logo

иқтисод

ПАНҶАКЕНТ. ЗАМИНҲОИ НАВ ДАР СОҲИЛИ ЗАРАФШОН

Рӯди Зарафшон аз дарёҳои Фон, Мастчоҳ, Рӯзрӯд, ҷӯю чашмасори зиёд сарчашмаю неру гирифта, асрҳо боз ҷониби Бухоро ҷорист ва раҳораҳ ҳазорҳо гектар киштаҳои соҳилнишинонро дар ду мамлакати ҳамсоя шодоб мекунад. Аммо ин рӯд шӯхи саркаш аст ва хосса, баҳорон хисороти зиёде оварда метавонад. Барои пешгирии обхезӣ, ҳимояи  киштаҳо ва соҳилбандӣ маблағҳои зиёде масраф мешаванд. Ҳоло дар ду соҳили Зарафшон дар ҳудуди шаҳри Панҷакент қариб 5 ҳазор гектар замин мавҷуд аст, ки дар сурати истеҳкоми соҳили дарё калонтарин минтақаи истеҳсоли шолӣ дар мамлакат буда метавонад.

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои кушодани заминҳои нав дар  соҳили рӯд ду сол боз корро идома доданд. Аввалин 50 гектар замин барои кишт омода гардид. Дар деҳаҳои Майкада Роҷ ва Равот бо идомаи корҳои соҳилбандӣ даҳҳо гектарро барои кишти шолӣ омода месозанд.
Чунин майдони фарох, ки беш аз 300 гектар масоҳат дорад, дар соҳили дарё - канори деҳаи Ғӯсар низ мавҷуд аст. Соҳилбандии дарё дар масофаи чорсад метр имконият медиҳад, ки беш аз 60 гектар замин дар оянда мавриди истифода қарор гирад. Ҳангоми камобии дарё маҷрои онро аз соҳили чап дуртар бурданд ва то имрӯз дар масофаи чорсад метр аз сангу шағал садде бино карданд, ки се метр баландӣ ва 12 метр паҳноӣ дорад. Девори дутабақаи сангинро 1,5 метр поинтар аз умқи дарё бардошта, бо симтӯр пӯшонданд. Барои ин кор ҳазору дусад метри мураббаъ симтӯр сарф шуд. Дар ду ҷои ин сангар садди обшикан низ сохтаанд, то фишори мавҷи дарё ба деворҳои сангӣ бархӯрда, коҳиш ёбад.
Беш аз 60 гектар замини паси ин сангар ояндаи наздик ба боғ ва шолизор табдил хоҳад ёфт.
Т. СОЛЕҲЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2018    №: 102    Мутолиа карданд: 273

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед