфт дар идомаи суҳбат Н. Холов. Сардори шуъбаи истифодабарии нақлиёти мусофиркашонии ширкати «Эйшн экспресс» Тоҷиддин Шарифов ба суоли хабарнигорон ҷиҳати нақшаҳои минбаъдаи ширкат посух дода, гуфт, ки дар рӯзҳои наздик фаъол намудани се хатсайри дигар:  Душанбе – Тирмиз, Душанбе – Деҳнав ва Панҷакент – Самарқанд дар назар аст.
Ташрифи нахустин мусофирони ӯзбек ба кишвари мо ба ҷашни дӯстӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт. Меҳмонон аз Қасри Арбоб ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан карда, дар Боғи Хоҷа Камол сайругашт намуданд. Барномаи фарҳангии барояшон омодашуда писанди хотирашон шуд. Рӯзи 16 май нахустин мусофирони тоҷик озими шаҳри Тошканд гардиданд. Мусофирон аз ин воқеаи хурсандибахш шоду фарҳаманд буданд. Яке аз онҳо иброз дошт, ки «то ин дам хатсайри муайян надоштем, дар гузаргоҳҳо бо мушкилоти зиёде вобаста ба ҳамлу нақли бор ва рафти сафар мувоҷеҳ мегардидем. Акнун як воситаи нақлиёт моро ба ҷойи даркориамон бурда мерасонад». Дар нуқтаи байнисарҳадии «Фатҳобод» моро сарҳадчиёни кишварамон бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд. Маълум гардид, ки барои бемамониат гузаштани мусофирон,  нақлиёти мусофиркашу боркаш дар ҳар ду нуқтаи сарҳадӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Масъулиятшиносӣ ва муомилаи хуби кормандони нуқтаҳои байнисарҳадии ҷонибҳо моро хурсанд кард. Ҳар чизе, ки аз он сӯйи марз медидем, барои мо нав буд. Аз чеҳраи мардум маълум гардид, ки онҳо низ чун мо ҳаяҷонзадаанд. Ин лаҳза ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам зудуда нахоҳад шуд: дар яке аз гардишҳои наздики шаҳри Тошканд, ҳине, ки мо интизори равшан шудани чашмаки сабзи чароғаки роҳнамо будем, чашмам ба ҷавонзане афтод, ки фарзанди хурдсолашро дар бағал дошту бо дасти холиаш дастакони ду тифлаки дигарашро медошт. Чун чашмаш ба навиштаҷоти мусофиркаши мо афтод, аввал бовар накард. «Хужанд, Тожикистон?», - гуфта пурсиданашро ҳама шунидем. Мусофирони даруни автобус буда бо ишораи сар ин ҳақиқатро тасдиқ намуда, ба сӯйи зан даст афшонданд. Аввал чашмонаш барқ зада рӯшан шуданду пасон аз хушнудӣ ғарқи об гардиданд.
Чун имкони ба мо даст афшондан надошт, аз ғояти шодӣ сар меҷунбонду халос. Тамоми роҳ моро мардум ҳамин гуна пешвоз мегирифт. Ҳатто деҳқонони дар саҳро машғули кор навиштаҷоти мусофиркаши моро хонда бо ҳиссу ҳаяҷони баланд даст меафшонданду гули табассум дар чеҳраашон мешукуфт.
Аз қадамҳои нахустини ба Тошканд гузоштаамон мо зуд ҳамнабзи ин шаҳри муҳташам гардидем. Роҳҳои васею сермошин, биноҳои сар ба фалк кашида ва мардуми ҳамеша дар такопӯи он моро мафтун сохт. Терминали мусофиркашонии Тошканд низ он рӯз қабои идона ба бар карда буд. Мардуми зиёде барои хайрамақдам гуфтани дӯстони тоҷикашон ҷамъ омада буданд. Баробари намоён шудани мусофиркаши мо садои карнайю сурнай баланд гардид. Дӯстони ӯзбек бо нону намак ва рақсу суруд моро пешвоз гирифтанд. Садои ханда ва нидоҳои хурсандӣ дар фазои терминал доман паҳн карданд. Ҳашамат ва аз ҳама муҳимаш фазои дӯстонаи ҳамоиши дӯстонаро наметавон бо қалам тасвир кард. Шарофат Эрматова, раиси Маркази миллии тоҷикони Ӯзбекистон, қудуми  бародарону хоҳарони тоҷикашро ба кишварашон муборак шумурда, онро фоли нек ва қадами ҷиддӣ дар таҳкими дӯстӣ миёни халқҳои тоҷику ӯзбек шумурд. Санъатшиноси машҳури ӯзбек Светлана Саидзода Саъдӣ аз солҳои донишҷӯияш дар шаҳри Хуҷанд ёд меоварду хабарнигори рӯзномаи «Халқ овози» Ӯринбой Усмонов дар Тошканд таҳсил карданашро ёд мекард. Дар ҳамоиш зикр гардид, ки миёни 130 миллату қавмиятҳои Ӯзбекистон тоҷикон мақоми хос доранд. Махсусан, саҳми онҳо дар рушди санъат ва адабиёти ӯзбек назаррас аст.
Дар тамоми сафар ҳамқаламонамон аз рӯзномаи машҳури «Овози тоҷик» моро ҳамроҳӣ намуданд. Аз онҳо фаҳмидем, ки имрӯз дар Ӯзбекистон 245 мактаби тоҷикӣ ва садҳо мактабҳои дигари таҳсилашон бо забонҳои ӯзбекию тоҷикӣ амал менамоянд. Дар се донишгоҳи бонуфузи кишвар – донишгоҳҳои Фарғона, Самарқанд ва Тирмиз факултетҳои филологияи тоҷик ва гурӯҳҳои тоҷикӣ дар факултаҳои дигар амал менамоянд. Телевизиони Ӯзбекистон ҳар ҳафта барномаеро таҳти унвони «Рангинкамон» бо забони тоҷикӣ таҳия ва пахш месозад. Ҳамчунин, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии тоҷикӣ дар вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Сирдарё ва Фарғона амал менамоянд.
Тамошои шаҳри Тошканд ва ҷойҳои таърихии он, махсусан мадрасаи «Мири муборак», то дер гоҳ дар хотири меҳмонон нақш хоҳад баст.
Рӯзи дигар, вақте ки мо озими Душанбе гардидем, хабари ба роҳ баромадани боз як мусофиркаш ба ҷониби Тошканд ба мо расид. Яъне, аз 17 май хатсайр ба таври доимӣ амал менамояд. Кормандони ширкати «Эйшн экспресс» ба мо хабар расонданд, ки барои як ҳафтаи дигар чиптаҳо фурӯхта шудаанд.  Мо, мусофирони нахустини самти Хуҷанд – Тошканд ва Тошканд – Хуҷанд ба дигар мусофирон роҳи сафед хоста, ба идомаи муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳоямон эътимоди қавӣ бастем.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»
Душанбе – Хуҷанд – Тошканд - Хуҷанд - Душанбе   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2018    №: 102    Мутолиа карданд: 226

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед