logo

фарҳанг

АЙНӢ. ҶОЙГОҲИ ФАРЗОНАФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ ДАР АДАБИЁТИ ҶАҲОНӢ

Устод Садриддин Айнӣ туфайли эҷоди асарҳои барҷастааш шуҳрати ҷаҳониро соҳиб гашт. Ӯро хуб мешинохтанд ва асарҳояшро, ки ба забонҳои гуногун тарҷума шуда буданд, бо шавқ мутолиа мекарданд.
«Франсузҳо, ворисони адабиёти бузурги Франсия ба қарибӣ бо забони модарии худ асари асосгузори адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ «Марги судхӯр»-ро, ки дар саҳифаҳои газетаи «Юманите» нашр гардида буд, хонданд» (Маҷаллаи «Тоҷикистон», № 10, соли 1958, саҳ. 8).
Дигар шоҳасари устод Садриддин Айнӣ «Ёддоштҳо» хонандагони зиёде дошта, дар доираи адабиёти ҷаҳонӣ мавқеи хосса дорад. Ҳанӯз соли 1958 нашриёти «Туҳфа» - и Байрут «Ёддоштҳо» - и классики адабиёти советии тоҷик Садриддин Айниро аз чоп баровард. Тарҷумаи ин асар ба қалами Аҳмад Абу Саид тааллуқ дорад. Дар маҷаллаи «Ал - адиб» - и Лубнон доир ба асари устод Айнӣ тақриз чоп мешавад.
«Ёддоштҳо», - гуфта мешавад дар он, - асари барҷастаи адабист. Ин асар аз ҳаёти худи нависанда дида, бештар зиндагии халқро, ки ҳафтод-ҳаштод сол пеш буд, инъикос мекунад».
Муаллифи тақриз аҳамияти умумиҷаҳонӣ доштани «Ёддоштҳо» - ро таъкид намуда, онро чунин баҳогузорӣ кардааст: «Номи Айнӣ асрҳо зинда хоҳад монд. Эҷодиёти ӯ адабиёти ҳақиқӣ мебошад. Асарҳои ӯ то ба қуллаи адабиёти ҷаҳонӣ расидаанд».
Бо қарори ЮНЕСКО соли 1978 садсолагии сардафтари адабиёти навини тоҷик Садриддин Айниро ҷашн гирифтанд. Ба ин муносибат аз ҷониби Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ корҳои зиёди тарғиботӣ анҷом дода шуд. Мувофиқи дархости дӯстони хориҷӣ ҷамъият оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод Айнӣ ба 59 давлати хориҷӣ маводи чопӣ фиристод. Инчунин, дар варақаи иттилоотии Ҷамъият - «Тоҷикистон», ки бо 5 забон (русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ ва форсӣ) нашр мешуд, доир ба фаъолияти устод мақолаҳо чоп карда, якҷо бо маҷмӯи аксҳо ба 50 кишвари олам интиқол ёфт.
Нависандаи ӯзбек Комил Яшин нигоштааст, ки Садриддин Айнӣ ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ низ қувваю ғайрати зиёд сарф кардааст. Очеркҳои адабии бахшида ба ҳаёту фаъолияти Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Восифӣ, Бедил симои ин бузургонро ҳамаҷониба кушода додаанд. (Рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», ҳоло «Ҷумҳурият») № 241, 13 октябри соли 1968).
Бо муаррифӣ кардани симои чунин шахсиятҳои бузург ва туфайли заҳмати пурсамар боқӣ гузоштани осори зиёди илмию бадеӣ устод Айнӣ, барҳақ, шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудаанд.
Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2018    №: 102    Мутолиа карданд: 233

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед