logo

фарҳанг

ҲУНАР ТАРҒИБГАРИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ

Ҳадаф аз эълон гардидани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар навбати аввал тараққӣ додани соҳаи номбурда ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори он мебошад.

Муссалам аст, ки ҳунар ва ҳунармандӣ маҳсули неруи зеҳнию дастии инсон буда, таҷассуми табиату шинохти ҳар як маҳалу гузари кишварамон мебошад. Ҳунарҳои мардумӣ натиҷаи завқу зебоишинохтии устоҳои хушзеҳн буда, бо мурури вақт қимати он болотар меравад.
Боиси ифтихормандист, ки дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик ҳунару ҳунармандӣ меросӣ буда, аз насл ба наслу аз аср ба аср гузашта, авҷ ёфтааст. Дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия аз замонҳои гузашта ҳунармандони зиёде аз қабили заргару зардӯзон, оҳангару мисгарон, кулолгару кандакорон, наққошон, чармгарон, косибону бофандагон зиндагӣ карда, фаъолият доштанд. Намунаҳои маҳсули дастони онҳо Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаи ноҳияро ғанитар гардонда, барои сайёҳони дохилию хориҷӣ макони ошноӣ бо тамаддуни халқамон гардидааст.
Солҳои қаблӣ мардуми аксари деҳаҳои ноҳия устоҳои касбу кори гуногун буданд. Онҳо дар манзилҳои истиқоматии худ дукону дастгоҳҳои корӣ муҳайё мекарданд, касбу кори худро ривоҷ дода, ҳам мардумро бо маҳсулот таъмин ва ҳам сатҳи зисту зиндагии худро беҳтар менамуданд. Дар ҳама давру замонҳо модарон ба духтаронашон дӯхтану бофтан, кадбонугӣ ва дигар ҳунарҳоро меомӯзонданд. Духтарон ба ҳамсари ояндаи худ ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат дастрӯймол, миёнбанд ва тоқии чакан тақдим намуда, бо ин васила ҳунарманд будани худро собит месохтанд.
- Ҳунар зеби зан аст, агар духтар дӯхтану бофтанро уҳда накунад, айб аст, - мегӯяд сокини ҳаштодсолаи деҳаи Савдаи Ҷамоати деҳоти Кангурт момаи Гулхумор. Дигар ҳунармандон аз қабили Дастагул, Шарифа, Ҳомия бо ӯ ҳамақида буда, дар риштабофию рангмолӣ, танидани мӯина ва коркарди пашму абрешим ҳамто надоранд. Намадҳои гулпартоӣ кардаи онҳо дар аксари хонадони мардуми деҳот мавҷуд аст. Касоне, ки ба аспу аспдорӣ шавқу рағбат доранд, аз ранги тайёркардаи бонувон барои аспони худ миёнбанд, пуштангу қӯши зин, лаҷом гулбандӣ мекунанд. Хусусан, гилемҳои аз пашми буз бофтаи Шарифахола ва ҳампешагони ӯ ҷолиб буда, миёни сайёҳҳони дохилию хориҷӣ харидорони бешумор доранд.
Дар байни сокинони ноҳия то имрӯз номҳои устоҳои моҳир, ба монанди усто Саид, усто Ибод, усто Ҷангал, усто Шароф, усто Мирзомуддин, усто Мирзошариф, Ҳамиди чармгар, Мирҳукматуллои кулол, кӯзагарон Зуҳро, Зебо, Иззатбӣ, Сухан ва дигарон, ки бо оҳангарию пойафзолдӯзӣ ва кулолгарӣ машғул буданд, бо ифтихор ёдоварӣ мегарданд. Хушбахтона, алҳол кори онҳоро пайвандону шогирдонашон идома дода истодаанд.
Раванди ба роҳ мондани корҳои хонагӣ пас аз иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҷрои тоза гирифт. Садҳо нафар ҳунармандон ба ривоҷу равнақи корҳои хонагӣ бо дилгармӣ ва рӯҳбаландии зиёд дубора рӯ оварданд. Усто Музаффар, усто Файзиддин, усто Файзулло, усто Мирзо, усто Абдулҳай, усто Эмом ва дигарон ба оҳангарӣ, дуредгарӣ, чӯбтарошӣ, табақтарошӣ ва ғайра машғул буда, эҳтиёҷоти мардумро ба маҳсулоти гуногун таъмин менамоянд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик тадбирҳои зиёдеро дар ин роҳ амалӣ намуд. Дар ноҳия Маркази ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуд, ки он ҳамоҳангсози 26 адад чунин марказҳои ҳунарӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо  мақсади ҳунаромӯзии духтарону ҷавонписарон як қатор  корҳои судманд анҷом пазируфтанд. Дар маркази ноҳия синфхонаи муҷаҳҳазгардондашудаи корҳои кафшергарӣ ташкил шуд. Бо ҳамин тартиб, Маркази таълимӣ - истеҳсолии адрасбофию дӯзандагӣ фаъолият дорад, ки дар он зиёда аз 30 духтар машғули корҳои истеҳсолианд. Ҷиҳати ба ҳунармандӣ ҷалб намудани бонувони музофот низ ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо дастгоҳҳои адрасбофӣ таъмин шудаанд.
Иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати аз 1 январи соли 2018 аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардани фурӯши молҳои ниёзи мардум, ки дар хона истеҳсол мешаванд, ҳавасмандии ҳунармандони хонакори ноҳияи Темурмаликро низ ба маротиб афзун гардонд.
Рухшона ТАЛБАКЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Темурмалик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2018    №: 102    Мутолиа карданд: 325

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед